Моддаи 44-и Кодекси Андоз. Амалҳои мақомоти андоз оид ба баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо
- Мақомоти андоз маълумоти ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда (агенти андоз), маълумоти аз мақоми ваколатдор гирифташуда, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумотро дар бораи фаъолияти андозсупоранда таҳлил менамоянд.
- Натиҷаҳои чунин таҳлилро мақомоти андоз барои муайян намудани дараҷаи хавф, ошкор намудани номгўи андозсупорандагони бемасъулият, пурзўр намудани назорат аз болои андозсупорандагони бемасъулият ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулият истифода мебаранд.
- Номгўи андозсупорандагони бемасъулият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад. Номи (номгўи) андозсупорандаи бемасъулият аз ин номгў пас аз ислоҳи вайронкунии роҳдодааш ва (ё) пешниҳод шудани далелҳои асоснок хориҷ карда мешавад.
- Шахсоне, ки ба рўйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда нашудаанд, андозсупорандагони бомасъулият ҳисобида мешаванд.