Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 43-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Системаи идоракунии хавфҳо ба баҳо додани хавфҳо асос ёфта, чораҳоеро дар бар мегирад, ки мақомоти андоз бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани хавфи вайронкунии қонугузории андоз таҳия ва (ё) татбиқ менамоянд. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо мақомоти андоз метавонанд шаклҳои мухталифи назорати андозро истифода баранд.
  2. Хавф – эҳтимолияти аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) иҷро накардан ва (ё) ба пуррагӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои андоз, ки метавонистанд ва (ё) метавонанд ба давлат зарар расонанд.
  3. Мақсадҳои аз ҷониби мақомоти андоз татбиқ гардидани системаи идоракунии хавфҳо инҳо мебошанд:

-ҷалб намудани диққат ба соҳаҳои дорои хавфи баланд ва таъмини истифодаи нисбатан самараноки захираҳои дар ихтиёр дошта;

– зиёд намудани имкониятҳои вобаста ба ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи андозбандӣ.

  1. Системаи идоракунии хавфҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати андоз, аз ҷумла бо мақсади интихоби андозсупорандагон (агентҳои андоз) барои гузаронидани санҷишҳои андоз истифода мешавад.
  2. Системаи идоракунии хавфҳо метавонад бо истифода аз системаи иттилоотии идоракунии хавфҳо амалӣ карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …