Моддаи 42-и Кодекси Андоз. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор
Иҷрои талаботи қонунгузории андоз оид ба баҳисобгирии объектҳои андоз, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супорандагон, ҳисоби дуруст, пурра ситонидан ва сари вақт ба буҷет гузаронидани андозҳо (боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ), ҷаримаҳо ва фоизҳои вобаста ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор таҳти назорати мақоми ваколатдори давлатӣ қарор дода мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)