Главная / Ҷамъият / Назорати андоз оид ба истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Назорати андоз оид ба истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Моддаи 39-и Кодекси Андоз. Назорати андоз оид ба риояи тартиби татбиқ ва истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ

  1. Мақомоти андоз:

-назорати риояи тартиби истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ, инчунин истифодаи дафтари сабти  қайди маблағҳои пулии нақд ва дафтари сабти расидҳо (квитансияҳо) ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъиро, ки шаклҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, амалӣ менамоянд;

-ҳангоми гузаронидани назорати андоз нишондиҳандаҳои дар блоки хотираи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ мавҷудбударо истифода мебаранд;

-пешниҳоди нишондиҳандаҳои мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро дар баробари пешниҳоди эъломияҳои андоз ва дигар шакли ҳисоботи андоз талаб менамоянд;

-феҳристи ҷойгиршавӣ ва истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро барои ҳар шаҳр (ноҳия) пеш мебаранд.

  1. Андозсупорандагон ўҳдадоранд дар ҷойи барои харидор (муштарӣ) дастрас низоми (вақти) корӣ ва нархномаҳоро барои молҳои фурўхташаванда (корҳои иҷрошаванда ва хизматрасониҳо) бо пули миллӣ овезанд.
  2. Хариди назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва ба харидорон додани чекҳо анҷом дода мешавад. Тартиби гузаронидани хариди назоратиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …