Главная / Ҷамъият / Ба охир расидани санҷиши андоз

Ба охир расидани санҷиши андоз

Моддаи 35-и Кодекси Андоз. Ба охир расидани санҷиши андоз

  1. Баъди ба охир расидани санҷиши андоз кормандони мақомоти андоз санади санҷиши андозро тартиб медиҳанд, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  2. Андозсупорандае, ки дар давраи санҷиши андоз бо талаби санҷишкунанда ҳуҷҷатҳои барои муайян намудани объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд зарурро пешниҳод накардааст, ўҳдадор аст сабабҳои пешниҳод накардани ин ҳуҷҷатҳоро ба таври хаттӣ шарҳ диҳад.
  3. Ба охир расидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз рўзи ба андозсупоранда супоридани санади санҷиши андоз ё дар ҳолати даст кашидани андозсупоранда аз қабули санади санҷиши андоз, санаи ба ў фиристодани санади санҷиши андоз бо мактуби фармоишии дорои огоҳинома ба ҳисоб меравад.
  4. Агар баъди ба охир расидани санҷиши андоз вайронкунии қонунгузории андоз муқаррар нашавад, дар санади санҷиши андоз дар ин хусус қайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Ба санади санҷиши андоз нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳисобҳои анҷомдодаи корманди мақомоти андоз ва дигар маводи дар рафти санҷиши андоз гирифташуда замима мегарданд.
  6. Санади санҷиши андоз ба миқдори на камтар аз ду нусха тартиб дода шуда, онро кормандони мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд ва андозсупоранда имзо менамоянд. Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дода мешавад.
  7. Ҳангоми гирифтани санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадор аст дар нусхаи дигари санад дар хусуси гирифтани он қайд кунад ва имзои худро гузорад. Ҳамзамон имзои андозсупоранда маънои онро надорад, ки ў бо санади санҷиш розӣ аст, ва ҳуқуқи андозсупорандаро ба шикоят кардан аз болои қарорҳо ва амалҳои (беамалии) ин корманди мақомоти андоз маҳдуд намекунад. Дар ҳолати даст кашидани андозсупоранда (агенти андоз) аз қабул ва (ё) имзои санади санҷиши андоз, дар ин хусус дар худи санад қайд карда мешавад. Дар ин ҳолат санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) бо мактуби фармоишии дорои огоҳинома фиристода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …