Главная / Ҷамъият / Дастрасии кормандони мақомоти андоз

Дастрасии кормандони мақомоти андоз

Моддаи 34-и Кодекси Андоз. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз

  1. Андозсупоранда ўҳдадор аст, ки барои ворид шудани кормандони мақомоти андози санҷиши андозро гузаронанда ҷиҳати муоина ба ҳудуд ё бинои (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ) барои гирифтани даромад истифодашаванда ё ба объекти андозбандӣ ва объекти бо андозбандӣ алоқаманд, иҷозат диҳад.
  2. Дар сурати монеъ шудан ба ворид шудани кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд, ба ҳудуди номбаршуда ё ба объекти андозбандӣ ё объекти бо андозбандӣ алоқаманд ё ба дигар биноҳо (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ) протокол тартиб дода мешавад.
  3. Протоколро кормандони мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронанд ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо менамоянд. Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз имзо кардани протоколи мазкур даст кашад, санҷишгар дар протокол оид ба даст кашидани андозсупоранда аз имзо қайд мегузорад.
  4. Кормандони мақомоти андоз бояд бо худ иҷозати махсус дошта бошанд, агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуд ва (ё) бинои андозсупоранда он зарур бошад.
  5. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба ворид шудани кормандони мақомоти андоз ба ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар:

-талаботи моддаҳои 31 ва 33 Кодекси мазкур риоя карда нашаванд;

-мўҳлатҳои санҷиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошанд ё гузашта бошанд;

-ҳамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд;

-кормандонимақомоти андоз иҷозати дахлдори махсуси махфиятро, ки барои даромадан ба ҳудуд ё бинои андозсупоранда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, ҳамроҳи худ надошта бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …