Главная / Ҷамъият / Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз

Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз

Моддаи 30-и Кодекси Андоз. Давомнокӣ ва вақти гузаронидани санҷишҳои андоз

  1. Мўҳлати гузаронидани санҷишҳои андози дар амрномаи додашуда зикршаванда набояд аз лаҳзаи пешниҳоди амрнома аз 30 рўзи корӣ зиёд бошад, агар дар ҳамин модда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  2. Мўҳлати гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии андоз барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд ва ғайрирезидентҳое, ки фаъолияташонро ба воситаи муассисаҳои доимӣ амалӣ менамоянд, дар сурати мавҷуд будани зиёда аз як маҳалли ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои андозсупорандагоне, ки дар баҳисобгирии нозироти андози андозсупорандагони калон қарор доранд, аз 60 рўзи корӣ зиёд буда наметавонад. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад мўҳлати санҷиши ҳуҷҷатии андозроба мўҳлати то 30 рўзи корӣ дароз намояд.
  3. Мўҳлати гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии андози андозсупорандае, ки субъекти соҳибкории хурд мебошад, набояд аз 10 рўзи корӣ зиёд бошад.
  4. Мўҳлати гузаронидани санҷиши амалиётӣ наметавонад аз 15 рўзи корӣ зиёд бошад. Санҷиши амалиётӣ нисбат ба андозсупорандаи алоҳида набояд аз чор соати корӣ зиёд давом кунад.
  5. Ҷараёни мўҳлати гузаронидани санҷиши андоз дар фосилаи байни лаҳзаҳои ба андозсупоранда пешниҳод намудани талабнома оид ба пешкаш намудани ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабшуда аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатҳо, инчунин дар фосилаи қабули маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз шахсони сеюм бо дархости мақоми андоз боздошта мешавад. Боздоштан ва барқарор намудани ҷараёни мўҳлати гузаронидани санҷиши андоз дар дафтари бақайдгирии санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор ва дар амрнома барои гузаронидани санҷиш қайд карда мешавад. Мўҳлати боздоштан ба мўҳлати санҷиши андоз дохил карда намешавад.
  6. Санҷиши андоз метавонад танҳо дар вақти корӣ ва рўзҳои кории муқарраршуда гузаронида шавад. Дар ҳолати амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсол ва (ё) фурўши молҳо, корҳо, хизматрасонӣ) дар вақти дигар, санҷиши андоз инчунин метавонад дар ин вақт гузаронида шавад. Агар вақти кории мақомоти андоз ва андозсупоранда мувофиқ набошад, санҷиши андоз метавонад дар вақти кории андозсупоранда гузаронида шавад.
  7. Мақомоти андоз дар субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияти онҳо хусусияти мавсимӣ дорад, дар чунин ҳолатҳо санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозро гузаронида наметавонанд:

-дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими киштукор аз 1-уми апрел то 1-уми июн ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз 1-уми август то 1-уми ноябри соли тақвимӣ;

-дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти зудвайроншавандаи меваю сабзавот) аз 20-уми июн то 20-уми октябри соли тақвимӣ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …