Моддаи 29-и Кодекси Андоз. Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз
- Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:
-нақшавӣ – санҷишҳои маҷмўии ҳуҷҷатии андоз, ки тибқи нақшаи гузаронидани санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Нақшаи санҷишҳои андоз дар асоси баҳодиҳии хавфи вайрон кардани қонунгузории андоз, таҳлили маълумотҳои дар ҳисоботҳои аз ҷониби андозсупоранда пешниҳодшуда, иттилооти мақомоти ваколатдор, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо ва иттилоот дар бораи фаъолияти андозсупоранда тартиб дода мешавад;
-ғайринақшавӣ – санҷишҳои маҷмўии ҳуҷҷатии андозе, ки дар сархати якуми ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд.
- Санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андоз аз фурўши алюминий аввалия) дар давраи соли тақвимии гузашта бештар аз 15 миллион сомонӣ мебошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
- Санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумиашон дар соли тақвимии гузашта аз 15 миллион сомонӣ кам мебошад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронида мешаванд.
- Санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми соддакардашуда мебошад, танҳо пас аз сипарӣ шудани 24 моҳи пурраи тақвимӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии он амалӣ мегардад.
- Агар субъектҳои соҳибкории хурди дар қисми 4 ҳамин моддапешбинишуда то гузаштани мўҳлати пешбинигардида ба рўйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шаванд, азнавташкил карда шаванд ё барҳам дода шаванд, фаъолияти онҳо бояд мавриди санҷиши маҷмўии ҳуҷҷатии ғайринақшавӣ қарор дода шавад.
- Санҷишҳои амалиётӣ бо қарори роҳбарони мақомоти андоз аз рўи зарурат гузаронида мешаванд.
- Санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз аз рўи давраҳои баохиррасидаи андозӣ гузаронида мешаванд, ба истиснои санҷишҳои андози барҳамдиҳӣ, ки ба барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани фаъолияти муассисаи доимии ғайрирезидент ё қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста мебошанд. Агар нисбат ба давраи барои гузаронидани санҷиш банақшагирифташуда санҷиши маҷмўии андози андозсупоранда гузаронида шуда бошад, пас дар ин ҳолат санҷиши мавзўии ин давра гузаронида намешавад.
- Санҷиши ғайринақшавии маҷмўӣ ё мавзўӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
-ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
-ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ, қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд;
-ҳангоми қатъ гардидани амали имтиёзҳо барои шахсони ҳуқуқии дар фасли XVII Кодекси мазкур пешбинишуда;
-бинобар ба охир расидани мўҳлати амали қарордоди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
-бо мақсади тасдиқ намудани дурустии маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст;
– тибқи асосҳое, ки дар қисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд;
-ба охир расидани лоиҳаи сармоягузорӣ.
- Санҷишҳои ғайринақшавии маҷмўӣ ё мавзўӣ,инчунин дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:
-дар ҳолати ба миён омадани зарурат барои гузаронидани санҷишҳои мутақобила;
-дар асоси қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ;
-дар асоси дархостҳои мақомоти андози давлатҳои дигар;
-нисбат ба шахсоне, ки андозсупорандаи бемасъулият эътироф шудаанд;
-қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда;
-дар асоси муроҷиати худи андозсупоранда.
- Аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани санҷишҳои такрории маҷмўӣ ва мавзӯӣ барои давраи санҷидашудаи андоз манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои зерине, ки чунин санҷишҳо дар доираи мўҳлати бо Кодекси мазкур муқарраршудаи даъво гузаронида мешаванд: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
-дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;
-тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 28 Кодекси мазкур;
-бо қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи пешниҳодҳои асосноки роҳбари мақоми дахлдори андоз;
-бо қарори роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби назорат аз болои фаъолияти мақоми андозе, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро гузаронидааст. Чунин санҷиш танҳо нисбат ба даврае гузаронида мешавад, ки санҷиши ҳуҷҷатии андози охирон гузаронидашударо дар бар мегирад.