Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 28-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Санҷиши андоз – санҷиши аз ҷониби мақомоти андоз амалишаванда оид ба иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати иҷрои он ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст.
  2. Санҷишҳои андоз танҳо аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешаванд. Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи дархости хаттии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти андоз санҷиши андозро мутобиқи Кодекси мазкур якҷоя бо ин мақомот мегузаронанд.
  3. Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

– санҷиши ҳуҷҷатӣ;

-санҷиши амалиётӣ.

  1. Санҷишҳои ҳуҷҷатӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

1) Санҷиши маҷмўӣ – санҷиши иҷрои ўҳдадории андоз аз рўи ҳамаи намудҳои андоз, аз ҷумла ҳангоми барҳамдиҳӣ (қатъ гардидани фаъолият) ва (ё) азнавташкилдиҳии андозсупоранда (минбаъд – санҷиши андози барҳамдиҳӣ).

2) Санҷиши мавзўӣ – санҷише, ки нисбат ба андозсупоранда (агенти андоз) аз рўи як ё якчанд масъалаҳои зерин гузаронида мешавад:

а) иҷрои ўҳдадории андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андозҳо, инчунин андозҳои бо онҳо алоқаманд. Андоз дар ҳолате бо андози дигар алоқаманд ҳисобида мешавад, ки агар тағйир додани маблағи ҳисобкардашуда ба мутаносибан тағйир ёфтани маблағи дигар андоз оварда расонад;

б) ҳолати иҷрои қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо аз андозсупоранда ва (ё) ташкилотҳои қарзӣ;

в) тасдиқи дурустии маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудаанд.

3) Санҷиши мутақобила – санҷише, ки нисбат ба шахси дигар гузаронида мешавад, агар ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз ба мақомоти андоз зарурат пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар баҳисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловагӣ ба даст оранд.

  1. Санҷиши амалиётиро мақомоти андоз доир ба масъалаҳои риояи талаботи зерини қонунгузории андоз мегузаронанд:

– ба сифати андозсупоранда ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;

-аз ҷониби корфармо барои иҷрои ягон кор (хизматрасонӣ) ҷалб намудани кормандони кироя;

-истифодаи мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

-риоя намудани қоидаҳои рехтан (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурўши молҳои зераксизӣ ва амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.

  1. Санҷишҳои маҷмўии андозро мақомоти андоз тибқи муроҷиати хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо нисбат ба ҳамон андозсупорандагон мегузаронанд, ки нисбат ба онҳо тасдиқи хаттӣ дар бораи оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ бо нишонаҳои ҷиноятҳои бо андозбандӣ алоқаманд ворид шуда бошад. Санҷишҳои мутақобилаи андоз нисбат ба дигар шахсони бо андозсупорандагони зикршуда алоқаманд, ки дар муроҷиатҳои хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян шудаанд, дар ҳолатҳои пешниҳоди қарори дахлдор гузаронида мешаванд.
  2. Гузаронидани санҷиши андоз, ба истиснои ҳолатҳое, ки соҳибкори инфиродӣ бе ҷалб намудани коргари кироя кор мекунад ва иштироки ў дар ҷараёни санҷиш ҳатмӣ мебошад, набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
  3. Дастурамал оид ба гузаронидани санҷишҳои андозро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …