Главная / Ҷамъият / Нархҳои бозорӣ

Нархҳои бозорӣ

Моддаи 24-и Колекси андоз. Нархҳои бозорӣ

  1. Барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафҳои аҳд (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда) нишон додаанд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.Дар ҳолате, ки агар нархи нишондодашудаи мол (кор, хизматрасонӣ) аз нархи бозорӣ фарқ кунад ва аз ҷониби андозсупоранда оид ба фарқи нархҳо асосҳои кофӣ пешниҳод нашуда бошад, ҳангоми андозбандӣ нархи бозорӣ истифода бурда мешавад.
  2. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) нархе эътироф мешавад, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи дархосту пешниҳод дар бозори молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (ва дар ҳолати мавҷуд набудани он – якхела) ва дар асоси аҳдҳое ба вуҷуд омадааст, ки дар бозори дахлдор миёни шахсоне баста шудаанд, ки шахсони мутақобилан вобаста намебошанд. Аҳди миёни шахсони мутақобилан вобаста танҳо ба шартеба назар гирифта мешавад, ки агар вобастагии мутақобилаионҳо ба натиҷаҳои чунин аҳд таъсир нарасонад.
  3. Нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дар асоси иттилоот дар бораи аҳдҳои дар бозори дахлдор дар лаҳзаи таҳвили ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) басташуда, дар суратимавҷуд набудани чунин ҳолат нархи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) даррўзи ба лаҳзаи фурўш наздик, ки то ё баъд аз лаҳзаи фурўши чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) фаро расидааст, аз ҷумла иттилоот дар бораи нархҳои муайянкардаи баҳогузорон, нархҳои собити биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо муайян карда мешавад.
  4. Бо мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми фурўши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тибқи нархҳои (тарифҳои) аз ҷониби давлат танзимшуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, нархҳои (тарифҳои) зикршуда истифода мешаванд.
  5. Бозори мол (кор, хизматрасонӣ) доираи муомилоти чунин мол (кор, хизматрасонӣ) эътироф мешавад, ки вобаста ба имкониятҳои фурўшанда (харидор) бе хароҷоти начандон калон дар қаламрави ба фурўшанда (харидор) наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он фурўхтани (харидани) мол (кор, хизматрасонӣ) муайян карда мешавад.
  6. Дар сурати мавҷуд набудани аҳдҳо аз рўи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ё таҳвил нагардидани чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба ин бозор, нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо нархҳое, ки дар асоси бастани аҳдҳо нисбат ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) дар санаи ба лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) наздиктарин, вале на зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ то ё баъд аз лаҳзаи таҳвили чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ё баъди он ташаккул ёфтаанд ва ё бо нархҳои аҳди охирин муайян карда мешавад.
  7. Дар сурати ғайриимкон будани татбиқи қисмҳои 1-5 ҳамин модда, нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) бо усули нархи фурўши минбаъда, усули ҳисоби хароҷот, усули муайян намудани фоидаи чашмдошт ё дигар усулҳо муайян карда мешавад.
  8. Ҳангоми муайян намудани нархи бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) манбаъҳои расмии маълумот оид ба нархҳои бозории молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), махзани иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дахлдор, иттилооте, ки аз ҷониби андозсупорандагон, нархгузорон, экспертҳо ба мақомоти андоз пешкаш мешавад, инчунин дигар маълумоти дақиқ истифода бурда мешаванд.
  9. Мақомоти андоз нархҳои бозориро метавонанд татбиқ намоянд, агар:

– аҳд байни шахсони мутақобилан вобаста содир шуда бошад;

– мубодилаи молҳо(корҳо, хизматрасониҳо) ба вуҷуд омада бошад;

– ҳангоми иҷрои шартномаи (қарордоди)савдои хориҷӣ яке аз тарафҳои аҳд тибқи моддаи 131Кодекси мазкур резиденти кишвари дорои андозбандии имтиёзнок бошад;

– яке аз тарафҳои аҳд аз имтиёзҳои андоз ё низоми андозбандии имтиёзнок истифода барад;

– нархе, ки иштирокчиёни аҳд пешниҳод намудаанд, аз нархҳои аҳдҳои вобаста ба молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) зиёда аз 15 фоиз фарқ кунад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Дар ҳолате ки аз ҷониби андозсупоранда асосҳои кофӣ пешниҳод нашуда бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ фарқияти нархҳои фурӯши (бегонакунии) молҳо (корҳо, хизматрасонӣ) аз нархҳои харид ё нархҳои гумрукии воридоти онҳо на кам аз 5 фоиз қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. 11. Барои мақсадҳои ҳамин моддамафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

-молҳои шабеҳ – молҳои гуногуне, ки хусусиятҳо, аз ҷумла, хусусияти ҷисмонӣ, сифат, ҳайсият дар бозор, кишвари баромад ва истеҳсоли якхела доранд;

-молҳои якхела – молҳое, ки шабеҳ набуда, аломатҳои ба ҳам монанд доранд ва аз унсурҳои монанд иборат мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳад вазифаи якхеларо иҷро кунанд ва дар тиҷорат якдигарро ивазкунанда бошанд.

  1. 12. Тартиби муайянкунӣ ва истифодабарии нархҳои бозорӣ барои мақсадҳои андозбандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …