Главная / Ҷамъият / Усулҳои алтернативии андозбандӣ

Усулҳои алтернативии андозбандӣ

Моддаи 23-и Кодекси Андоз. Чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ

 

  1. Ҳама гуна маблағе, ки ба манфиати ягон шахс истифода мегардад, барои мақсадҳои андозбандӣ маблағи ба он шахс пардохтшуда ба ҳисоб меравад.
  2. Даромади (фоидаи) гирифташуда, новобаста ба асосҳои ба даст омадани он, бояд мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ гардад. Агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муайян карда шавад, ки ягон даромад ё ҷузъи (қисми) он ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаасту бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар ин ҳолат маблағи андозҳои қаблан аз ин даромади ғайриқонунии ба буҷети давлатӣ нигоҳдошташуда (пардохтшуда) ба ҳисоб гирифта мешавад.
  3. Барои дуруст муайян намудани ўҳдадориҳои андоз мақомоти андоз ҳуқуқ доранд:

-амалиётеро (аҳдҳоеро), ки барои андозсупоранда моҳияти назарраси иқтисодӣ надоранд (ба истиснои моҳият барои ўҳдадориҳои андоз), ба эътибор нагиранд;

-агар шакли амалиёт (аҳд) ба мазмунаш мутобиқат накунад, мувофиқи вазъи воқеӣ онро тағйир диҳанд (аз нав муайян кунанд);

– маблағи андозро дар асоси ҳолатҳои воқеии ошкоршуда ва моҳияти амалиёти (аҳдҳои) содиршавандаи барои мақсадҳои андозбанди аҳмиятдошта ҳисоб намоянд, агар шакли ҳуқуқии амалиёт (аҳд) ё пайдарҳамии аҳдҳо ба саркашӣ (канорагирӣ) намудан аз пардохти андозҳо оварда расонад.

  1. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд маблағи андози дахлдорро бо истифода аз усули арзёбии мустақим ё ғайримустақим (дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, усули муқоиса бо андозсупорандагони шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра) дар ҳолатҳои зерин муқаррар (ҳисоб) кунанд:

-андозсупоранда баҳисобгирии муҳосибиро (андозиро) анҷом надиҳад ва (ё) талаботи онро вайрон намояд;

– ҳуҷҷатҳои ҳисоб, ки барои муайян намудани ўҳдадориҳои андоз заруранд, гум ё нобуд карда шуда бошанд;

-ҳисоботи андоз пешниҳод нашуда бошад;

– агар амалиёт (аҳд) бо корхонаҳои резидентии дорои ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифта анҷом дода шуда бошад (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188);

-андозсупоранда шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии (муоинаи) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад истифода мебарад ё онҳо ба нигоҳдории объекти андозбандӣ вобастаанд, иҷозат надиҳад;

-дар мўҳлатҳои муқарраршуда маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати ҳисоби андоз ба мақомоти андоз пешниҳод нашуда бошанд;

-андозсупоранда бемасъулият эълон шуда бошад.

  1. Агар дар ҷараёни санҷиши андоз мавҷуд набудани баҳисобгирии объектҳои андоз ошкор карда шавад ё аз ҷониби андозсупоранда доир ба онҳо иттилоот пешниҳод карда нашавад, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд дар асоси иттилооти дар ихтиёр доштаашон, дар ҳолатҳои дахлдор бо истифода аз арзёбӣ кардани арзиши фурўши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), арзиши молу мулк, сатҳи миёнаи музди меҳнат ва ҳисоби даромаднокӣ дар ҳаҷми 25 фоиз маблағи эҳтимолии андозро ҳисоб намоянд.
  2. Маблағи андоз метавонад инчунин дар асоси натиҷаҳои муоинаҳои хронометражӣ, нишондодҳои иқтисодии қиёсшавандаи фаъолияти дигар андозсупорандагон, ки намудҳои шабеҳи фаъолиятро амалӣ менамоянд, муқаррар карда шавад.
  3. Ҳангоми дар оянда аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод шудани ҳисобот ва ҳисобҳои андоз, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад – иттилооти дахлдори баҳисобгирии андози объектҳои андозбандишаванда, мақомоти андоз маблағи ҳисобкардашудаи андозро тасҳеҳ (ислоҳ) менамоянд.
  4. Дар мавриди ҳама гуна андозҳо амалиёти моливазкунӣ ва (ё) амалиёти дигар, аз ҷумла гирифтани даромадҳо ва хароҷот кардан дар шакли аслиро мақомоти андоз ҳамчун фурўши мол (натиҷаи кор, хизмат) бо нархи бозорӣ баррасӣ менамоянд.
  5. Бо мақсади андешидани чораҳои иловагии мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби татбиқи усулҳои алтернативии андозбандиро тасдиқ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …