Главная / Ҷамъият / Назорати андоз

Назорати андоз

Моддаи 22-и Кодекси Андоз. Назорати андоз аз рўи ба буҷет ворид шудани андозҳо

  1. Назорати андоз шакли назорати давлатӣ буда, аз ҷониби мақомоти андоз ҷиҳати иҷрои меъёрҳои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, амалӣ карда мешавад.
  2. Мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санҷиши дуруст ҳисоб кардан ва саривақт пардохтани андозҳо ва дигар ҷанбаҳои андозбандӣ масъулияти пурра ва истисноӣ доранд, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, ки тибқи онҳо чунин масъулият ба зиммаи дигар мақомот вогузор шудааст.
  3. Назорати андоз аз ҷониби мақомоти андоз дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– баҳисобгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд,баҳисобгирии ўҳдадориҳои андозӣ ва рафти иҷрои онҳо;

-бақайдгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда;

-санҷишҳои андоз;

-назорати камералӣ;

-муоинаи хронометражӣ;

– назорати қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;

-назорати андозии истеҳсол ва гардиши молҳои зераксизӣ, дурустии тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва ташкили дидбонгоҳҳои аксизӣ;

– татбиқи нархҳои бозорӣ бо мақсадҳои андозбандӣ;

-назорат аз болои мақоми ваколатдор оид ба дуруст ҳисоб кардан ва (ё) ба буҷет супоридани андозҳо.

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ назорати андозро дар доираи салоҳияти худ бинобар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол гардидани молҳо ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …