Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои андозсупоранда

Ӯҳдадориҳои андозсупоранда

Моддаи 19-и Кодекси Андоз. Ӯҳдадориҳои андозсупоранда (агенти андоз)

  1. Андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадор аст:

– ўҳдадориҳои андозро мутобиқи Кодекси мазкур сари вақт ва дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;

– талаботи қонунии кормандони мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз, аз ҷумла доир ба тартиб додани санади муқоисавӣ иҷро намуда, инчунин ба фаъолияти қонунии онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон монеъ нашавад;

– дар асоси амрнома ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошад, иҷозат диҳад;

-ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод намояд;

-мувофиқи тартиби муқарраргардида мошинаҳои назоратию хазинавиро истифода барад;

– мувофиқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии даромадҳои (хароҷоти) худ, объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро мутобиқи қонунгузории андоз ба ҳисоб гирад;

-мувофиқи тартиби муқарраргардида сари вақт ба сифати андозсупоранда дар баҳисобгирӣгузошта шавад ва ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз қайд гузарад;

– маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ, баҳисобгирии дигар ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳ дошташударо) дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ дорад;

-ҳар сол барўйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва ўҳдадориҳои худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;

-дар давоми 5 рўзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ итттилооти зеринро пешниҳод намояд, аз ҷумла, дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ, дар бораи қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъ гардидани фаъолият) ё муфлисшавӣ, дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ, тартиби баҳисобгирӣ, маҳалли фаъолият (ҷойи истиқомат), иттилоот барои алоқа бо ў.

  1. Андозсупоранда (агенти андоз) дигар ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро амалӣ менамояд.
  2. Шахси воқеӣ ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин моддаро дар қисми марбут ба ўҳдадориҳои андози ў иҷро менамояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …