Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои андозсупоранда

Ҳуқуқҳои андозсупоранда

Моддаи 18-и Кодекси Андоз. Ҳуқуқҳои андозсупоранда (агенти андоз)
1. Андозсупоранда (агенти андоз) ҳуқуқ дорад:
-аз мақомоти андоз доир ба андозҳои амалкунанда ва тағйирот дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот, инчунин оид ба тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозҳо ва пур кардани шаклҳои хисоботи андоз шарҳу эзоҳ гирад;
– манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;
-дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур натиҷаҳои назорати андозро гирад;
-оид ба санҷиши ҳуҷҷатии дарпешистода огоҳинома гирад, ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намояд;
-агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, аз мақомоти андоз намунаҳои (бланкаҳои) аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро гирад, тибқи тартиби муқарраршуда ҳисоботи андозро дар шакли электронӣ пешниҳод намояд;
– ба мақомоти андоз оид ба ҳисоб кардан ва пардохт намудани андозҳо аз рўи натиҷаҳои назорати андоз шарҳу эзоҳ диҳад;
– на дертар аз 5 рўзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи хаттӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет доир ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз аз варақаҳои ҳисоббаробаркунии шахсиаш иқтибос гирад;
– дар давоми 5 рўзи корӣ дар асоси аризаи хаттӣ маълумоти зеринро гирад, аз ҷумла дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромаде, ки ғайрирезидент аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст ва дар бораи андозҳои боздошташуда (пардохтшуда);
– маълумоте, ки барои пур намудани ҳуҷҷати пардохт бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба пардохти андозҳо зарур аст, инчунин маълумотро оид ба усули пардохти андозҳо дар давоми 1 рўзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиат ба мақомоти андоз гирад;
– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои санҷиши андоз, огоҳиномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз, амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
– ба риояи сирри андоз;
-иттилоот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ба андозбандӣ дахл надоранд, пешниҳод нанамояд;
– мўҳлати пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тамдид намояд (ба таъхир гузорад);
– ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридааш ё аз ў ситонидашуда (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшуда);
– аз шахсони мансабдори мақомоти андоз ҳангоми амалӣ намудани ҳаракатҳояшон нисбат ба андозсупорандагон риояи қонунгузории андозро талаб намояд;
– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақомоти андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад.
2. Андозсупоранда (агенти андоз) дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.
3. Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Ҳуқуқҳои андозсупорандагон тавассути ўҳдадориҳои дахлдори шахсони мансабдори мақомоти андоз таъмин карда мешаванд.
5. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …