Главная / Ҷамъият / Иҷораи молиявӣ (лизинг) – чист?

Иҷораи молиявӣ (лизинг) – чист?

Мутобиқи моддаи 15-и Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «Лизинг» ё худ ба тоҷикӣ «Иҷораи молиявӣ» чунин шарҳ дода мешавад. 

lizing-2

Моддаи 15. Иҷораи молиявӣ (лизинг)

  1. Ба шахси дигар додани молу мулки моддии истеҳлокшаванда, аз ҷумла ҳавопаймоҳо (ба истиснои молу мулки ғайриманқул, мебел, мошинҳои сабукрав) дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» баста шудааст, иҷораи молиявӣ мебошад, агар он ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгў бошад:

– ба моликияти иҷорагир интиқол дода шудани молу мулк ва (ё) ба иҷорагир додани ҳуқуқи хариди молу мулк бо нархи устувор дар шартномаи лизинг муайян шуда бошад;

– мутобиқи шартномаи иҷораи молиявии молу мулк мўҳлати иҷора нисбат ба мўҳлати хизмати муфиди молу мулки иҷорагирифташуда 75 фоиз бештар бошад;

– арзиши ҷории тахфифшудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми давраи мўҳлати иҷора аз 90 фоизи арзиши бозории молу мулки мутобиқи иҷораи молиявӣ ба иҷора додашаванда бештар бошад;

– арзиши боқимондаи баҳододашудаи молу мулк баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора камтар аз 20 фоизи нархи бозории онро то оғози иҷора ташкил диҳад;

– молу мулки ба иҷораи молиявӣ додашаванда тибқи фармоиш барои иҷорагир таҳия шуда, баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора ба ҷуз иҷорагир наметавонад аз тарафи шахси дигар истифода шавад.

  1. Сархати сеюми қисми 1 ҳамин модданисбат ба иҷораи молиявие, ки оғози он ба 25 фоизи охирини мўҳлати хизмати молу мулк рост меояд, татбиқ намегардад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин моддамеъёри баҳисобгирие, ки барои муайян намудани арзиши ҷории тахфифшудаи пардохтҳои иҷора истифода мегардад, ба меъёри фоизи барои сари вақт напардохтани андозҳобаробар аст.
  3. Барои мақсадҳои ҳамин моддамўҳлати иҷора мўҳлати иловагиеро дар бар мегирад, ки иҷорагир ҳуқуқ дорад ба он иҷораро мутобиқи шартномаи иҷора аз нав оғоз намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …