Моддаи 14-и кодекси Андоз оиди “Шахсони мутақобилан вобаста”
- Шахсони мутақобилан вобаста шахсоне мебошанд, ки муносибатҳои байни онҳо метавонанд ба шароит ва натиҷаи иқтисодии фаъолияти байни онҳо ё фаъолияти шахсоне, ки онҳоро намояндагӣ менамоянд, таъсир расонанд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки:
– шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхона бошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;
– як шахс мустақим ва (ё) ғайримустақим дар шахси дигар иштирок намояд ва ҳиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 20 фоизро ташкил диҳад;
– як шахс ба шахси дигар мувофиқи вазъи вазифавӣ тобеъ бошад ё як шахс таҳти назорати (мустақим ё ғайримустақими) шахси дигар қарор гирифта бошад;
– шахсон таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими шахси сеюм қарор дошта бошанд;
– шахсон мустақиман ё ғайримустақиман шахси сеюмро назорат кунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадоми онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил диҳад;
– шахсон бо ҳамдигар дар қайди никоҳ бошанд ё муносибатҳои хешовандӣ дошта бошанд.
- Суд метавонад бо дигар асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин моддапешбинӣ нашудаанд, шахсонро мутақобилан вобаста эътироф намояд, агар муносибатҳои миёни ин шахсон ба натиҷаҳои аҳдҳо оид ба таҳвили (фурўши) молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасонӣ) таъсир расонида тавонанд.