Главная / Ҷамъият / Муассисаи доимии ғайрирезидент чист?

Муассисаи доимии ғайрирезидент чист?

Моддаи 12-и Кодекси Андоз дар бораи “Муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидент) “

  1. Таҳти мафҳуми муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидент) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – муассисаи доимӣ), агар ҳамин моддатартиби дигареро муқаррар накарда бошад, маҳалли доимие фаҳмида мешавад, ки тавассути он ғайрирезидент фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла фаъолияти тавассути шахси ваколатдор иҷрошавандаро пурра ё қисман анҷом медиҳад.
  2. Муассисаҳои доимӣ, аз ҷумла инҳо ба ҳисоб мераванд:

– ҳар маҳалли амалӣ намудани фаъолияти марбут ба истеҳсол, коркард, ҷамъу такмил (комплекткунӣ),  бастабандӣ (фасовка), борбандӣ ва таҳвили мол, новобаста ба мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

-ҳар маҳалли идоракунии ғайрирезидент (аз  ҷумла  филиал, шўъба,  намояндагӣ, бюро, идора, офис, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, устохона, сех, лаборатория, мағоза, анбор), новобаста ба мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

– ҳар  маҳалли  фаъолият,  аз  ҷумла дастгоҳ  ё  майдонча, таҷҳизоти  пармакунӣ  ё дигар таҷҳизоти  барои ҷустуҷўи захираҳои табиӣ истифодашаванда, кон, чоҳи нафт ва (ё) газ, карер, манораҳои рўизаминӣ ё  рўиобӣ ва (ё) чоҳҳо, новобаста ба мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

-ҳар маҳалли фаъолияти (аз ҷумла фаъолияти назоратию нозиротӣ ё мушоҳидакунӣ) вобаста ба қубургузорҳо, қубурҳои газу нафт, ҷустуҷў ва (ё) коркарди захираҳои табиӣ, насб, васл, ҷамъкунӣ, танзим, баистифодадиҳӣ ва (ё)  хизматрасонии таҷҳизот, новобаста ба мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;

-ҳар маҳалли дигари фаъолияти вобаста ба  истифодаи автоматҳои  бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва алоқа, аттраксионҳо, инфрасохтори нақлиётӣ ва ғайра, новобаста ба давомнокии истифодабарии онҳо;

– пойгоҳи доимие, ки шахси воқеии ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.

  1. Майдончаи (объекти) сохтмонӣ, объекти васл ё ҷамъкунӣ, иҷрои фаъолияти назоратӣ вобаста ба чунин объектҳо, гузаронидани корҳои лоиҳакашӣ, новобаста ба давомнокии иҷрои ин корҳо, муассисаи доимиро ташкил мекунанд. Барои мақсадҳои ҳамин моддатаҳти мафҳуми майдончаи (объекти) сохтмонӣ, аз ҷумла маҳалли фаъолият оид ба бунёд ва (ё) таҷдиди объектҳои ғайриманқул, аз ҷумла сохтмони биноҳо, иншоот ва (ё) иҷрои корҳои васлкунӣ, сохтмон ва (ё) таҷдиди  пулҳо, роҳҳо, каналҳо, гузоштани қубурҳо, васли таҷҳизоти барқӣ, технологӣ ё дигар таҷҳизот ва (ё) иҷрои корҳои дигари шабеҳ дар назар дошта мешавад.Майдончаи (объекти) сохтмонӣ аз рўзи дуюми баъд аз рўзи имзо шудани санади қабули объект  барои истифодабарӣ (ҳаҷми  корҳои иҷрошуда) ва пардохти пурраи арзиши сохтмон қатъгардидаэътироф мешавад.
  2. Ғайрирезидент ҳамчунин дорои муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар:

-тавассути агенти ваколатдор ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;

– тавассути кормандон ё ҳайати кормандони барои ин мақсадҳо  кирояшуда зиёда аз 90 рўзи тақвимӣ дар тамоми давраи муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хизмат расонад;

– иштирокчии шартномаи фаъолияти якҷоя (ширкати оддӣ) бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад;

– дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон намоишгоҳҳои пулакӣ гузаронад ва (ё) дар ин намоишгоҳҳо таҳвили (фурўши) молро анҷом диҳад;

-дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба резидент ё ғайрирезидент ҳуқуқи манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ў амал намудан ва ё қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) бастанро диҳад.

  1. Танаффусҳои муваққатӣ ё  мавсимӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти дар ҳамин моддапешбинишуда боиси барҳам додани муассисаи доимӣ намегарданд.
  2. Ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути миёнарави мустақиле (брокер ва (ё) дигар агенти мустақиле, ки дар асоси шартномаи супориш, комиссия, консигнатсия ё дигар шартномаи шабеҳ амал мекунад) анҷом дода, барои аз номи ин ғайрирезидент имзо намудани шартномаҳо (қарордодҳо) ваколат надорад, муассисаи доимӣ ба ҳисоб намеравад.Таҳти мафҳуми миёнарави мустақил шахсе фаҳмида мешавад, ки дар доираи фаъолияти муқаррарии (асосии) худ вазифаи миёнаравиро бо мақсади ҳамкории тарафҳо амалӣ намуда, аз нигоҳи ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодӣ ба ғайрирезидент вобаста намебошад.
  3. Корхонаи фаръии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҳамчун муассисаи доимии корхонаи асосӣ – ғайрирезидент баррасӣ намешавад, агар байни корхонаҳои фаръӣ ва асосӣ муносибатҳое ба миён наоянд, ки ҷавобгўи муқаррароти сархати панҷуми қисми 4 ҳамин моддамебошанд.
  4. Маҳалле, ки барои мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад (новобаста ба он, ки онро кадом шахс истифода мебарад), муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳисоб  намеравад:

-нигоҳ доштани мол ё маҳсулоти ба корхонаи хориҷӣ тааллуқдошта (то лаҳзаи фурўши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– харидани мол ё маҳсулот, ҷамъоварии маълумот барои корхонаи хориҷӣ;

– иҷрои ҳар фаъолияти дигари дорои хусусияти омодасозӣ ё ёрирасон ба манфиатҳои корхонаи хориҷӣ;

– иҷрои ҳама гуна шаклҳои фаъолияте,  ки дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин қисмпешбинӣ шудаанд.

  1. Намояндагӣ ва (ё) филиали корхонаи хориҷии ба қайд гирифташудае, ки шахси алоҳидаи ҳуқуқӣ нест, муассисаи доимии корхонаи хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
  2. Фаъолияти ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин модда, сарфи назар аз он ки он дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст ё не, маънои таъсиси муассисаи доимиро дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …