Главная / Ҷамъият / Шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо кианд ?

Шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо кианд ?

Моддаи 11. Шахсони воқеӣ – резидентҳо ва ғайрирезидентҳо (аз Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  1. Шахси воқеие, ки дар давоми ҳар давраи 12-моҳаи пай дар пай гузаранда, ки дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ ба охир мерасад, дар ҳақиқат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 182 рўз қарор дошта бошад, аз рўзи 183-юм барои соли ҷории тақвимӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -резидент) ба ҳисоб меравад. Агар чунин шахси воқеӣ дар соли гузаштаи тақвимӣ резидент ба ҳисоб рафта бошад, пас он аз 1 январи соли ҷорӣ низ резидент ба ҳисоб меравад.
  2. Шахси воқеие, ки дар давоми ҳамин соли тақвимии ҷорӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ, новобаста ба давомнокии чунин хизмат, резидент ба ҳисоб меравад.
  3. Шахсони воқеие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё  дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ариза додаанд, сарфи  назар  аз мўҳлати дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон буданашон ва дигар омилҳои муайяннамудаи ҳамин модда, ҳамчун шахсони воқеӣ-резидентон эътироф мешаванд, аз ҷумла:

– аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хизматӣ фиристодашуда, аз ҷумла кормандони дипломатию консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ё байниҳукуматӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони воқеии зикргардида;

шахсони вокеи
Сурат дар саволи: Шахсони воқеӣ киҳо мебошанд? резидент кист ва ғайрирезидентҳо ки мебошанд?

– аъзои экипажҳои воситаҳои нақлиётии ба шахсони ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта, ки ҳамлу нақли байналмилалиро анҷом медиҳанд;

– хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии  пойгоҳҳои ҳарбӣ,  қисмҳои ҳарбӣ, гурўҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбие, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;

-шахсоне, ки дар объектҳои воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳо ё субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои консессионӣ), кор мекунанд;

– хонандагон, донишҷўён, коромўзон ва таҷрибаомўзон, ки бо мақсади таҳсил ва коромўзӣ дар давоми тамоми  мўҳлати  таълим ва коромўзӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;

-муаллимон ва кормандони илмӣ, ки бо мақсади таълимдиҳӣ, машварат ё иҷрои корҳои илмӣ дар давоми тамоми мўҳлати таълим ё иҷрои корҳои номбаршуда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

  1. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда вақте, ки дар давоми он шахси воқеии хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, вақти  воқеии  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан ба ҳисоб намеравад, агар чунин шахс:

– ба  сифати  шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулӣ (ё узви оилаи чунин шахс) қарор дошта бошад;

– ба  сифати  корманди ташкилоти байналмилалӣ ё ба сифати шахсе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориҷӣ кор мекунад  (ё  аъзои  оилаи чунин шахс) қарор дошта бошад;

– танҳо барои гузаштан аз як давлати хориҷӣ ба давлати хориҷии дигар тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад.

  1. Ҳар рўзе, ки дар давоми он шахси воқеӣ ҳақиқатан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, сарфи назар аз давомнокии қарор доштанаш, рўзи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштан ҳисобида мешавад.
  2. Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резидент намебошад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  3. Шахси воқеӣ дар давраи аз рўзи охирини ҳамин соли тақвимӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон буданаш  то охири ҳамин  соли тақвимӣ ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -ғайрирезидент) ба ҳисоб меравад, агар чунин шахс бевосита дар  соли  минбаъдаи  тақвимӣ ғайрирезиденти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
  4. Мақоми резидент ва ғайрирезидент нисбат ба шахси воқеӣ барои ҳар соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
  5. Шахси воқеие, ки ғайрирезидент эътироф мешавад, ўҳдадор аст, ки ба агенти андоз ё мақомоти андози маҳалли будубош (истиқомат) на дертар аз рўзи гирифтани даромад ё лаҳзаи пешниҳод кардани ҳисоботи андоз ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ ё шахси бешаҳрванд дар давлати хориҷӣ будани ин шахс;

– тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият (шиноснома) ба забони давлатӣ.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …