Моддаи 9. Кори кироя (Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон)
- Барои мақсадҳои Кодекси мазкур мафҳуми «кори кироя» маънои зеринро дорад:
-аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи қонунгузорииграждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ё дар соҳаи хизмати давлатӣ танзимшаванда;
– аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳое, ки бевосита ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва (ё) мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо баробаркардашуда алоқаманданд;
– кори шахси воқеӣ дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ё ташкилот.
- Шахси воқеие, ки кори кирояро иҷро карда буд, иҷро карда истодааст ё минбаъд иҷро мекунад, дар Кодекси мазкур «корманд» номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматрасонии чунин шахсро мепардозад «корфармо» ва чунин пардохт «музди меҳнат» номида мешавад.
- Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҷои кори асосии корманд ҷои коре ҳисобида мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат корфармо ўҳдадор аст аз рўи он дафтарчаи меҳнатии кормандро пеш барад.