Главная / Гуногун / МО ЧЙ ТАВР МЕБИНЕМ? ЧАШМҲО

МО ЧЙ ТАВР МЕБИНЕМ? ЧАШМҲО

Чашми одам шакли кураро дорад, Қутри он тақрибан бо 2,5 см баробар аст. Чашм аз берун бо пардаи чашм (скле­ра) (1) пӯшонида шудааст. (1). Тарафи пеши пардаи чашм рӯшану шаффоф буда, вай қарнияи чашм(2) ном дорад.

Андаке онсӯтар аз қарнияи чашм ина- бия (3) қарор дорад. Байни қарния ва ина- бия моеъи шаффоф (4) қарор дорад. Моддаи махсус ба инабия ранги ҷолибу нотакрор ато менамояд. Дар инабия сӯрохие вуҷуд дорад. Ин сӯрохӣ мардумак (гавҳарак) (5) ном до­рад. Вобаста ба рӯшании ранг кутри мар­думак ба таври рефлекторй аз 2мм то ба 8 мм тағйир меёбад. Аз ақиби мардумак зуҷоҷа (хрусталик) (6) қарор дорад. Зуҷоҷа – ин ҷисми шаффоф буда, ба линза шабоҳаг дорад.

Мушакҳое (7) ҳастанд, ки дар як лаҳзаи мушаххас шаклашро дигар мекунад.

Вақте одам ба ашёе, ки дар наздикй қарор доранд, нигоҳ мекунад, ин мушакҳо

шакли зуҷоҷаро нисбатан барҷастатар мекунанд. Қисмати боқимондаи чашм бо ҷисми шишамонанд (8) пур шудааст. Қаъри чашм бо як шабакияи мураккаб (9) рӯпӯш шудааст.

Дар шабакия (тӯр) ресепторҳои асабй, ба монанди чӯбакҳо ва колбаҳо қарор до­ранд. Ранге, ки тавассути қарния интиқол меёбад, ба касри (шиканиши) бештар рӯ ба рӯ мешавад. Акси ашё ба шабакия дар шакли сарчаппагияш меафтад.

Таъсири ранг ба нӯгҳои асаби биной (чӯбакҳо ва колбаҳо) дар чашмони мо эҳсоси биноиро бедор мекунад.

Агар ашё хеле дур қарор дошта бошад, пас ҳангоми расидани акс ба шабакияи зуҷоҷа (хрусталик) таранг намешавад. Ҳангоми наздикшавии ашё зуҷоҷа ба ҳадде қабз мешавад, ки акс дубора ба тур меафтад.

Дар чашмони баъзе одамон акс на ба шабакия (сетчатка), балки пеш аз он меаф- тад. Чунин одамон ба таври возеҳ ашёеро, ки дар дурӣ қарор доранд, дида наметаво- нанд. Чунин камбудии биноиро наздикбинй меноманд.

Инро метавон тавассути айнакҳои линзаашон фурӯхамида ислоҳ кардан мумкин аст. Камбуди биной, ки акси ашёи дар дур қарордошта, ба шабакия (тӯр) меафтанд, дурбинй меноманд.

Чунин камбудиро метавон тавассути айнакҳои линзаашон барҷаста рафъ наму- дан мумкин аст.

А Бо чашмони худ эҳтиёткор бошед! Китобро дар масофаи на кам аз 25-30 см бихонед.

Дар олами ҳайвонот аъзои босира (биноӣ) хеле рангоранг мешаванд. Онҳо ҷуфт, танҳо, ҷамъ, бузургу кӯчак мешаванд. Баъзе аз ҳайвонот мижа намезананд, чашмони баъзе ҳайвонҳо серҳаракат буда, мижаашон тез-тез мезанад ва мардумаки чашмона- шон серҳаракат мебошанд.

Ба ин нигоҳ накарда, принсипи фаъолияти чашмҳо барои ҳамагон комилан яксон мебошад.

Қарнияи чашми моҳиҳо ҳамвор буда, зуҷоҷаашон – курашакл мебошад. Моҳиҳо ба дунё наздикбин таваллуд мешаванд. Қабати дурахшандаи пушти чашм – оина мебошад. Ин қабат шуъои рӯшноиро инъикос намуда, дар торникй рӯшан мешавад (таври мисол, онро дар акулаҳо дидан мумкин аст). Баъзе аз моҳиҳои қаъриобй чаш­мони калони телескопй дошта, қобилияти дарёфт кардани рӯшноии хираро (расми б) доранд. Ғӯзаи чашми онҳо шакли дароз дошта, қарнияашон барҷаста, зуҷоҷа ва мардумак калон мебошанд. Чашмони баъзе моҳиҳо, ки дар жарфу умқи об қарор до­ранд, сохтори поямонанд доранд (расми 6-г). Моҳиҳои чорчашмае, ки дар сатҳи об дар ҷустуҷӯи ғизо шино мекунанд, мардумакашон ба самти амудй кашида шудааст. Дар қарния рахҳои уфуқии пӯстй ба қисматҳои болоию поёнй тақсим шудааст. Вақте моҳй дар об шино мекунад, сатҳи об ба мобайни чашм рост меояд ва қисмати болоии чашм, ҳар он чизеро ки дар осмон қарор дорад, мебинад. Қисмати поёнии он он чи- зеро мебинад, ки зери об қарор дорад.

Ба чашмони пашша нигоҳ кунед. Дар расми 6-а чашмони пашша, дар расми 6-6 – гузинаи (варианта) калонкардашудаи он нишон дода шудааст. Азбаски чашмони пашша аз чашмакҳои ба ҳар сӯ равонапгуда иборат мебошад, майдони биниши онҳо калон мебошад. Биноиши паррандаҳо тез мебошад. Ғӯзаи чашми онҳо калон буда, сохтори он махсус мебошад. Аз ин рӯ, майдони биниши онҳо васеъ мебошад. Ғӯзаи чашмони паррандаҳое, ки дорой биноиши тез доранд (каргас, уқоб), шакли тақрибан олуболуии «телескопй» (тухмшакл) дорад, (раем 6-d).

Сохтори чашмони баъзе аз ҳайвонҳо (гӯрхарҳо (расми 6-е) ба сохтори чашми инсон монанд мебошад( расми 6-ж). Чашмони баъзе ҳайвонот ( масалан, бӯқаламун) давр мезананд, чашмони харгӯш бошад дар пахдӯҳои cap қарор доранд. Ин имкон медиҳад, ки беш аз 180° мушоҳида кунанд

Дар табиат чашмони ҳайвонот шаклҳои гуногун доранд, ба ҳар навь қарор дода шудааст, рангҳои гуногун доранд. Вале сохтори онҳо комилан яксон мебо­шанд (расми 7).

Пашшаҳое, ки дар фасли тобистону тирамоҳ моро ноором месозанд, наздик ба 100 «чашмак»-ҳои одӣ- фасеток доранд. Онҳо дар қисмати болоии cap, ки шакли кура доранд, қарор доранд. Ҷолиб аз ҳама – пашшаҳо (хомӯшакҳо) шабона мебинанд. Маълум мегардад, ки биниши пашшаҳо аз рӯшноӣ вобаста нест. Исбот шуда, ки онҳо гармиро, мисли ранг мебинанд. Аз ин рӯ, онҳо варидро( венаро) дар торикй зуд пайдо мекунанд. Ҷолиб аз ҳама он аст, ки онҳо чй тавр хунро мебинанд. Дар даҳон пашша сӯзани найчашакл дорад. Вале онҳо тавассути сӯзани мазкур якбора неш намезананд. Онҳо тавассути ҷоғи тези поёнии хеш пӯстро бурида, сипас тавассути сӯзан «наркоз мекунанд». Ба суханони дигар, онҳо ба хун моеъи махсусро, ки аз он одам дардро ҳис намекунанд, равон мекунанд. Ин моеъ пеши роҳи ғализшавии хунро дар ҷойи нешзадашудаи пӯст мегирад. Азбаски пашшаҳо ин ҳамаро дар зарфи якчанд сония ба иҷро мерасонанд, дар аксарияти мавридҳо мо инро пайхас намекунем.

Зовияи (кунҷи) биноиши инсон баробар ба 180 дараҷа, аз они кабӯтарон 340 дараҷа мебошад.

Дарчанд чашмони бумҳо (чуғзҳо) нисбатан калон мебошанд, азбаски онҳо ба тарафҳо ҳаракат намекунанд, зовияи биниши онҳо дар ҳолати оромй 80-110 дараҷаро ташкил мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда, гардани плостикии он қобилияти ба осонӣ 360 дараҷа давр заданро дорад.

Бум нисбат ба инсон қобилияти шабона даҳ маротиба бештар диданро дорад. Дар муқоиса бо баъзе паррандагон Бумҳо қобилияти 6 маротиба бештар дурро ди­данро доранд.Ҷолиб аз ҳама он аст, ки бумҳо рангҳоро фарқ намекунанд. Ба ибораи дигар, онҳо хдма чизро дар ранги сиёҳу сафед мебинанд. Ҳисси шунавоии онҳо хеле тараққӣ кардааст. Дар торикии комил онҳо метавонанд бо дақиқӣ ҷойи мушҳоро аз рӯйи кадамашон муайян кунанд. Бад-ин тартиб, дар мавриди ҳам узви шунавой ва ҳам узви биной донистан ҷолиб аст.

Пурсишҳо

  1. Сохтори чаши чй тавр аст?
  2. Оё аъзои биноии ҳама ҳайвонот баробар тараққӣ кардааст?
  3. Оё ҳама шаклхри чашмон якхелаанд?
  4. Сохтори чашм чй Гуна аст? Шумо дар мавриди х.ар яке аз ин сохтор чй медонед?
  5. Аз рӯи расмҳои 6-7 шаклҳои чашмро тахдил бикунед.
  6. Оё аъзои биноии ҳама ҳайвонот якхелаанд?
  7. Бо маводҳои марбут ба рушди аъзои биноии ҳайвонот аз рӯи китоби «Асрори Табиат» шинос шавед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …