Главная / Гуногун / МО ЧЙ ТАВР МАЗАРО ЭҲСОС МЕКУНЕМ?

МО ЧЙ ТАВР МАЗАРО ЭҲСОС МЕКУНЕМ?

Мо чунин мафхумҳоеро чун турш, шӯр, ширин ва талх медонем.

Мо зуд-зуд мегӯем: «лимӯи бисёр турш», «себи ширин», «карамшӯрбои бома- за». Инро мо чӣ тавр мефаҳмем?

Биёед, таҷриба мегузаронем. Аз сабзӣ, картошка, ноки сахт ва себи начандон пухта кубикҳо реза мекунем. Ҳамакнун, вақте як нафар толибилм бинияшро бо ангуштонаш пахш карда, чашмонашро мепӯшад, шогирди дигар бояд бо навбат ба болои забони ӯ ин кубикҳоро мегузорад.

kom-dahon

Толибилм шояд он чизро, ки ба даҳон гузоштанд, нафаҳмад. Ҳамин тариқ, вай меваҳо ва сабзавотро фарқ карда наметавонад.

Вале ҳангоми хойидан, бо дарназардошти бӯйи ғизо, мо «мазаи сабзӣ» ва мазаи себ»-ро дақиқ муайян карда метавонем. Мазаи ин меваҳо ва сабзавот тақрибан ба ҳам монанд: турнгу ширин мебошанд. Вале бӯйҳояшон гуногун ҳастанд.

Таҷрибаи одиро идома медиҳем. Шогирд забонашро бо салфетка хушк карда, дар он андак шакар мегузорад. Вай мазаи ширини шакарро то замене, ки вай дар луоб ҳал нашавад, эҳсос намекунад. Ин шаҳодатгари он аст, ки барои донистани ма­заи моддаҳо, зарур аст, ки он қаблан дар луоб ҳал шавад.

Таҷрибаи дуввум. Шакарро дар истикони об ҳал намуда, як қошуқ оби ин ис- тиконро бичашед. Шумо мазаи ширинро эҳсос мекунед. Вале қисматҳои гуногуни забон мазаро ба таври гуногун ҳис мекунанд. Тавассути қатрачакон махдули шакарро дар миёни забон бичаконед. Шумо мазаи ширинро эҳсос мекунед.

Сипае як қатра (набояд аз ҳад зиёд бошад) махдулро ба бехи забон бичаконед. Дар ин маврид забонро ба ком нарасонед. Шумо мазаи ширини маҳлулро ҳис намекунед. Ба назаратон чунин мерасад, ки ба Шумо оби тозаро чакониданд.

kom-dahon

Мебинем, ки бо дигар мазаҳо чӣ ran мешавад. Қисмати хурдакаки ҳаби анал- гинро дар об мунҳал намуда, маҳлулро ба нуги забои, сипас ба решай он бичаконед.

Нӯги забои мазаи аналгинро, реша талхии онро эҳсос мекунад. Мазаи ширин та- вассути мобайни забои эҳсос туда, ба туршиву шӯрӣ канори забои ҳассос мебошад.

Акнун оинаро бигиреду ба забони худ нигоҳ кунед. Шумо теппачаҳои сершумо- ри кӯчакро мебинед. Инҳо, ба истилоҳ, пистонакҳои мазасанҷ мебошанд.

Марҳилаи мазасанҷӣ аз даҳҳо хуҷайраҳои шаклқояшон торику рӯшан иборат ме­бошанд. (расми 4).

Маза тавассути ҳуҷайраҳои торик дарк мешаванд. Аз як тараф ин хуҷайраҳо ба торҳои асаб пайваст мешаванд. Торҳои асаб иттилоъро дар бораи маза ба мағзи cap интиқол медиҳанд.

Барой олимон то кунун ин низ номаълум мондааст, ки чй тавр, мағзи cap иттило- ъеро, ки аз аъзои зоиқа интиқол мешаванд, фарқ мекунад.

Пурсишҳо

  1. .Вожаи маза кадом маьниҳоро ифода мекунад? Мисол оваред.
  2. .Кадом навъҳои маза мавҷуд мебошанд? Оё ту онро ном бурда, шарҳ дода метавонй?
  3. Бо ёрии чй мо мазаҳоро эҳсос менамоем?
  4. Кадом қисмати забои мазан талхро эҳсос менамояд?
  5. Луги забои кадом мезаро эҳсос мекунад? Решай забои чй?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …