Главная / Илм / МИТСЕТОМА

МИТСЕТОМА

micetomaМИТСЕТОМА (Mycetoma), омоси илтиҳобие, ки бар асари занбӯруғҳои мухталиф рӯй медиҳад. Ангезандаи М. ба бофтаҳои зери пӯст аз ҷойҳои захмдор ва харошхӯрдаи он ворид мешаванд. Дар мавриди ба пӯст халидани хор, ба китф бардоштани халтаи хок ва ҳезум низ метавон сироят ёфт. Беморӣ асосан дар даст ва попанҷа, баъзан дар дигар ҷойҳои лучи бадан зуҳур меёбад.
Ба М. бештар мардони аз 20 то 40-сола гирифтор мешаванд, вале дар кӯдакону пиронсолон низ ба вуҷуд омадани он аз эҳтимол дур нест. Бо сабабаҳои номаълум М. бештар дар пои чап падид меояд. Аломатҳои аввалини М. пайдоиши папулаю уқдаҳои бедард дар каф ва панҷаи по мебошанд (онҳо зуд калон мешаванд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …