Главная / Гуногун / Мисрро истило кардани Англия

Мисрро истило кардани Англия

Дар ҷанги якуми (солҳои 3831 — 1833) зидди Туркия ҳарчанд Муҳаммад Алӣ ғалаба карда, истиқлолияти мамлакат ва чандин мулки арабии Туркияро ба даст дароварда бошад ҳам, дар ҷанги дуюм (солҳои 1839 – 1841) мамлакатҳои Европа бо сардории Англия аз ҷониби Туркия ба ҷанг даромада, ба он шикаст доданд. Дар натиҷаи ин Муҳаммад Алӣ аз тамоми мулкҳои забткардааш маҳрум шуд. Баъди ин ҷанг тобеияти Миср ба Туркия бо ном вуҷуд дошт.

Соли 1849 баъди вафоти Муҳаммад Алӣ набераи ӯ Аббоси I (1849 – 1854) ба сари қудрат меояд. Хидеви нав садоқати худро ба империяи Туркия иброз дошта, соли 1851 барои сохтмони роҳи оҳани Қоҳира-Искандария ба англисҳо иҷозатнома дод, ки ин дар Миср иҷораи аввалини хориҷиён буд.

misr

Баъди шикасти Ҳарбии соли 1840 хидеви Миср маҷбур шуд, ки ба мамлакатҳои Европа доиман гузашт кунад. Гузашткуниҳои Мисрро мамлакатҳои Европа акнун ба тавассути дипломатия ба даст медароварданд. Ин кор ба ӯҳдаи консулҳо вогузор карда шуда буд. Беҳуда нест, ки таърихи давраи солҳои 1841 – 1876-и Мисрро “давраи консул” меноманд.

Дар давраи ҳукмронин Саид (солҳои 1854 – 1863) ва Исмоил (солҳои 1863 – 1879) вазъи мустамликавии Миср тағйир наёфт. Барои ба асорат гирифтор кардани Миср сохтмони Канали Суэтс мақоми муҳим дошт. Соли 1854 соҳибкори фаронсавӣ Фердинанд Лесспес барои сохтмони канал ва истифодаи он аз хидеви Миср барои иҷора иҷозатнома гирифт. 17 ноябри соли 1869 Канали Суэтс ба истифода дода шуд. Ҳарчанд вазни асосии молиявию меҳнатии сохтмони канал ба души Миср афтода буд, лекин аз он бештар аврупоиҳо фоида диданд. Танҳо 15 фоизи даромади Канали Суэтс ба хазинаи Миср медаромаду халос. Аз сабаби вазнинии аҳволи молиявии мамлакат Исмоил маҷбур шуд, ки ҳамон 15 фоизи ҳиссаи Мисрро бо нархи ниҳоят арзон – 22 млн франк ба ширкати Фаронса фурӯшад. Баъди ин Миср аз истифодаи Канали Суэтс ягон тин ҳам даромад намегирифт, яъне он пурра аз хориҷиён шуд.

Соли 1876 вобастагин Миср ба давлатҳои хориҷӣ ба марҳалаи нави худ дохил мешавад. Давлатҳои Европа ба корҳои дохилии Миср рӯирост дахолат мекарданд. Миср аз ноилоҷӣ аз давлатҳои хориҷӣ пули зиёд қарз мегирифт ва онро сари вақт пардохта наметавонист. Барои ҳамин бо талаби қарздиҳандагони хориҷӣ 2 майи соли 1876 Исмоил маҷбур шуд, ки ба қонун дар бораи ташкили Хазинаи ошкорои қарзи Миср имзо гузорад. Баъди ин фаъолияти молиявии Миср пурра ба ихтиёри мамлакатҳои абарқудрати Европа гузашт, чунки ба ҳайати ин комиссия намояндагони карздиҳандагон дохил шуданд. Маҳз бо ҳамин сабаб моҳи августи соли 1878 кабинети вазирони Миср ба истеъфо рафта, кабинети нави вазирон ташкил гардид, ки ба он Нубарпошшо ном армани ба бонкҳои хориҷӣ алоқадор роҳбарӣ кард. Вазири корҳои дохилӣ шахси иртиҷоъпеша Риёзпошшои хизматгори вафодори англисҳо, Риверс Вилсон (ҷонишини Фердинанд), вазири молия, намояндаи Фаронса – вазири корҳои ҷамъиятӣ, намояндаи Австрия – нозири кулл ва намояндаи Италия рафиқи вазир таъйин карда шуданд. Худи ҳамин далелҳо шаҳодати онанд, ки Миср тобеъи хориҷиён шудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …