Главная / Биология / Мири мушон

Мири мушон

Мири мушон хурдтарин ширхӯри дарранда буда, дарозии баданаш то 15 см ва вазнаш то 100 гр мебошад. Вай дар бешазорҳои паҳнбаргу омехта, дар кӯҳпораю деҳаҳо вомехӯрад, пойҳои борики дароз дошта, ҷаҳида роҳ меравад. Вай ба таркишхои сангу деворҳо, ғорчаҳо даромада, ба дарахт ҳам чолокона часпида мебарояд.

мири мушон

Узвҳои сомеаю ломиса ва босираашон нағз инкишоф ёфтааст. Мири мушон ҳайвони фоидарасон буда, бештар ба хояндагони майда ҳамла мекунад. Вай дар як сол то 2000-3000 муши даштӣ ва мушҳои хонагиро мекушад, вале ҳамаи онҳоро намехӯрад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …