Главная / Илм / МИАЛГИЯ

МИАЛГИЯ

mialgiyaМИАЛГИЯ (Myalgia; юн. my[s] – мушак ва algos – дард), дард кардани мушак, ки ҳангоми оромӣ, ламс намудан ва ё ҷунбондани аъзо ба вуҷуд меояд. М. баъзан шиддат ёфта, бо варам ва таранҷиши мушакҳо, мас., ҳангоми шаклҳои вазнини илтиҳоб (ниг. Миозит), рух менамояд. Гоҳо М. нишонаи ягонаи илтиҳоби мушакҳо, хусусан ҳангоми бемории Борнхолм (миалгияи вогир), аст.
М.-ро аз невралгия бояд фарқ кард. Невралгия осеб ёфтани торҳои ҳассоси асабҳои канорӣ мебошад. Ҳангоми невралгия дард, одатан, ба рафти танаи асабҳо пайдо мешавад. М. бошад аз доираи осеби гурӯҳи мушакҳо берун намеояд.
М.-ро бо усулҳои физиотерапия, масҳ, доруҳои рафъи дард, гармишифоӣ ва ғ. муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …