Главная / Илм / МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

metgemoglobinemiiaМЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ, дар таркиби хун афзудани миқдори метгемоглобин (зиёда аз 1% аз миқдори умумии гемоглобин). Метгемоглобин ҳосилаи гемоглобин буда, қобилияти интиқоли оксигенро надорад. М. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. М.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи тамос бо моддаҳои химиявӣ (оксидкунандаҳо, баъзе ҳосилаҳои бензол, анилин, оксидҳои нитроген ва ғ.), заҳролудӣ аз доруҳо (фенасетин, викасол, доруҳои сулфаниламидӣ ва ғ.) сар мезанад. Ҳангоми М.-и вазнин норасоии оксиген (ниг. Гипоксия), сианоз, метгемоглобинурия ба вуҷуд меоянд.
М. дар навзодон мумкин аст дар натиҷаи истифодаи парпечҳои бо ранги анилин гулпартофта, ошомидани оби чоҳе, ки нитратҳои бисёр дорад, истеъмоли фенасетин ва ғ. пайдо шавад. Пешомади беморӣ ба шакли он вобаста аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …