Главная / Илм / МЕТАН

МЕТАН

metanМЕТАН CH4, гази ботлоқӣ, , як навъ карбогидрид. М. гази сӯзанда, берангу бӯй; t ҷӯш. – 164,5°С, t гуд. – 182,5°С, зичиаш нисбат ба ҳаво 0,554 (20°С); ҳангоми бо ҳаво якҷоя шудан (дар сурати ба 5 – 15% расидани консентратсия), омехтаи тарканда ҳосил мекунад. М. қисми таркибӣ ва асосии газҳои табиӣ (77 – 99%-и ҳаҷми умумӣ), газҳои ҳамроҳ бо нефт (31 – 90%) ва газҳои кон (34 – 40%) мебошад. Атмосфераи баъзе сайёраҳо (Зуҳал, Муштарӣ) асосан аз М. иборат аст. М.-и сунъиро бо роҳи коркарди ҳароратии ангишт ва нефт ҳосил мекунанд. М.-и табиӣ ҳангоми пӯсиши моддаҳои органикӣ зери таъсири бактерияҳо дар сурати нарасидани ҳаво пайдо мешавад. М. чун сӯзишворӣ ва ашё, барои ҳосил кардани пайвастҳои органикӣ (атсетилен, хлороформ, формалдегид ва ғ.) истифода мешавад.
Миқдори зиёди М. барои организм хавфнок аст. Аломатҳои аввалини заҳролудӣ (тез шудани набз, нафаскашӣ, калавида роҳ рафтан) ҳангоми 25 – 30% будани миқдори он дар таркиби ҳаво ба мушоҳида мерасанд. Консентратсияи бештари М. дарди сар меорад. Дар конковҳо ва коргарони истеҳсолоте, ки дар ҳавои он М. вуҷуд дорад, ихтилоли фаъолияти силсилаи асабҳои вегетативӣ ба қайд гирифта шудааст.
Барои пешгирии заҳролудӣ аз М. тоза кардани ҳавои ҷои кор, истифодаи асбобҳои нафаскашӣ аҳамияти калон дорад.

Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …