Главная / Илм / МЕТАБОЛИЗМ

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizmМЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole – тағйирёбӣ, табаддулот), маҷмӯи реаксияҳои химиявӣ дар ҳуҷайраҳои зинда, ки организмро бо энергия ва моддаҳои барои фаъолияти ҳаётӣ, сабзишу афзоиш муҳим таъмин менамоянд. Ба маънои васеъ «М.» мубодилаи моддаҳо ва энергия, ба маънии саҳеҳтар мубодилаи мобайнӣ, яъне табаддулоти моддаҳоро дар дохили ҳуҷайра ифода мекунад (аз лаҳзаи ба ҳуҷайра дохил шудани онҳо то ҳосил шудани маҳсули охирин). Аз ин рӯ, истилоҳи «М.»-ро ба гурӯҳи алоҳидаи моддаҳо ё моддаи муайян (мас., М.-и сафеда, М.-и глюкоза ва ғ.) нисбат медиҳанд.
Моддаҳои ғизоӣ дар ҳуҷайра бо иштироки ферментҳо баъзе тағйироти химиявиро аз сар мегузаронанд. М. ду тараф дорад: анаболизм ва катаболизм. Реаксияҳои анаболӣ ҳосил шудан ва бозсозии элементҳои таркиби ҳуҷайра ва бофтаҳоро таъмин месозанд. Ин реаксияҳо аксаран барқарорсоз буда, бо сарф кардани энергияи химиявии озод (реаксияҳои эндергонӣ) сурат мегиранд. Табаддулоти катаболӣ протсесси то компонентҳои содда таҷзия шудани молекулаҳои мураккаб мебошад. Ин реаксияҳо, одатан, оксидкунанда буда, бо ихроҷи энергияи химиявии озод (реаксияҳои экзергонӣ) сурат мегиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …