Главная / Маданият ва санъат / Мероси адабии Мушфикӣ

Мероси адабии Мушфикӣ

Шуд Мушфиқӣ аз килкат ойини сухан тоза,
Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.

Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рӯзгори кунунӣ осори зерини адабӣ боқӣ мондааст:

  1. Девони мутоибот.
  2. Ду девони ғазалиёт.
  3. Девони қасоид.
  4. Се маснавӣ:

а)   «Соқинома»

б)   «Гулзори Ирам»

в)   «Ҷаҳоннамо»

shoh-darborДар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз чаҳор ҳазор байт иборат аст. Мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қаблҳои лабрези муҳаббат, сӯзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ, мусиқиву навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзӯъҳо бо ангезаҳои дигари иҷтимоӣ: ноадолатиҳову золимӣ, бемеҳрию сустпаймонӣ, ҳавобаландиву кибр, фиребу дасисакорӣ, мунфиқиву авомфиребӣ ва ғайра хеле қавианд.

Шоир дар суннати ғазалсароӣ ғолибан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ мекунад:

Назми ту, Мушфиқӣ, ба Камоли Ҳасан расид,

Ту гуфтаӣ, ки пайрави пири Хуҷандиям.

Аз ин ҷост, ки ғолибан ҳаҷми ғазалҳои Мушфиқӣ 6-7-байтӣ буда, мавзӯъҳои ишқӣ ҷои аввалиндараҷа доранд. Чунончи:

Дар ғамат дилро фигори хаста мегӯем мо,

Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо.

Бар дили мо он чи аз тоқи ду абрӯят гузашт,

Бо худ аз девонагӣ пайваста мегӯем мо.

Меравӣ тунду дуогӯён зи дунболи туанд,

Ваҳ, ки меранҷӣ агар, оҳиста мегӯем мо.

Гуфтам, ай гул, он даҳонро пистаи хандон бигӯ,

Ин сухан гуфт аз даҳони писта мегӯем мо.

ҷони рақибон бар сари кокул мабанд,

Фитнае хоҳад шудан сарбаста мегӯем мо.

Ҳар касе пурсад зи ашки мо ҷавоби ин сухан,

Чеҳра аз ханоби ҳасрат шуста мегӯем мо.

Мушфиқӣ, ҳар кас чӣ донад мастиву ворастагӣ,

Бо гирифторони аз худ раста мегӯем мо.

Беҳуда нест, ки устод С.Айнӣ ғазали болоро «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст»-мегӯяд.

Бешубҳа, чунин ғазалҳои шоир хеле ҳунармандона, дилкаш, хушадо, мақбулу матлуб эҷод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзӯъ, мазмуну мӯҳтавои ғазал ҳунари шоир комилан ҷавобгӯ буда, тасвиргарӣ ва маъниофариву мазмунсозӣ барҷастааст. Дар иртибот бо ин ҷанбаъ хусусиятҳои шаклии ғазал низ ҷолиб мебошад.

Ғазал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду калима фароҳам омадаву пас аз қофия ҷой гирифтааст. Қофияҳои ғазал калимаҳои хаста, дониста, пайваста, оҳиста, писта, сарбаста, шуста, роста мебошанд. Қофияҳои мазкур асосан муқайяд буда, таҳкими ғоявии ғазалро таъмин намудаанд.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф иншо шуда, афоъили он чунин шакл дорад:

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун фоъилун.

Ғазал ишқӣ бошад ҳам, ҳаҷру фироқ, сӯзу гудоз, нозу истиғно, бераҳмиву бемеҳрии маҳбуба ба тасвир омадааст. Аз ин рӯ, оҳангҳои иҷтимоӣ пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён, ҳолати образҳои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. Ӯ чунин назокати ҳунари эҷодро дар офариниши ғазал аз Ҳасани Деҳлавӣ ва камоли Хуҷандӣ бештар омӯхтааст.

Мушфиқӣ ишқи инсонӣ, муҳаббати заминиро ҳамчун як воситаи хеле ҳалкунандаи ҳаёти инсонҳо, сарнавиштсоз ба тасвир мегирад. Аз ин рӯ, ишқи инсонӣ низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин ҷанбаъ дар тасвири Мушфиқӣ моҳияти илҳомбахшӣ ҳам дорад ва аз ин рӯ, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларӯёни Самарқанд аст:

Мушфиқӣ бе лоларӯёни Самарқанд ин қадар,
Сӯхтам, к-аз доғҳо шуд синаам нақши ҷаҳон.

Дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷузъиёти образҳои лирикӣ хеле ӯҳдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифҳои «хусни хати голиябӯ», «бандаи рӯ», «ҳаваси ҳар сари мӯ» «хоки сари кӯ» ва ғ. ба маҳбуба сидқан изҳори муҳаббат мекунад. Дар ишқи маҳбуба садоқати асили худро баён менамояд. Зикри ҷузъиёти васфшаванда сӯзу гудози ошиқро ҷонгудозтару синасӯзтар ҷилва медиҳад.

Чунончи:

Волои ҳусни хати ғолиябӯи ту шавам,

Ваҳ чӣ зебо шудаӣ, бандаи рӯи ту шавам.

Гар шавад ҳар нафасе дар тани ман ҷони дигар,

Ҳар нафас ҷон диҳаму зинда ба бӯи ту шавам.

Ман на он ошиқам имрӯз, ки чун булҳавасон,

Талабам коми дилу ранҷа зи хӯи ту шавам.

Сари мӯе шудаам аз ғаму дорам ҳавасе,

Ки фидои ҳаваси ҳар сари мӯи ту шавам.

Зиндаву мурда бар инам, ки ба ҷое наравам,

Дар қадам бошаму хоки сари кӯи ту шавам.

Сад накӯӣ зи рухат дидаму як ҷон додам,

Чӣ аҷаб, гар хиҷил аз рӯи накӯи ту шавам.

Мушфиқӣ аз ҳама сӯ рӯи ту дорад ғаму дард,

Шавқро раҳгузаре нест, ки сӯи ту шавам.

Дар лирикаи ишқии Мушфиқӣ мавзӯъҳои пурракунандаи ишқу ошиқӣ: май, бодапаймоӣ, садои мусиқӣ, навозандагӣ, баҳор, насими субҳгоҳӣ, садои булбулону ҳазордастон, резиши борони найсону садои ҷӯйчаакҳати гулзорҳову бахмалосо гардидани намуди зоҳирии замин ва ғ. мебошанд:

Рухат имшаб, ки ҳамчун гул зи тоби май арақ карда,

Аҷаб дорам, ки моҳ аз ҳола худро дар табақ карда.

Ё ин ки:

Баҳор шуд, кадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд,

Бунафша дар назар ояд сари ғизола намояд.

Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон,

Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд…

Рӯ овардани шоир ба маю бода, мусиқиву суруд рамзи хушгузаронии умр, ғанимат донистани лаҳзаҳои зиндагӣ, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, барҳамзании нобасомониҳои рӯзгор, печидагиҳои ҳаёт, канораҷӯӣ аз ғаму дарди замона мебошад. Бо назардошти ҳамин ҷанбаъ шоир таъкид менамояд, ки:

Гар нишоти умр хоҳӣ, бе маи гулгун мабош,

Ҳамчу даври гул ғанимат дор ин айёмро.

Вобаста ба рӯзгори нисбатан қашшоқонаи Мушфиқӣ, ҳатто лирикаи ишқии шоир саршор аз мазӯъҳои дигари иҷтимоист. Оҳангҳои иҷтимоӣ, хусусан дар ғазалҳои Мушфиқӣ хеле баландсадо буда, ҳатто баъзан ғазалҳои алоҳидаро фаро гирифтаанд. Дар баъзе ғазалҳои иҷтимоии шоир ҳам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва ҳам қофия бори ғоявӣ мекашанд. Ин ҳолат саргузашти қаҳрамони лирикиро боз ҳам возеҳтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,

Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.

Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,

Хирмане сӯзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил афтод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,

Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност,

Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Бешубҳа ғазали боло яке аз ғазалҳои шоир аст, ки мазмуни басе баланди иҷтимоӣ дорад. дар эҷоди чунин шеърҳо Мушфиқӣ хеле қавипанҷа мебошад, зеро ҳолати мазкур дар иртибот бо авзои таърихии замони ӯ шояд пеш омада бошад. Ӯ мегӯяд:

Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро,

Аз банди ғам озод надидам дили худро.

То ғам нахурад кас нашавад манзиле обод,

Ғам хурдаму обод надидам дили худро.

ва ғайра. Бовуҷуди он Мушфиқӣ комилан навмед нест. Ӯ дар ин ҷода шоири некбин аст:

Замона Мушфиқӣ меҳтарсарой аст, Бувад рӯзе, к-аз ин меҳнат бароем.

Оҳангҳои иҷтимоӣ дар навъҳои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Ба ин маънӣ Мушфиқӣ дар ин рубоӣ мегӯяд:

Султон сухан аз сипоҳу зар мегӯяд,

Тоҷир сухан аз суду сафар мегӯяд.

Дар ҳар сухане шеваи мо тадбир аст, Тақдир, вале ҳарфи дигар мегӯяд.

Дар ин рубои масъалаи қазову қадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда гуфтан мехоҳад, ки андешаи инсон вобаста ба кору пешаи ӯст. Аз тарафи дигар, инсон дар кадом ҷой ва кадом пешае, ки фаъолият кунад, хатман суду зиёнро пеши назар меорад. Мақсади ӯ ба даст даровардани фоида мебошад. Аз ин ҷост, ки новобаста ба касбу кор мақмад, ҳавасу орзу пайваста дар сари инсон ҳаст. Диле бе ҳавасу саре бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зӯрӣ, қувва яъне сипоҳ, суду фоида яъне зар аз куҷо ба даст биёрад. Ё ин ки тоҷир, бозаргон, аҳли савдо ҳамеша саъй дорад, ки ба куҷо сафар кунад ва аз куҷо ба куҷо чӣ биёраду бубарад. Вале ин ҳама аз доираи сарнавишт берун нест. Яъне ин ҳама тарбут ба тақдир аст.

Мушфиқӣ дар баробари мадҳи султонҳо, ситоиши шоҳону амирон, онҳоро танқиду сарзаниш ҳам мекунад. Ӯ дар ин рубоӣ мегӯяд:

Султон, ки зи ҷоҳ рӯ ба дарвеш накард,
Сад хона кам аз симу зари хеш накард.

Бо он ки замину осмон мулки Худост, Як хона барои худ бино беш накард.

Ҳадаф дар ин рубоӣ низ қазову қадар аст. Ба шоҳ баландии мартаба имкон намедиҳад, ки ҳамнишини дарвеш бошад. Инчунин шоҳон соҳиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин ҷо мисраи рубойи халқӣ, ки «На шоҳаншоҳ бурда як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфиқӣ ҳаммазмун мебошад.

Умуман дар лирикаи Мушфиқӣ аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва мавзӯъ ғазалиёту рубоиҳои ӯ хеле ва хеле наздиканд. Зеро ишқу ошиқӣ, ҳаҷру висол, сӯзу фироқ, вафову бевафоӣ, садоқату носодиқӣ, сабуриву носабурдӣ, ҳассосиву беҳисӣ ва ғайра дар ғазалиёту рубоиҳо хеле маълум буда, шоир ин навъҳои адабиётро хеле ба ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояҳои андаке иктифо мекунад. Масалан, ҳадаф аз май ва мастӣ ба андешаи шоир, фориғ будан аз ғами замон, ғанимат донистани оддитарин лаҳзаҳои рӯзгору зиндагӣ ва ғайра:

Ғараз аз бода хурдан Мушфиқиро ғайр аз ин набвад,

Ки месозад даме фориғ аз ин дайри ғамободаш.

Мушфиқи ба таълифи қасида ҳанӯз хеле барвақт оғоз кардааст ва дар эҷодиёти шоир пас аз ғазал қасоиди ӯ меистад. Девони қасидаҳои Мушфиқӣ аз 3000 байт иборат аст. Ӯ дар шакл ва мазмуну мавзӯи қасидаҳо асосан аз қасоиди анъанавӣ берун нарафтааст. Вале дар шеърияти эҷод, мазмунсозию маъниофарӣ, ҳунари шоирӣ, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ва ғайра хеле ва хеле шоири навовар ва эҷодкори тозакор аст. Ӯ ғолибан дар қасоиди мадҳӣ қавипанҷа буда, дар мадҳи Султон Саид ва амир Абдулоҳхон ва дигарон қасидаҳо эҷод кардааст.

Мавзӯи қасидаҳои Мушфиқӣ ба ғайр аз мадҳу сано, инчунин пеш аз ҳама аз ҳамду наъти Худо, Муҳаммад ва ёрони ӯ, симоҳои мӯътабари дин, майлҳои сӯфиёна, тасвири манзараҳои диёр, фаслҳои сол, ишқу муҳаббат, саргузашти худи эҷодкор, ҳасби ҳолу ҳолу шиква аз замон, танқиди ноадолатиҳо ва ғайра мебошанд.

Мушфиқӣ яке аз сабабҳои асосии рӯ ба дарбор овардани худро дар осудагиву оромии дарбор медонад ва аз ин рӯ мегӯяд:

Ба ин даргоҳи олӣ Мушфиқӣ баҳри дуо омад,
Паноҳ овард аз ҷаври замону фитнаи даврон.

Ӯ Султон Саидро «шоҳи иқлими каромат», «соҳиби фазлу карам», менамояд ва ин ҳокимро басо ситоиш мекунад:

Адли ӯ то хори зулм аз пои мискинон кашид,

Нест саҳрое, ки бошад бесуруди хоркаш.

Кас ба аҳди ӯ наафтодааст дар чоҳи бало,

Чуз дили ошиқ, вале он низ дар чоҳи закан.

Мушфиқӣ дар санои Абдулоҳхони Шайбонӣ ҳам, хеле сидқӣ камар бастааст ва ӯро арбоби давлат дониста, асоси муваффақияти эҷодиёти худро аз шарофати давлатдории ҳамин ҳоким меҳисобад:

Шеъри ман гар зиннате дорад, зи юмни мадҳи туст,

Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.

Мушфиқи мамдӯҳи худ-шоҳро баъзан ба шоҳони пешин шабеҳ дониста, ҳатто гоҳо афзал меҳисобад. Чунончи, мегӯяд:

Хусраво, аҳди сухан тоза шуд аз давлати ту,

Натавон аҳде аз ин нодиратар пайдо кард.

Наи хушки қалам аз файзи баҳори карамат,

Барги эъҷоз бароварду самар пайдо кард.

ва ғайра. Хусусан мавзӯъҳои танқидӣ ва тасаввуфию панду насиҳатии Мушфиқӣ хеле ҷолиб ва ҷаззобанд.

Шоир сарвазир Осафро беибо дев меномад, ки чунин ҷуръат кам андар кам аст. Агар дев роҳбар бошад, пас чӣ гуна низом барқарор хоҳад гашт? Чунончи, мегӯяд:

Осаф, ки дев бошаду девон ба қукми ӯ,

Назми умури мулки Сулаймон чӣ сон диҳад?

У масти ҷоми мансабу ҳар дам ба пеши ӯ,
Соғар даҳон кушояду шиша забон диҳад.

Дар бештари ашъори лирикии Мушфиқӣ хусусан дар ғазалиёташ, шоир оҳангҳои шиквоӣ, танқидӣ ва эътирозӣ хеле баланд садо додаанд. Зеро шоир аз тангии маишӣ, аз рӯзгори нобасомон, аз ҳаёти вазнин басо бо сӯзу гудоз ва бо ҳасрат сухан мегӯяд. Албатта, қаҳрамони лирикии ӯ ҳангоми тасвир маҳдуд нест ва аз ин ҷиҳат, шояд шоир умуман аҳволи аҳли қаламро дар назар дошта бошад. Ба ҳар ҳол пеш аз ҳама шахсияти шоир бояд фаҳмида шавад. Ӯ ҷое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид кардааст;

Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам,

Бечораам, илоҷ надорам куҷо равам?

Ё ин ки:

Рӯи муроде ҳаргиз надидам,

Аз номуродӣ умрам сар омад.

Ин аст, ки шоир барои тасалӣ ёфтан ва таскин додани дили худ, ба сӯзи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсӯз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехоҳад. Аз ин ҷост, ки танқиди рӯирости шоҳону амирон ва вазирону ҳокимон дар эҷодиёти ӯ хеле кам аст. Яъне ӯ созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки шоир бештар ба ҳазлу шӯхӣ ва ашъори мутоибавӣ рӯ меорад. Албатта, ин мазӯъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танқиди зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ,
Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Дигар аз масъалаҳои бисёр ҷиддӣ дар лирикаи Мушфиқӣ тасвири табиат, манзараҳои диёр, гулу гиёҳ, абру борон, офтобу гармо, насиму боди баҳорон, накҳати баҳориву махмалинпӯшшавии дашту даман, назаррабоии кӯҳу ҳомун, хаёлангезии водиҳои гулпӯш ва ғ. мебошад. Ин ҳолат на танҳо дар ғазалиёту рубоиёт, инчунин дар қасидаҳои ӯ хеле ҷолиб ба тасвир омадааст:

Май хӯрдаву афрӯхта рухсор шукуфа, Гул-гул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.

З-он пеш, ки дар боғ саропарда занад гул,

Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.

Азбаски ба ташрифи раёҳин гуҳар афшонд,

Шуд абр тиҳикисаву зардор шукуфа.

То сабза бар атрофи гулистон пари тӯтист,

Аз синаи боз аст намудор шукуфа.

Дар бод мабодо, ки ба шӯхӣ фитад аз шох,

Худраставу тифл асту сабӯксор шукуфа.

Ё худ:

Абри найсон ба гулистон чу гуҳарбор шавад,

Настаран пургуҳари сода садафвор шавад.

Фалаки шох, к-аз ӯ сӯбҳи шукуфа бидамад,

Авфақи тарфи чаман матлаи анвор шавад.

Сабза шона диҳад аз ғолиядон лола барад,

То насим ояду машшотаи гулзор шавад…

Ва ё лаҳзае аз фасли тирамоҳро чунин бо хусусиятҳои хоси он дар қасидаи «Васфи хазон» ба қалам медиҳад:

Ба рӯи об хазонро сари тамошо шуд,

Ҳазор заврақи заррин зи барг пайдо шуд.

Зи баски хуни гул аз шох рехт наштари хор,

Зи чеҳрааш асари заъф ошкоро шуд…

Яке аз мавзӯъҳои хеле марказӣ дар эҷодиёти Мушфиқӣ ҳаҷву мутоиба мебошад. Ӯ ба ин мавзӯъ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ-солҳои таҳсил дар мадраса оғоз кардааст. Тақрибан солҳои 1557-58 шоир ашъори ҳаҷвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки «Девони мутоибот»-и шоир ашъори ҳаҷвӣ- мутоиботии ӯро фаро мегирад. Мушфиқӣ дар бораи арзиши ҳаҷву мутоиба мегӯяд:

Шамшери ҳаҷв олату афзони шоирист,

Ин ҷинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.

Бештар ҳаҷви ӯ доираи васеи ҳамкасбон, зиёиёни замони Мушфиқиро дар бар мегирад. Инчунин ҳаҷву мутоиботи Мушфиқӣ ба табақаҳои ҳокими замон, амалдорон, соҳибмансабон, сармоядорон низ равона гардидааст:

Хоҷа гандум ваъда карду ним ҷав ҳосил нашуд,

Дар садои ваъда доим ҳиммати дун асту доҳ

У разолат карда бошад, мо қаноат мекунем,

Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯи сиёҳ.

Мушфиқӣ аз табақаҳои, соҳибмансабон: Арбобзода, қозӣ, Масъуди сармоядор ва дигаронро ҳаҷв кардааст. Ӯ дар бораи Масъуди сармоядор мегӯяд:

Дар кори ту, Масъуд, аҷал дер кунад,

Вақт аст, ки зӯр овараду зер кунад.

Аз симу зари ҷаҳон нашуд чашми ту сер,

Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.

Ё ин ки Маҳмуд ном муллои Гелонӣ, ки баъд ба Самарқанд омада муқимӣ шудааст, Мушфиқӣ ӯро ҳаҷв мекунад:

Зи Гелон омадӣ, Маҳмуд, берун,

Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ.

Задӣ саркалла бо Заҳҳоки морон,

Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

Дигар аз хусусиятҳои ҳаҷви Мушфиқӣ ва мутоиботи ӯ дар мушаххас ва ҳаётӣ будани мавзӯъ аст. Ӯ шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кирдори зишти онҳоро ҳаҷву танқид менамояд.

Лексикаи ҳаҷвӣ- мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хоси ҳамон касбу пеша, оддӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ мебошанд.

Барои намуна ғазали ҳаҷвии «тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард, ки хеле ҳаҷви малеҳ дорад. дар ин ғазал тавассути санъати таҷову муҳобила аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару бародар бошанд ҳам, нобаробарӣ сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, ҳарисӣ нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти шарҳиҳолӣ дорад:

Ҳамшира хакрҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.

Анбори пур зи ғаллаи бобо аз он ман,

Он қоҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман,

В-он нағмаҳои тарнатороно аз они ту.

В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбеҳи пора-пораи бобо аз он ту.

Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман,

Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Чумла гилему қолини бобо аз они ман,

В-он нақшҳои мондаи бурё аз они ту.

Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

Мардум гусел кардану шиштан аз они ман,

Такфини хоб кардани бобо аз они ту.

Рафтан ба сӯи қабру нишастан аз они ман,

Дастархони чалкаку ҳалво аз они ту.

Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар онҳо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт ҳаҷв мекунад. Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда мешаванд, ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор, андоза, арзишманди ҳиссаи ба хоҳар пешниҳодшуда бештар аст. Вале амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рӯ, шоир мантиқан ҳамшираро ҳимоя мекунад.

Ё ин ки намунае аз як ғазали дигари шоир, ки бисёр ба мавзӯи муҳим-ишқу масъалаҳои дигари иҷтимоӣ: нодорӣ, тангдастӣ, бенавоӣ, сӯзу фироқ, ҳаҷру зурӣ ва ғайра, ки қаҳрамони лирикиро ҷон ба лаб овардаву ноилоҷ сохтааст, рӯ меорем.

Дар ин ғазал ҳатто хавфи афзалияти рақиб ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки ошиқ-қаҳрамони лирикӣ мехоҳад рӯ ба қатъияту ҷиддият биёрад.

Мушфиқӣ мегӯяд:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам,

Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам.

То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб,

Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.

Боҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун,

Хирмане сӯзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод,

Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам.

Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст,

Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност,

Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Ғазали мазкур ишқӣ буда, дар он содди чиноиро (девори хитоӣ) маҳбуба тавассути ҳаҷру ҳиҷрон ва дурӣ аз висол гузоштааст. Ошиқ ҳеҷ илоҷи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин рӯ, маҳз ба хотири он ки рақиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар ҳеҷ чизро дареғ намедонад. Ошиқ бар хонаву ҷой, шамъу парвона, хирману дона ва умуман аз ҳастӣ мегузараду оташ меафканад. Оташи афкандаи ошиқ, оташи вақеӣ нест, балки дуди оҳи дил аст, ки сӯзону оташосо аст. Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст, пас ҳастӣ дучори фано мебошад.

Зеро воситае, илоҷе, дастасие, умеде дигар барои висол дар ӯ намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозиву маъниофарӣ дар ашъори Мушфиқӣ, пеш аз ҳама дар ғазалиёти ӯ аз нобасомониҳои замони шоир, аз тангии маишӣ, аз дасткӯтоҳӣ пеш омадааст. Ин аст, ки чунин оҳангҳои на танҳо дар ғазалҳои Мушфиқӣ дучор мешаванд, балки ҳамаи шаклҳои шеъриии эҷодиёти ӯро ҳам фаро гирифтаанд. Омӯхтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалаҳои зиндагиномаи шоир кӯмаки бевоситаи ҷиддитарин хоҳанд намуд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …