Меъморӣ

Меъморӣ (юн. arhitektura, аз лотинии. archi – «асосӣ» ва tektos – «сохтан, бунёд кардан»), бинокорӣ (бо русӣ – бино кардан) – санъ- ати сохтмонӣ. Дар ҳаёти ҳаррӯза мо бештар бо биноҳои меъморӣ, кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо, варзишгоҳҳо, майдончаҳои варзишӣ, деҳаҳо, шаҳрҳои зебо дучор мегардем.

Барои инсоне, ки меҳнат мекунад, ба варзиш, таҳсил ё рақс машғул аст, ҳатман бояд бинои махсус таъиншуда мавҷуд бошад.

Ҳамаи ин ба меъморӣ тааллуқ дорад.

Барои сохтмони гуногун ду талаботи асосӣ гузошта мешавад: сифат (мустаҳкамӣ) ва бароҳат будан. Ба максади он ки асарҳо ба санъат тааллуқ дошта бошанд, онҳо бояд зебо, яъне ҷалбкунанда бошанд.

Кулолии сиёҳ. Чин
Кулолии сиёҳ. Чин
«Юртаҳо». Муғулистон. Н. К. Рерих
«Юртаҳо». Муғулистон. Н. К. Рерих
«Аз кӯҳ ба водӣ». В. Верещагин
«Аз кӯҳ ба водӣ». В. Верещагин

044

055

Барои мисол манораи Буранро мавриди баррасӣ қарор додан мумкин аст.

Манораи Буран – манораи боҳашаматест, ки қадимтарин ёдго- рии меъмории Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, ба асри XII тааллуқ до­рад. Баландии он тақрибан 48 м, қутраш ба 8 м баробар аст.

То ба ҳол дар Қирғизистон шоҳкории меъморӣ – манораи Узген то замони мо боқӣ мондааст. Муҷтамаи меъмории Узген ба асрҳои X-XI тааллуқ дорад. Муҷтамаъ аз манора ва се мақбара иборат аст, балан- дии қаблии манораи Узген ба 44 метр баробар буд, айни замон пас аз харобшавӣ ва таҳшинӣ баландии он ба 27,5 метр бирасид.

Мақсади асосии меъморон сохтмони манораи мустаҳкам барои муҳофизат аз душманон буд, илова бар ин онҳо ҳамчунин дар бо- раи зебогии иншоот фаромӯш накарданд. Манораи Буран симои зоҳирии нотакрор дорад. Манора бо услуби шарқӣ сохта шудааст.

Моро биноҳои устувор ва қулай иҳота мекунанд, аммо онҳо зебо нестанд ва бо симои зоҳирӣ таваҷҷӯҳи моро ба худ ҷалб на- мекунанд, эҳсос мешавад, ки ба сохтмон дасти рассом нарасидааст.

* Нахустин сохтмонҳои инсоният (заминканҳо, козаҳо, юртаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, қабристон, ҳайкалҳои болои қабрҳо) ба ка­дом намуди санъат тааллуқ доранд?

Дар тӯли чил ҳазор сол дар тамоми ҷаҳон эҷодиёти халқӣ руш- ду нумӯъ кард. Дар баробари рушди техника тамоми асобобу таҷҳизоти истифодашаванда тибқи шаклу услуб, тибқи талаботи одамон, мутобиқи давру замон намуди худро тағйир доданд. Аз ин лиҳоз мо бояд таърихи рушди намудҳо ва жанрҳои санъати тас- вириро бидонем.

Ғайр аз намудҳои ба шумо маълуми санъати тасвирӣ, мо чор жанри асосиро баррасӣ менамоем, чунончи:

– портрети инсон ба тамоми қад;

  • натюрморт – ашёҳои ғайризиндае, ки моро иҳота кардаанд;
  • интерйер – ороиши дарунии биноҳои истиқоматӣ.

Бар замми жанрҳои мазкур, тасвирҳои сюжетӣ – жанрҳои сод- да мавҷуданд, ки дар зер нишон дода шудаанд:

  • тамсилӣ;
  • маишӣ;
  • таърихӣ;
  • размӣ (ҷангӣ);
  • асотирӣ;
  • динӣ.

 

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

шеъри модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, …