Главная / Гуногун / Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Душанбе

Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар Душанбе

Тоҷикистон – меҳмонхонаи 5-ахтараи маъруфтаринест, ки дар маркази шаҳри Душанбе  паҳлўи як қатор вазорат, идораҳо ва макони фарҳангиву фароғатии пойтахт ҷойгир буда ба мизоҷон хизматрасонии волои замонавиро, пешкаш менамояд.

Меҳмонхона дорои 120 утоқи олиҷаноб буда ҳар утоқ барои 1 то 4 нафар таҷҳизонида шудааст ва аз онҳо зебоии шаҳри Душанбе, кўҳҳои гирду атроф ва парчами Тоҷикистон, ки аз баландтарин дар дунё маҳсуб меёбад, хуб намудор мебошад.

Сурати мехмонхонаи точикистон

Ҳамаи утоқҳо бо ҷиҳози замонавӣ аз ҷумла, мебели мулоим, яхдон, WiFi интернети ройгон, кондисионер, телевизор бо шабакаҳои моҳворагию кабелӣ, мизи корӣ, говсандуқ (сейф) ва ҳамому дигар ашёи муҳим таъмин мебошанд. Барои меҳмонон, тарабхона дар ошёнаи якуми меҳмонхона фаъолият менамояд ва 3-вақт таомҳои миллӣ, аврупоӣ ва гурҷиро пешкаш менамояд. Ҳар ҳафта дар тарабхона барномаҳои фарҳангии санъаткорони машҳур баргузор мешаванд, ки барои болидагии руҳи мизоҷон мусоидат менамоянд.

Толори даромадгохи меҳмонхонаи «Тоҷикистон»!

Дар қатори бартариятҳои асосии меҳмонхонаи «Тоҷикистон», ки ҷойгиршавии онро низ қайд кардан мумкин аст, соҳиби утоқҳои бароҳат, тарабхона, бар, маҷлисгоҳ, утоқҳо дар ошёни баланд инчунин дорои як зумра дигар афзалиятҳо мебошад. Дар назди бинои меҳмонхона осорхонаи боҳашамат, боғи Парчам, вазорату кумитаҳо, Ҳукумати пойтахт ва кишвар, марказҳои тиҷоратии бузурги замонавӣ, идораҳои тиҷоратии ташкилотҳо, аквапарк, амфитеатр, бемористони замонавӣ, тарабхонаи ҷопонӣ, китобхонаи нав ва ғайраҳо ҷойгир мебошанд, ки то онҳо дар давоми 2 дақиқа пиёда рафтан мумкин аст.

Нархи утоқҳо аз 100 доллар то 500 долларр барои як шабонарӯз ташкил медиҳад.

Нархи утоқҳо аз 100 доллар то 500 долларр барои як шабонарӯз ташкил медиҳад.

Пардохти хизматрасониҳо дар меҳмонхона дар шакли нақдию ғайринақдӣ ва инчунин бо истифодаи кортҳои пардохтии Visa, MasterCard, UnionPay, Корти миллӣ имконпазир аст. Бронкунии утоқҳо тавассути телефон ё почта ройгон буда, тавассути сомонаҳои (Booking.com, Ostrovok.ru, Agoda.ru) тариқи онлайн имконпазир аст. Ба арзиши кирои ҳамаи утоқҳо маблағи субҳона ба инобат гирифта шудаанд, ки истеъмолӣ он дар тарабхонаи Таджикистан, имконпазир аст.

mehmonxonai-dushanbe-4

Барои мизоҷоне, ки ба истифодаи нақлиёт эҳтиёҷ доранд ва ё ба дидани ҷойҳои зебоманзару сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хоҳиш доранд, аз тарафи меҳмонхона шароити муассир дар ҳамбастагӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва нақлиётӣ , андешида шудааст.

Кормандони меҳмонхона мутахассисони соҳибкасб буда бо забони давлатӣ, англисӣ ва руссӣ бо мизоҷон муошират менамоянд. Ногуфта намонад, ки номи меҳмонхона аз исми худи давлат, сарчашма мегирад ва яке аз аввалину машҳуртарин меҳмонхонаҳои Тоҷикистон ба шумор меравад.

Марҳамат ба меҳмонхонаи «Тоҷикистон»!   

734001, Республика Таджикистан
Суроға
ш. Душанбе, кучаи Шотемур, 22.
Телефон.: 992 44 600 9933
Факс: 992 44 600 99 11
Почтаи электрони: hotel@tojikiston.com

МАКОН ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …