Яке аз мулук ботане чанд аз хоссон дар шикоргоҳе ба зимистон аз иморат дур афтод. Шаб даромад, хонаи деҳқоне диданд.
Малик гуфт:
– Шаб он ҷо равем, то заҳмати саром набошад.
Яке аз вузаро гуфт:
– Лоиқи қадри подшоҳон набошад ба хонаи деҳқоне илтиҷо кардан.
Ҳамин ҷо хайма занему оташ кунем.
Деҳқонро хабар шуд. Моҳазаре овард ва замин бўсиду гуфт:
– қадри баланди султон бад-ин қадар нозил нашудӣ, валекин нахостанд, ки кадри деҳқон баланд гардад.
Маликро сухан гуфтани ў матбуъ омад. Шабонгаҳ ба манзили ў нақл карданд. Бомдодонаш хилъат фармуд. Деҳқон дар риқоби султон ҳаме рафт ва мегуфт:
Зи қадру шавқати султон нагашт чизе кам
Аз илтифот ба меҳмонсарои деҳқоне.
Кулохгўшаи деҳқон ба офтоб расид.
Ки соя бар сараш андохт чун ту султоне.