Главная / Маданият ва санъат / Меҳмонӣ кардани пайғамбарон биҳиштиёнро

Меҳмонӣ кардани пайғамбарон биҳиштиёнро

Меҳмонӣ кардани пайғамбарон биҳиштиёнро

Чун биҳиштиён дар маконҳои худ қарор гиранд ва ба айшу нуш машғул шаванд, пайғамбарон биҳиштиёнро ба меҳмонии худ даъват намоянд.

Рӯзи шанбе овози фарёдкунандае барояд, ки эй аҳли биҳишт, имрӯз ҳама дар Ҷаннатулхулуд ҳозир шавед, даьвати Бобои Одам сафияллоҳро қабул кунед.

Ҳама биҳиштиён ба ҳузури дил ба Ҷаннаттулхулд ба зиёфати Одам (а) рафта, зиёфату неъматҳои гуногун хӯрда, бо фориғии дил ба манзилҳои худ бозгарданд.

Дар рӯзи якшанбе ба зиёфати Нухи Набиюллоҳ ба ҷаннатулнаъим раванд ва бо хурсандӣ ба маконҳои худ бозгарданд. Дар рӯзи шанбе ба ҷаннатулфирдавс ба меҳмонии  Иброҳим Халилуллоҳ раванд. Баьд аз хӯрдани зиёфат бо шодиву хурсандӣ ба манзили худ бозгарданд. Рӯзи сешанбе ба зиёфати Мусо (а) раванд ва аз он ҷо бо роҳат ба қасрҳои худ бозгарданд. Дар рӯзи чаҳоршанбе ба зиёфати Ҳазрати Исо (а) оянд ва бозгарданд.

Дар рӯзи панҷшанбе нидо ояд, ки имрӯз рӯзи заёфати Саиди Асфиё ва саиди Анбиё ва нури дидаи ҳаждаҳ  ҳазори олам ва беҳтарини авлоди одам Ҳазрати Муҳаммада Мустафо (с) аст. Дар таҳти дарахти Тубӣ ҳозир шавед тo моидаи абад бихӯред ва ҷамоли бокамоли Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)-ро бубинед.

Ҳамаи биҳиштиён дар сояи дарахти Тубӣ ҷамъ оянд ва ба  зиёрати он султони инсу ҷон мушарраф гарданл. Чун аз таьом фориғ гарданд, кадаҳҳои шароби лазиз биёранд. Дар он навишта шудаас, ки ин шароби пок аз Парвардигор аст ба сӯи бандаи пок. Ҳар як аз ҳозирони он мақом ҷоме аз он бинӯшад, баъд аз он ҳиҷобҳоро аз пеш бардоранд,  то ба мушоҳидаи ҷамоли Илоҳӣ мушарраф гарданд.

Илохо, мо бандагонатро ба дидори бемисоли худат мушарраф гардон.

Ба ривояти аҳли суннат дидори Худои таьоло мӯъминонро аз биҳишт ҳақ аст, лекин эътиқод бар он бояд кард, ки мӯъминон Худои таьолоро ба чашми cap аз биҳишт мебинанд на дар биҳишт. Агар гӯем, қи дар биҳишт Худои таъолоро  мебинанд он ҳато аст, зеро ки ташбеҳ ба макон мешавад. Ва  Аллоҳ таъолоро макони муайян нест.

Рӯзи ҷумъа биҳиштиёнро ба дорулҷалол ҳазрати Ҳақтаъоло  меҳмонӣ кунад, ба андозае, ки таърифи он дар забон наёяд.

Чунончи Худои таъоло мефармояд, ки таъом диҳед бандагони маро, баъд ҳозир гардонанд таъомҳоро, ки забон  аз андозаи сифати он таъомҳо оҷиз ояд. Ва ақл аз чигунагии он дар ҳайрат бимонад.

Гӯянд, ки ҳафтод сол дар он ҷо бо хӯрдани таъом бимонанд. Ва ба ҳар луқма шаҳват ва иштиҳои дигар  бияфзояд. Дар пеши ҳар яке ҳафтод табақ ва дар ҳар табақ  ҳафтод гуна таъом ва дар ҳар луқма ҳафтод лаззат. Мӯъминон хоҳанд, ки даст ба таъом дароз кунанд, фармон ояд, ки он  дунё буд, ки ранҷ мекашидед, биҳишт ҷои машаққат нест. Ба  фармони Аллоҳ таъоло он луқма биҷаҳад, наздик ояду ба даҳон дарояд. Хоҳанд, ки даҳон биҷунбонанд, фармон ояд, ки ин ҷо хоидан нест, чун ки хоидан низ машаққат аст. Чун  аз таъом хӯрдан фориғ шаванд, дӯстони Худои таъолоро орзӯи шароб шавад.

Ҳазрати Одам (а) гӯяд, ки ё Раб, иҷозат ҳаст, ки фарзандони худро ман шароб диҳам?

Фармон расад, ки дар ҷои худ бинишин, инчунин чандин  пайғамбарон хоҳиши шароб додан кунанд, лекин ҳазрати Худованд фармояд, ки имрӯз ваъда хоҳам кард ва бандагонро бевосита шароб ман хоҳам дод.

Пас аз таъом аз Арш қадаҳҳои пур аз шароб оянд. Аз  зумурради сабз ва ёқути сурх. Гӯянд, ки чун банда даст дароз кунад, он қадаҳ гӯяд, ки, эй дӯсти Худо, ин дори дунё нест, ту подшоҳвор дӯстона биншин, то ман ба даҳони ту оям.

Гӯянд, ки даҳ навъ шароб бошад, ки бар аҳли зиёфат дар он рӯз зиёфат намоянд. Ва он гуфта шуда аст дар Қуръон. Аз рахику сарсабил ва тасниму кавсар, занҷабилу кофур ва моъу  лабан, асалу ҳамр ва бар ҳар ҷом номи соҳиби он сабт бошал. Чун моъ хӯранд, даромадан бувад дар биҳишт бе баромадан. Чун лабан хӯранд, кувват бувад, на заъифӣ. Чун хамр хӯранл,  шодӣ бувад, на ғам. Чун салсабил хӯранд, ҷавонӣ бувад, на пирӣ, чун раҳиқ хӯранд, зиндагонӣ бувад,  на марг, чун тасним хӯранд, сиҳат бувад, на беморӣ, чун кофур хӯранд, расидан  бувад ба мартабаҳои баланд. Чун шароби тахур хӯранл дидор бувад, на ҳиҷоб.

Баъд аз он Худои таъоло фармон диҳад, ки мева диҳед бандагонро, мевае, ки нагузашта бошал ба хаёли кас ва надида бошад онро чашми касе ҳаргиз.

Баъд аз он фармон шавад, ки либос пӯшонед дӯстони  манро.

Хазинадорон ба ҳар биҳиштӣ ҳафтод гуна либоси фохира  бо сад ҳазор ҳилаи зоҳир пӯшонанд ва тоҷи мурасаъ бар cap ниҳанд. Ва ҳеҷ либосе ба рангу шакл ба они дигар монанд набошад ва ҳамаи он либосҳо баробари мӯй сангина ва  вазнинӣ накунанд. Баъд аз он Худои таъоло гӯяд, ки хушбӯ созед бандагони маро.

Абре бифиристонад, то бар он гулоби раҳмат ва мағфират  бандагонро хушбӯй гардонад.

Илоҳо, мо мискинонро аз ин давлат бонасибу баҳравар гардонӣ, омин ё раббал оламин.

Дар вакти дидор Ҳақ Субҳонаҳу ва таъоло фармояд, ки, эй фариштагон, се ҳиҷоб дар мобайни мову бандагон монда  аст. Як ҳиҷобро баргиред.

Чун як ҳиҷобро баргиранд, нуре пайдо гардад, ки ҳама мӯьминон беҳӯш гарданд.

Ризвон гуфт: – Ё Расулаллоҳ, дар он беҳушӣ чандин сол тамошои анвоъи қудрати Аллоҳ таъоло кунанд, ки на чашм дар биҳишт дида ва на гӯш онро шунида. Он гоҳ ҳурон онҳоро дар канор гиранд, то баҳӯш оянд.

Баъд фармон шавад, ки ҳиҷоби дувумро баргиранд, Фармони Илоҳӣ даррасад, ки, зи ҳурон ва вилдону ғилмон, акнун шумо бар қасрҳои худ равед ва, эй паррандагон, шумо бар шохҳои дарахтон равед ва дар ин мақом ба ғайр аз мӯъминон дигар нағунҷад. Ва ин мақомро холӣ созед, ки акнун маҳалли дидор аст.

Пас фариштагон ҳиҷобро бардоранд. Он гоҳ Худои таъоло дидори бечуну бечигунаи худро бинамояд на наздик ва на дур. Мӯъминон мутаҳайиру беҳӯш гарданд.

Илоҳо, мо бандагони гунаҳгоратро аз ҷамоли бемисолат бонасиб ва баҳравар гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …