Главная / Илм / МЕГАКОЛОН

МЕГАКОЛОН

megakolonМЕГАКОЛОН (Megacolon; юн. megas – калон ва лот. colon – қулун), қисман ё пурра васеъ гаштани рӯдаи ғафс. Васеъшавии патологии рӯдаи сигмашаклро «мегасигма» меноманд. Сабабҳои М. гуногун мебошанд: пурра тараққӣ накардани дастгоҳи асабҳои рӯдаи ғафс (аганглиоз), осеби силсилаи асабҳои марказӣ, ноҷуриҳои эндокринӣ, гиповитаминозҳо, омилҳои равонӣ. Дар кӯдакон сабаби нисбатан бештари М. аганглиози рӯдаи ғафс (бемории Гиршспрунг) ва шаклҳои носурии атрезияи рӯдаи рост мебошанд (дар мавриди онҳо ҳаракат ва гузарониши қисми канории рӯдаи ғафс халал меёбад).
Аломатҳои болинии М.: дар рӯда банд шудани наҷосат ва газҳо; ба вуҷуд омадани қай, баъзан омехта бо талха. Шикам дамиш карда, ҳолати бемор тадриҷан бад мегардад (ин аломати заҳролудӣ аст). М.-ро бо усули ирригоскопия ва эндоскопия ташхис менамоянд. Агар сабаби М. дар нуқси инкишофи рӯда бошад, пас онро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Дар ҳолатҳои дигар парҳез ва дорушифоӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …