Главная / Илм / МЕДНИК Григорий Лвович

МЕДНИК Григорий Лвович

nophotoМЕДНИК Григорий Лвович (28. 9. 1924, ш. Одесса – 12. 8. 1982, Душанбе), фармаколог, доктори илми тиб (1966), проф. (1967). Фак-ти муолиҷавии Ин-ти давлатии тиббии Одессаро хатм кардааст (1947). Аз с. 1953 аввал ассистент, баъд мудири кафедраи фармакология ва котиби илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. М. муаллифи 65 асари илмӣ. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои фармакологияи илтиҳоб ва методологияи тадқиқоти фармакологӣ бахшида шудаанд. М. таъсири кортизон ва гормони адренокортикотропии (АКТГ) гипофизро ҳангоми илтиҳоб омӯхтааст; бо шогирдонаш оид ба фаъолияти зиддиилтиҳобии кортизон, аспирин, пирамидон, дибазол, сулфаниламидҳо, токоферол, бигумал ва доруҳои диг. тадқиқот бурдааст.
Ос.: Влияние АКТГ и кортизона на проникновение введенных в организм веществ в воспалительный очаг. «Проблемы эндокринологии и гормонотерапии» т. 5, №5, 1959; Механизмы противовоспалительного действия и их выяснение в эксперименте. Тезисы годичной (22) научной конференции Таджикского медицинкого института, Д., 1973.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …