Главная / Илм / МЕДИАТОРҲО

МЕДИАТОРҲО

mediatorhoМЕДИАТОРҲО (лот. mediator – миёнарав, воситачӣ), моддаҳои ноқил, моддаҳои химиявие, ки дар нӯги асаб ташаккул ёфта, ангезишро аз як ҳуҷайраи асаб ба ҳуҷайраи дигар ё аз нӯги тори асаб ба узви корӣ (нахи мушак, ҳуҷайраи ғадуд ва ғ.) мегузаронанд.
М.-ро с. 1921 дорушиноси машҳури австриягӣ О. Леви кашф кардааст. ӯ муқаррар намуд, ки маҳлули ғизоие, ки аз дили ҷудо карда гирифтаи қурбоққа пас аз ангезиши асабҳои он гузаронда мешавад, ба дили дигари ҷудокарда чун ангезиши бевоситаи асаби дил таъсир мерасонад.
Интиқоли ангезиш бо ёрии М. дар синапсҳо ба амал меояд. М. дар ҳубобчаҳои хеле хурди пеш аз синапс ҷойгиранд. Дар вақти ангезиши нахи асаб ҳубобчаҳо кафида, М. озод мегарданд ва ба роғи синапс, ки маҳлули аз ҷиҳати таркиб ба плазмаи хун наздик дорад, дохил мешаванд. М. бо маҳлули мазкур омехта шуда, ба мембранаи пасисинапсии ҳуҷайраи ҳамшафат таъсир мекунанд ва онро ба ангезиш меоваранд. Мембранаи пасисинапсӣ аз мембранае, ки қисми боқимондаи ҳуҷайраро фаро гирифтааст, бо ҳассосии зиёд нисбати таъсири М. тафовут дорад.
М. натанҳо импулсҳои ангезиш, балки импулсҳои монеаро низ мегузаронанд. Чунин М. маълуманд: атсетилхолин (импулсҳоро ба системаҳои парасимпатӣ ва марказии асаб мегузаронад), норадреналин (дар интиҳои асаби симпатӣ ҷудо мешавад), серотонин, дофамин, кислотаи гамма-аминбутанат, глитсин, кислотаи глутаминат, баъзе нейропептидҳо (ангезишро ба системаи асаби марказӣ интиқол мекунанд). Барои аз синапсҳо гузарондани ангезиши такрорӣ М.-ро, ки дар ангезиши аввал он ҷо ҳосил шудаанд, таҷзия намудан лозим аст. Ин зери таъсири ферментҳои махсус, ки дар мавзеи синапс бо ғилзати калон вуҷуд доранд (холинэстеразаҳо, ки атсетилхолин ва аминооксидазаҳо, ки норадреналинро таҷзия менамоянд), ба амал меояд.
Ҳангоми баъзе бемориҳои системаи асаб ва заҳролудӣ ташаккул, таъсир ё таҷзияи М. халал меёбад. Моддаҳое кашф шудаанд, ки ангезиши асабро дар синапс пешгирӣ мекунанд. Сурхпӯстони Америкаи Ҷанубӣ ҳангоми шикори ҳайвоноти ваҳшӣ хаданги ба шираи растаниҳо олударо истифода мебурданд. Дертар муқаррар гашт, ки чунин шира дар таркиб заҳри фалаҷовари кураре дошта, ба қатъи интиқоли ангезиш аз асабҳои таҳрика ба мушакҳо қодир аст. Дар тибби муосир моддаҳои кураремонандро, ки мушакҳои скелетро суст мекунанд, дар амалияи ҷарроҳӣ (мас., ҷарроҳие, ки дар шароити нафаскашии сунъӣ гузаронда мешавад) фаровон истифода мебаранд.
Ад.: Швырев А.А., Анатомия и физиология человека с основами общей паталогии, Ростов Н./Д., 2005.

Ф. А. Шукуров.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …