Главная / Илм / МЕДИАСТИНИТ

МЕДИАСТИНИТ

mediastinitМЕДИАСТИНИТ (Mediastinitis; лот. mediastinum – миёндевор), илтиҳоби насҷи миёндевор. Ҳамчун оризаи бемориҳои римдори плевра, шуш, дабилаи рӯй ва гардан, инчунин дар натиҷаи осеби узвҳои миёндевор (мас., сӯрхрӯдаро сӯрох кардани ҷисмҳои бегона), зимни тадқиқи эндоскопӣ ё баъди ҷарроҳӣ (мас., буридани сурхрӯда, протезгузорӣ ба клапанҳои дил, чок кардани хирной ва бронхҳо) ба вуҷуд меояд.
Дарди сандуқи сина ва тахтапушт, табларза, баланд шудани ҳарорати бадан (39 – 40°), дамкӯтоҳӣ, гирифтани овоз ва баъзан тира гаштани ақл аз оғози М. дарак медиҳанд. Оризаи нисбатан вазнини беморӣ фишор хӯрдан ё сӯрох шудани узвҳои миёндевор (хирной, сурхрӯда, рагҳои калон) мебошад. М.-ро бо тадқиқоти рентгенологӣ ташхис мекунанд.
Ҳангоми гумонбар шудан аз М. беморро бетаъхир дар касалхона хобондан лозим аст. М.-ро бо антибиотикҳо маҳлули электролитҳо, витаминҳо, маводи сафедавии муовизи хун, доруҳои дилу рагҳо ва ғ. табобат мекунанд. Пешомади беморӣ ҳамеша ҷиддӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …