Главная / Гуногун / Мебели матбах (Ошхона – Кухня)

Мебели матбах (Ошхона – Кухня)

Андозаи баъзе ҷузъҳои алоҳидаи таҷҳизот ва мебели матбах на танҳо ба намуди коре, ки дар онҳо иҷро мешавад, балки бояд ба қади кадбону низ мувофиқ бошад. Масофаи байни ҷевони деворӣ набояд аз 45 см кам бошад. Рафи болоии ҷевони деворӣ бояд аз фарш дар баландии 190 см гузошта шавад. Баландии аз ҳама мувофиқ барои ҷиҳози матбах 210 см аст. Аз ин баланд фақат ҷевонҳоеро гузоштан даркор аст, ки дар онҳо чизҳои камистифодашавандаро ҷой медиҳанд, миз – ҷевонҳои рӯифаршӣ, ки баландиашон 85 см аст, сатҳи ҳамвор дошта, барои тозаю реза кардани масолеҳи хӯрок, тайёр кардани хӯроки сард, таомкашӣ пешбинӣ шудаанд. Дар қабати поёни миз-ҷевон зарфҳои калонҳаҷм, мошину аппарат ва ҳар гуна асбобу анҷоми матбах (дастурхон, сачоқ ва ғайраро мегузоранд.

mebeli-matbax

Мизҷевонҳо ғалладонҳои пластмасӣ, тахтачаи маҳсулотрезакунӣ, маснуот барои нишаста кор кардан муҳайё бошад. Дар зери зарфшӯяк ҷевони иловагӣ сохта, ба дарунаш сатили партов гузоштан мумкин аст. Дар деворҳои паҳлӯии ҷевони зери зарфшӯяк зарфҳои симтӯрӣ меовезанд ва бо онҳо олоти рўбичин, шустушӯ ва тозакунӣ мегузоранд.

Ҷевони девории дар болои зарфшӯяк ҷойгиршуда аз рафу тагмонаки сими пластикӣ ва табақмонак ибрат буда, барои хушконидани зарфҳо истифода мешавад. Маҷмӯи мебели ҳозиразамони матбахро (бо хоҳиши хонадон) бо зарфшӯяк, ҳавотозакунак, чароғи деворӣ, соатҳои электромеханикӣ, таймер ва кондинсионер мураттаб месозанд. ҳавотозакунакро асосан ба ҷевони девори насб карда бар болои плитаи барқӣ ё газ мегузоранд.

Чароғи девории лампаи люминессентӣ ё лампаи тафсониши нургардондоштаро дар девор ё ба болои девори ҷевон насб мекунанд.

Агар дар матбах бо мақсади хӯрокхӯрӣ миз (андозашон 60х110 см ё 80х120 см) гузоранд истифодаи курсиҳои бепушт (чорпоя) тавсия карда намешаванд, чунки дар онҳо кас бо фароғат нишаста наметавонад ва зуд хаста мешавад. Дар матбахҳои на он қадар калон мизҳои васеъшаванда ва ҷамъшавандаро истифода бурдан лозим аст. ҳамчунин миз-гӯшаҳои махсусро дар матбахҳои калон мондан мумкин аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …