Главная / Илм / МЕБЕЛ

МЕБЕЛ

mebelМЕБЕЛ, асбобу анҷоми хона ва истеҳсолот. Барои сохтани М. тахта, пластмасса, металл ва диг. масолеҳро истифода мебаранд. М. – ҳое маъмул гаштаанд, ки аз чанд қисм иборатанду як блоки мукаммалро ташкил медиҳанд.
М. чунин талаботи ҳатмии гигиенӣ дорад: бояд ба андозаи тани одам ва синну сол мувофиқат кунад, зеро мизҳои хатнависӣ, курсиҳо ва М.-ҳои номувофиқ боиси каҷ гаштани сутунмӯҳра, тарангии мушакҳо ва хастагӣ мешавад.
М. бояд аз масолеҳи ба намӣ тобовар сохта шавад, ҷои бисёрро ишғол накунад ва манзилро торик насозад. Махсусан ба М.-и истеҳсолӣ аҳамият дода мешавад. Дар ин маврид таъсири онро ба саломатии коргарон ва маҳсули меҳнат ба назар мегиранд. М.-и корӣ бояд ба ҷисми одам чун такягоҳ бошад, шиддати мушакҳоро то метавонад сабук кунад, ба фаъолияти мунтазами мушакҳои бадан ёрӣ диҳад, касро хаста насозад.
Сохти нишастгоҳи аксари мошин ва механизмҳоро мувофиқи стандарти давлатӣ таҳия ва аз ҷиҳти илмӣ асоснок карда месозанд. Одатан қирра ва сатҳи онҳоро ҳамвор ва суфта мекунанд. Ҳангоми сохтани курсиҳои корӣ шароити истеҳсолотро ба назар мегиранд; дар мавриди зарурӣ М.-ҳои ҳаракаткунанда, даврзананда ва такягоҳу поймонакдор сохта мешаванд.
Мебели кӯдакон бояд ба қад ва таносуби ҷисми кӯдак мувофиқат кунад. Ин шарти зарурии шакли дуруст гирифтани қомат аст. Дар ҷумҳурӣ мебели кӯдаконаи андозааш ҳархела, аз ҷумла барои кӯдакони синни яслӣ ва томактабӣ истеҳсол карда мешавад. М.-и кӯдаконро ҳамвор сохта, қирраҳояшро суфта мекунанд (то ки зуд ва хуб шуста шавад), бо рангҳои сабзи кушод, зарди ҷигарӣ, қаҳваранг ва ғ. пардоз медиҳанд.
Кати кӯдакон бояд тахтагӣ ва металлӣ бошад. Онро дар ҷои равшан, дуртар аз асбобҳои гармкунанда ва дару тирезаҳо мегузоранд. Кӯдакро то шашмоҳагӣ дар кати баланди деворҳояш паст, баъди шашмоҳагӣ дар кати пасттар, вале деворҳояш панҷарадор хобондан лозим аст. Кӯдакони синнашон аз 3-сола боло метавонанд дар кати бе девор хоб раванд. Бистар (матрас)-и кӯдак бояд ҳамвор, андаке сахт бошад ва нағз шуста шавад. Ба рӯи бистар ҷилди пахтагин кашида онро ҳафтае 1 – 2 бор шустан лозим. Пеш аз хоб ба бистар матои обногузар (клеёнка ё рӯйкаши селофанӣ) ва ҷойпӯш мепӯшонанд; бохабар бояд шуд, ки он ба деворҳои кат ҷафс шавад, даст ё пои кӯдак ба роғи кат дарнамонад. Сари ҳар чанд вақт рахти хобро ба берун бароварда шамол додан лозим. Бистари мулоими парӣ ё пахтагиро истифода бурдан ҷоиз нест, зеро он ҳаракати кӯдакро маҳдуд мекунад, кӯдак аз ҳад зиёд гарм мешавад, қадду қомати ӯ шакли нодуруст мегирад. Тоза кардани ин гуна бистар мушкил аст.
Ҳамин ки кӯдак мустақил менишастагӣ шуд, ӯро ба курсии махсуси баланд шинонда хӯрок медиҳанд. Ин гуна курсӣ дар вақти зарурӣ ба миз ва курсии паст табдил меёбад. Агар кӯдак мустақил хӯрок хӯрад, ӯро ба паси мизи баландиаш мувофиқ мешинонанд. Дар рӯи миз ва курсӣ бояд оринҷи кӯдак дар таҳти кунҷи рост қат шавад. Баландии нишастгоҳи курсӣ бояд ба дарозии соқ, якҷоя бо панҷаҳо ва пошани пойафзор баробар бошад. М. – и калонсолонро бо роҳи пасту боло кардани нишастгоҳи курсӣ ва интихоби поймонак ба қаду қомати кӯдак мувофиқ мекунанд.
Кӯдаки хурдсолро (аз 7 – 8 – моҳагӣ то 1,5 – 2-солагӣ) барои бозӣ дар катчаи тетипопо (манеж) мегузоранд. Бо ин мақсад катчаи деворҳояш баланди панҷаранокро низ кор фармудан мумкин аст. Аз он рахти хобро мегиранд, то ки кӯдак наафтад.
Баъзе моделҳои манежи бачагонаро аз чорчӯбаи пластмасӣ сохта, ба он тӯр мекашанд. Чунин манежҳо хеле қулай буда, онҳоро аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчондан ва ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Муҳимаш ин ки онҳо ҷои бисёрро ишғол намекунанд. Барои бачаҳои синни томактабӣ мизчаи курсидор ҳатмист. Он барои расмкашӣ, бозиҳои рӯимизӣ, аз ҷумла машғулият бо конструктори бачагона хеле мувофиқ аст. Мебели бачагони синни миёна ва калонсол аз диван-кат, ҷевони махсуси китобу либос, мизи корӣ ё секретер иборат аст. Мувофиқи қоидаҳои гигиена ба мебили бачагона нитроэмал ё лаки беранг мемоланд.
Мебели мактабӣ. Он аз мебели муқаррарӣ на танҳо бо андоза, балки бо намуди зоҳириаш низ фарқ мекунад. Мебели бачагона чанд вазифаро адо карда метавонад. Ҳангоми харидани мебел қади бачаро ба назар гирифтан даркор. Барои дароз кардани мӯҳлати истифодаи мебел баъзе моделҳоро тавре месозанд, ки дар рафти истифода андозаи онро мувофиқи инкишофи бача тағйир додан имконпазир бошад.
Мебели мактабӣ барои таҷҳизондани синфхонаҳо пешбинӣ шудааст. Ба мебели мактабӣ парта, миз, курсӣ дохил мешавад. Вобаста ба синну соли хонандагон баландӣ ва ранги мизу курсиҳои мактабӣ гуногун аст. Мас., мебели № 1 барои хонандагони қадашон 1000 – 1150 мм пешбинӣ шуда, бояд ранги норанҷӣ дошта бошад; баландии сатҳи кории миз 460 мм, баландии курсӣ 260 мм мешавад.
Кормандони тиб бояд назорат кунанд, ки мебели мактабӣ ҳатман тамғаи фабрикавӣ дошта бошад.
МЕВА, узви растаниҳои пӯшидатухм. Арзиши ғизоии М. асосан ба миқдори карбогидратҳо, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои минералӣ, пектинӣ ва даббоғии таркиби он вобаста аст. Кислотаҳои органикии таркиби М. (ҷавҳари лиму, кислотаи себ ва сирко) мувозанати кислотаю ишқори организмро нигоҳ медоранд; ин гуна кислотаҳо махсусан дар лиму, олу, олуболу, зардолу зиёданд.
Намакҳои минералии М. хушҳазм мебошанд. Махсусан намакҳои калий хеле муҳиманд; онҳо дар таркиби зардолу, олуболу, гелос ва олу зиёданд. Намаки калийи зардолуқоқ ва ғулунг дар организм хуб ҳазм мешавад. Себ, нок, зардолу ва шафтолу дорои намакҳои хушҳазми оҳан мебошанд.
Танинҳо (ба моддаҳои даббоғӣ мансубанд), ки таъсири витамини С-ро меафзоянд, дар таркиби биҳӣ, нок, себ, хурмо, анор бисёранд. Дар онҳо моддаҳои пектинӣ низ мавҷуданд, ки ба кори узвҳои ҳозима тақвият мебахшанд.
М.-ҳои тухмдор бештар фруктоза, М.-ҳои донакдор бошанд, глюкозаю сахароза доранд. Дар М.-ҳои ситрусӣ 50 – 90 мг% витамин ҷамъ мешавад. М. захирагоҳи табиии витаминҳост. Мас., 100 г М.-и настаран то 1500 мг% витамини С ва 5 мг% каротин (провитамини А), М.-и сиёҳқот бошад, то 400 мг% витамини С дорад. М.-ҳои зардолу, олу, ангат ба миқдори зиёд каротин доранд; витамини Р дар настаран, меваҳои ситрусӣ, ғубайраи сиёҳ бисёр аст. Ангур, анҷир, бектошӣ, зардолу, шафтолу, олуболу, олу, себ, биҳӣ, афлесун, норанҷ ва ғ. дар таркиб бештар қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза) доранд. Дар таркиби аксар навъҳои олу ва олуболу кислотаҳои органикӣ фаровон буда, барои ҳазми ғизо мусоидат мекунанд. Баъзе аз М.-ҳо (биҳӣ, себ, шафтолу, афлесун, хурмо ва ғ.) ба миқдори зиёд моддаҳои пектинӣ доранд. Пӯсти М. нисбат ба гӯшти он сервитамин аст.
М.-ҳо ҳаргуна хӯрокро дар организм нағз ҳазм мекунанд. Онҳо фаъолияти ғадудҳои гуворишро ангехта, ҷараёни ҳазми ғизоро ба танзим медароранд.
М. барои одамони синну солашон гуногун, хусусан кӯдакон, шахсони солхӯрда, занони ҳомила ва ширмакон ғизои хеле зарурист. М. ҳамчун ғизои муолиҷавӣ низ пурбаҳост. Он хусусан барои бемороне, ки ба ихтилоли гардиши хун, атеросклероз, бемории гипертония, амрози гурда, газаки рӯдаи ғафс ва қабзият гирифторанд, аҳамияти калон дорад.
Ба одам махсусан М.- и тару тоза судбахш аст. Ҳангоми захираи М. ва пухтани хӯриши мевагӣ кӯшидан лозим аст, ки хусусиятҳои фоиданок ва витаминҳои он нигоҳ дошта шаванд. М.-ро бевосита пеш аз пухтани компот тоза ва реза мекунанд. Онро бояд ба оби ҷӯш андохта пазанд, вале аз ҳад зиёд набояд ҷӯшонид. Дар саноат ва рӯзгор М барои истеъмол бо роҳҳои гуногун захира ва тайёр карда мешавад. Тарзи ҳозиразамони консервкунонӣ имкон медиҳад, ки хусусиятҳои судманди М. то андозае маҳфуз монанд.
Дар рӯи М. мумкин аст ҳар гуна микробҳо (аз ҷумла микробҳои бемориовар), тухми киҷҷа, инчунин моддаҳои химиявӣ (доруҳое, ки зидди зараррасонҳои растанӣ истифода бурдаанд) вуҷуд дошта бошанд. Бинобар ин пеш аз истеъмол онҳоро бо оби гарм шустан ҳатмист. Истеъмоли баъзе М. ва ғуҷуммева гоҳо боиси пайдоиши аллергия мешавад.
Ниг. низ ба мақолаҳои ҷудогона дар бораи анвои меваҳо.

С. М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …