Главная / Гуногун / МЕҲРИ ЛЕНИН

МЕҲРИ ЛЕНИН

– Нест бод!

– Ленин гунаҳгор!
– Ба мурда нигаристан убол!
– Ленин дар соҳили Нева гўронда шавад!

Воаҷабо! Чӣ гапҳое! На дар дег меистад, на дар кафлес. На дар бел меистаду на дар ғалбер. Ба дўсти беғараз, қадрдон «Аниси кунҷи танҳоӣ…» рў меорем.

unnamed– Ленин – бародар, раҳнамо
– Дило, на ишқ, на оташ, на офтобу замин, надорад он ҳама қувват, ки халқ бо Ленин!

Ин нидоҳо аз қалби дили шоирон ҷўшида баромадааст. Ман шоиронро олими олимон ҳисоб мекунам. Бале олиманд! Чунки ҳар як мисра шеърашон кашфест. Гуфтаи шоирон сано кардан. Вале мо инсонем. Инсон мебинад, мефаҳмад ва қазоват мекунад. То ба имрўз фанхўрда, завлонзада будем. Кунун озодем.

Гулрухсор гуфта:
Ҷое, ки адл шоҳ аст,
Чашмони ҷаҳл кўр аст.

Боз дар дастам китоб: П. Лукиницский «Тоҷикистон» НДТ, Сталинобод, 1954. Мехонам: «Вақте ки пойтахтро бино карданӣ мешуданд, қишлоқи кўҳна ва вайронаи Душанбе ҳамагӣ аз 40 кулбаи похсагин иборат буда, тахминан 200  нафар аҳолӣ дошт. Лекин коммунистон дар назар доштанд, ки дар охири 5 солаи сеюм аҳолии Сталинобод то 100 ҳазор нафар меафзояд.

Аввал шаҳр фақат ҷои қишлоқи Душанберо ишғол мекард. Баъд оҳиста-оҳиста васеъ шуда, ҷои қишлоқҳои Шоҳмансур  дар ҷануб ва Сари Осиёро дар шимол низ ба худ ҳамроҳ  карда, тағйир ёфт ва то имрўз шинохтанашаванда гардид… Дар Душанбе ҳеҷ гуна табобатхона вуҷуд надошт. Ду мактаби динӣ, ки дар он фарзандони бойҳо мехонданд, тамоми «маданият»-ро ташкил менамуд». Имрўз Душанбе ҳарчанд «симои миллӣ надорад», «хонаҳояш чун қуттии гўгирд», вале обод, зебост.

Мегўянд, ки дар замонҳои гузашта рўзе аз рўзҳо як чўпони   пири харсавор аз бағали кўҳи Нор поён фуромада истода, бо сўзу гудоз ҳамин байтро хондааст:

Ё илоҳо, дар ҷаҳон ҷонам муборак сохтӣ,

Дўзахи дигар чи ҳоҷат буд, чу Норак сохтӣ.

3leninИмрўз Норак биҳишт ҳам набошад сарсабз, макони хандаю гиряи тифлон аст. Як асари Ленинро хонда истода, ба сатрҳои зерин вохўрдам: «…Электриконии тамоми фабрикаҳо ва роҳҳои оҳан шароити меҳнатро озодатар мекунад. Миллион-миллион коргаронро аз дуд, чангу ғубор ва ифлосӣ халос менамояд, ба лабораторияҳои тоза, равшан, муносиби одам табдил додани устохонаҳои ифлоси дилнокашро метезонад. Бо электр равшан кардан ва бо электр гарм намудани ҳар як хона миллион-миллион «канизони хонаро» аз он заруроте, ки дар ошхонаи бўйнок аз чор сеяки умри худро мегузаронанд, халос менамояд».

Инро Владимир Ильич Ленин дар солҳои авали Ҳокимияти Советӣ гуфтааст. Ҳоло ин пешбинии Ильичро магар дар ҳаёт намебинем? Ва боз садҳо зафарҳои мо оё афсонае? Не!  Ҳақиқат! Пас бо шарофати чӣ ба даст омад?

– Ба шарофати партияи коммунистӣ! – мегўянд коммунистон.

– Тавассути илми мо! – нидо мекунанд олимон.

– Ба хости худованди ҳаждаҳ ҳазори олам! – хитоб мекунанд рўҳониён.

Дар ҳар се гуфта ҳақиқат ҳаст. Вале омили асосӣ ин меҳри  Ленин аст. Вақте Ленин аз дунё мегузарад духтаре «Воҳ  отам!» гўён гирён ба ҳавлӣ медарояд. Ҷон аз дасту пои модараш мебарояд.

– Ба отат чӣ шуд?

– Отам мурд! Воҳ отам!

Модар беҳуш шуда меафтад. Дар ин асно шавҳараш даромада меояд. Завҷаашро бо азобе ба ҳуш меорад. Ў чун ҳайкал ба шавҳар менигарист. Мефаҳмад, ки духтараш «отам» гуфта Ленинро мегуфтааст.

– Акнун чӣ кор мекунем? – беҳол мегўяд зан ба шавҳар, – ҳоламон чӣ мешавад?

– Худаш нест, меҳраш ҳаст, – ҷавоб медиҳад шавҳар бо чашмони пуроб.

Ман ин қиссаро ҳам дар Хуҷанд, ҳам дар Кўлоб, ҳам дар Зарафшону Бадахшон шунидам. Оре, меҳри Ленин дар дилҳо монд. Ленин рафт, партия монд. Ва халқ боварӣ дошт, ки партияи онҳоро завол нахоҳад буд. Вале ҳазор афсўс партия аз рўи гуфтаи Ленин амал накард. Ленин гуфта буд: «Ҳокимият ба Советҳо!», «Замин ба деҳқонон!», «Заводу фабрик ба коргарон!» Карданд? Не! Ленин гуфта буд: «Хонед, хонед, боз хонед!» на бо «пул»-у «тағо» соҳиби диплом шаведу бо калаи бемағз, дастони ногиро, чашмони нобино ба решаи дарахти иқтисодиёт, маданият теша занед. На бо «пул»-у, «гўсфанд» шаҳодатномаи ронандагӣ харида садҳо одамони бегуноҳро зер карда кушед. На аз паси нозу нузи фарзанди калакадуи донишбезор гиребони устод гиред. На нашъа кашида ба сари нависандаи миллат теғ кашед.

Ленин интизоми оҳанинро гарави комёбию зафарҳо медонист. Ва оё ҳамин тавр набуд? Танҳо қатрае аз баҳр-армияро гирем. То солҳои 60-ум армияи мо – бале армияи мо! – мактаби обу тоби ҷавонон буд. Волидайн ҷигарбандашонро бо ханда, бо ифтихор, бо суруду рақс ба сафи армия гусел мекарданд. Борҳо шунидем, ки дар ҳаққи  бадахлоқон мегуфтанд:

– Ба хизмат равад, одам шуда меояд.

Ва бо ду чашми сар дидем, ки бадахлоқон ба хизмат рафта, одам – йигити чор кас медидагӣ шуда омаданд. Ба хизмат харобу лоғар рафта аз он бо танутўш ба қавли   мўйсафедон «бўзбала» ва забондон шуда меомаданд. Ба хонаи духтар оқсақол мерафт, мепурсиданд: «хизмата адо кардааст?» Яъне хизмат карда бошад аз обу оташ гузашта,  пухта, ба ҳаёти оилавӣ тайёр шудааст. Бархе аз хизмат бо арўси нозанин меомаданд. Пас чӣ шуд? Интизом нест. Сиҳат рафт девона омад ва ё тамоман барнагашт. Бе ному нишон. Тобут аз паси тобут омад. Фиғони волидайн ба фазо печид. Ва то ҳол бо дили реш-реш, дили садпора фиғон доранд. Оё Ленин гуфта буд, ки падаратро ҷаноза накун, пояи тобуташро набардор, ба қабристон нарав, ёди гузаштагонро накун. Ва ё Ленин гуфта буд, ки тоқӣ, ҷома напўш, локӣ набанд. Ва оё Ленин гуфта буд, ки писарро хатна кардан гуноҳ аст. Барои ин амал билети партиявии коммунистонро кашида гиред. Ҳамаи инро роҳбарони олимақоми ҳизб бофта бароварданд. Барои чӣ? Барои ниқор гирифтан. Барои аз байн рабудани рақиби худ. Барои сиёсат. Тарсонидан. Алови чашм гирифтан. Дар кадом асари Ленин хондаед, ки котибони дуюми комитетҳои партияии (комсомол ҳам) ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ ҳатман бояд рус бошанд. Нест ин гап. Дар мо бошад ин ба ҳукми қонун даромад. Ва ин кам набуд, ки Қаҳҳор Маҳкамов аз центр кадр талабид. Омаданд. Ва ҳамагон диданд, ки чӣ хел хўрданду дум хода карданд. Олимақомон сурати Ленин дар киса дарахти маҳалгароӣ сабзониданд. Меваи он дуздию ғоратгарӣ, бераҳмию ҷаҳолат. Инсон ба инсон месўзад. Ва имрўз инсон ашки талх мерезад. Мегиряду бори гарони хеш мекашад. Ленин одами якум буд, вале байни мардум буд. Боре хондем, ки ў дар як муддати кўтоҳ 200 бор бо коргарони Москва вохўрдааст. Дар шанбегӣ як сари чўб дар дасти коргар сари дигараш дар дасти Ленин буд. Ленин ба ғайр аз як орден (агар хато накунам онро ба ў ҷумҳурияти Хоразм супорида буд) дигар ягон мукофот надошт. Ленин чӣ қадар бадарға шуд? Чӣ хорию зориҳо дид. Вале боре шиква накард. Боре таъна назад. Боре мушт ба миз зада ба сари касе наъра накашид. Ленин як забон, як рў, як дил дошт. Ленин гуфта буд, ки дар ҳар қадам ҳайкаламро  монед, кўчаву хиёбонҳо, колхозу совхозро ба номам гузоред, дар куҷое рост омад суратамро овезед? Не! Ў ба ин эҳтиёҷ надошт. Мо худамон инро кардем. Мо худамон номи доҳиро зери по кардем. Халқ чунин латифа мегўяд: Брежнев мемураду ба он дунё меравад. Ленин аз гиребонаш мегирад ва мегўяд: «Аблаҳ, ман аз дуздон коммунист тарбия кардам, ту коммунистонро дузд кардӣ!».

Ленин пешгўӣ карда буд: «Коммунизм – ин Ҳокимияти Советӣ ба замми он электриконидани тамоми мамлакат аст!» Агар мо ба гуфтаи Ленин амал карда ҳокимияти советӣ месохтем, шояд ба коммунизм мерасидем. Вале бархе чун Берияи зулмпеша ва Черненкои чоплусу безиё решаи дарахти ҳокимияти советиро сўзониданд. Бисёр мешунавем, ки мўйсафедон бо ҳасрат мегўянд:

– Агар Ленин зинда мебуд.

– Агар Ленин писар медошт.

Бале, агар Ленин зинда мебуд ва ё писар медошт, шояд то ба ин рўз намерасидем.

Вақте ки Бозор Собирро барои «Ҷанг дар Афғонистон қаҳрамонӣ нест» гуфтанаш ба майдони Озодӣ кашиданд, рўзноманигоре нидо кард:

– Хайр кушедаш! Шоиркушӣ ба шумо мерос мондааст!

Худоё! Чӣ хел инсонем мо?!

Николай Кривомазов менависад: «Агар имрўз дар мамлакат сарнагун сохтани муҷассамаҳои Ленин қатъ карда нашавад, худи пагоҳ Горбачёв ё Елсинро ба хокистар бадал месозанд. Мувофиқ ба қомус, муҷассамаҳо гуфта он чиро меноманд, ки барои таскину роҳати хотира офарида шудаанд. Бе муҷассамаҳо мамлакат ба чоҳи бехудӣ фурў хоҳад афтод». («Правда», 30 октябри соли 1991).

– Ленинро даст накобед!

– Гиребони худ бибўед!

Боз хитобҳо.

Боз ба худ мепечам, андеша мекунам.

Боз ҳайронам. Ҳайронам, чаро устодон, фарзандони барўманди халқи тоҷик Лоиқ, Гулрухсор, Гулназар, ки дирўз Ленинро васф мекарданд, имрўз хомўшанд. Ҳайронам, чаро устодони ҳақбину ҳақчў, ҳақнавису ҳақгў Бозор Собир, Низом Қосим, Зиё Абдулло хомўшанд? Аё устодон! Ҳазор узр аз шумо, лек оё шумо талқин накардаед: «Даҳони пўшида сад тилло нест!» Ва боз мегўям: «Сухани шумо ба захми халқ чун малҳам аст!» Мо ба шумо боварӣ, эътиқод дорем. Мўҳтоҷи сухани шумоем. Дар ҳар қадами ҳаёти мо, дар ҳар комёбию зафарҳои кишвари мо, дар хандаю гиряи мо Меҳри Ленин буд, ҳаст ва хоҳад монд. То ҷаҳон ҳаст, Меҳри Ленин ҷовидон аст!

28 ноябри соли 1991

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …