Главная / Маданият ва санъат / Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба хунармандон бахшидаи Сайидо

Мазмуну мундариҷаи шеърҳои ба хунармандон бахшидаи Сайидо

Сайидо махсусан ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷӯҳи махсус дорад. Зеро онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитьаҳо…), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин ашъори махсуси ба ин тоира бахшидааш васфу тавсиф кардааст. Албатта, дар таьрихи адабиёт фасли тоза низ ҳаст, ки дар шакли маснавӣ рӯи кор омадаанд. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум, шояд аз он ҷиҳат бошад, ки ӯ худ аз аҳли ҳунар аст. Сайидо дар ашьори ба табақаҳои ҳунармандон бахшидаи хеш намоядаи ҳашт навьи ҳунарро васф кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо: баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, шотир, таштгар ва қассоб мебошанд. Ин ҳашт шеьри ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар маҷмӯь дорои 290 байт аст ва онҳо манзумаҳоеанд, ки аз ибтидо то интиҳо дар як мавзӯь эҷод шудаанд. Муҳим он аст, ки дар ин манзумаҳо инсони соҳибҳунар ва меҳнаткашу заҳматқарин мавриди ситоишу васф қарор гирифтааст. Чунончӣ, дар манзумаи «Дар таьрихи наҷҷор» меорад:

Бути наҷҷори ман сарвест якто,

Зи сар то пой пайванд аз тамошо.

Санвабар истода бар дӯконаш,

Тарошаш хешро аз бандагонаш.

Ба боғи орзу сарви таманно,

Занад пеши қади ӯ теша бар по.

Чдҳоне хидмати ӯ карда пеша,

Занад ҳар кас ба сӯи хеш теша.

Забони тешааш ширинтакаллум,

Ба хуни Кӯҳкан хӯрда тараҳҳум,

Зи оби тешааш пур устухонам,

Ба зикри сарраш бошад забонам.

Чӣ арра? Чун забони шӯъла саркаш,

Фиканда ошиқонро дар кашокаш.

Чӣ арра? Зердасташ сарбалндон,

Бувад море зи сар то пой дандон.

Ҳамеша шеваи ӯ дилхаршӣ

Ба хубон менамояд нозпошӣ

Нигоҳи ӯ камандосо кашида,

Ки бшад гӯшаи чашмаш баранда.

Чӣ ранда? Дорад аз оина сина,

Чӣ сина?-Соф дил аз меҳру кинае

Забони ӯ бувад бод ил мувофиқ,

Саре дорад ба ҳамворӣ чу ошиқ.

Асоси хонаҳоро ӯст устод,

Ба аҳди ӯст ошиқ хонаобод.

Дуконаш дар бар рӯи арш баста

Димоғаш дар сари курсӣ нишаста

Ба ҳар манзил гузорад по ҳамон дам,

Кунад чун теша синҷи хона маҳкам.

Сафед аз интизораш чашми дарҳо,

Чунон печидаи занҷир назарҳо,

Бутон бар сурати ӯ гашта ҳайрон,

Хичил аз бутпарастӣ бутпарастон,

Хароби мақдами ӯ хонумонҳо,

Гул афтода ба чашми тобандонҳо.

Намебинам ба асри хеш бунёд,

Ғами ӯ хонумонам дод барбод.

Рухаш то рафта аз кошонаи ман,

Сияҳ гардида рӯи хонаи ман.

Маро кай аз дуконаш баҳрамандист?

Зи ҷӯши ишқбозон тахтабандист.

Ба ман кай ошно аз рӯи ёрист?

Дилаш дар ошиқӣ таҳчӯбкорист.

Ба аҳди хештан устод бошад,

Вафояш лек бебунёд бошад,

Биё, соқӣ, даре бикшо ба рӯяш,

Ба ҷоми бода бишкан орзуям,

Маро чун Сайидо маъмур гардон.

Диламро хонаи пурнур гардон.

Манзумаи мазкур дорои 25 байт буда, ба қасида ҳаробат дорад. Он дар шакли маснавӣ эҷод гардида, пешаи наҷҷорӣ ва ҷузъиёти он, лавозимоте, ки барои касби мазкур зарур аст ва худи наҷҷор ва ғайр мавриди тасвир қарор дода мешавад.

Манзума дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур таълиф шудааст, ки афъоли он чунин аст:

Яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Интиҳои асар, дар ҳаҷми ду байт муроҷиат ба соқиро дар бар мегирад, ки моҳияти сӯфиёна дорад. Инчунин, дар байти охирин тахаллуси шоир омадааст.

Яъне шоир ба ин восита меҳнатро васф мекунад, аҳамияту моҳияти ин ё он пешаро хеле бо ҷузъиёт баён менамояд. Масалан, аз пешаи наҷҷор мунтаҳо хоса-макони ошиқон бунёд мешавад, ки бе он на танҳо инсон балки ҳама махлуқи ҷондор эҳтиёҷ ба хона дорад. Пас касби мазкур сазовори васфу ситоиш ва барои мардум аввалиндараҷа мебошад.

Ё ин ки дар манзумаи дигар оид ба пешаи баққолӣ сухан меравад ва он «Дар таърихи Хоҷа мирзоҷони баққол» унвон дораду аз 53 байто иборат буда, бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:

Диламро бурда сарви ҷомазебе, Биҳиштиталъате одамфиребе.

Манзумаи мазкур дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф иншо шудааст ва афоъили он чунин аст:

^—ГУ—ГУ–

Яъне: Мафоъӣлун мафоӣлун, фаъӯлун.

Дар ин манмузма низ шахсияти баққол ҳамчун донандаи пешаи худ, аз ҳар ҷиҳат: хислату рафтор, гуфтору кирдор, муносибату муомила ва ғ. бо ҷузъиёти меҳнати баққол, ороиши дӯкони ӯ, воситаҳои меҳнат ва тарзи коргирии баққоли соҳибмаърифату донно ва дар кори худ тавоно, бо кули нозукиҳои кору фаъолияташ ситоиш карда мешавад. Баъзан баёни шоир оҳанги ҳазлу шӯхӣ ва ҳатто гоҳо каме ҷанбаи тамасхур низ мегирад. Шояд дар чунин ҳолат шӯхчашмиҳои мардуми бозор дар симои чунин соҳибҳунарон мавриди тасвир қарор дода мешаванд. Чунончӣ:

Зи санҷидаш димоғи лаъли хунбор,

Зи рангаш сурх гашта рӯи бозор,

Ё худ:

Ба ҷон парварда ӯро золи даврон,

Ниҳода номи ӯро Мирзоҷон.

ва ғ.

Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибипешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ, аз ҷумла: «Дар таърифи Хоҷа Мирзомуҳаммади Шӯстагар», «Дар таърифу тавсифи нонво», «Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош», «Дар таърифу тавсифи шотир», «Дар таърифи қассоб» ва ниҳоят «Дар таърифи таштгар» касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо, ҳирфатҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, муомилаву муносибат ва асрори ҳунарии эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош») ки боиси зебу зиннат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба мушоҳида мегирад:

Гузорад пой бар ҳар остона,

Кунад он хонаро оинахона,

Ба килки худ намесозад ситамро, Кунад ангушти ӯ кори қаламро.

Ё худ дар манзумаи «Дар таърифи қассоб» ҷузъиёти пешаи мазкурро аз забони гӯсфанд меорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, ки барои забҳ омадаст ва аз он боке надорад, зеро тӯъмаи ҳалоли халифаи Ҷаҳонофарин шудан ормони интиҳони ӯст:

Ба дӯконаш равам дар хун тапида,

Наяндешам зи саҳрои бурида.

Агар хунам бирезанд, мотамам нест,

Зи поям гар биёвезанд, ғамам нест.

Ё ин ки дар манзумаи дигари шоир, ки «Дар таърифу тавсифи нонво»- ном дорад, ҳунари нонвоӣ ва кӯҳантаърих будани он, қадршиносӣ дидани пешаи мазкур миёни насли инсон ба тасвир оварда шудааст. Шоир макони омодашавии нон-танӯрро бо усули тоза ва басо образноку шево ба мушоҳида мегирад:

Танураш сурхрӯ аз оташи гул,

Хасу хораш бувад мижгони булбул.

Умуман ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо чанд ҷиҳати хоса дорад, ки онро таъкид намудан аз аҳамият холӣ нест:

Сайидоҳам дар ашъори лирикӣ, асари алоҳида ва шеърҳои ҷудогона яъне бо се роҳ ба ин мавзӯъ васфи аҳли ҳунар ва пешаи онҳо рӯ овардааст.

-Шоир анъанаи адабӣ, суннати эҷодиро ба таври васеътар эҳё намуда, дар ҳамин замина баъзе тозакориҳо кардааст.

-Адиб ба ин восита эҷоди бадеъро ба рӯзгори халқ, ба аҳли меҳнат боз ҳам наздиктар намудааст.

-Таркиби луғавии забони адабии тоҷикро дар асри XVII аз ҳисоби калимаву ибораҳои соҳавӣ нисбатан ғанӣ гардонидааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …