Главная / Маданият ва санъат / Мазлумов Аведикт Лукянович

Мазлумов Аведикт Лукянович

МАЗЛУМОВ Аведикт Лукьянович (12. 12. 1896, Симферополь — 30. 9. 1972, Москва), биолог ва селекционерн советӣ, акад. ВАСХИИЛ (1956), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1965). Соли 1923 Институти хоҷагии қишлоқи Воронежро хатм кардааст. Аз соли 1922 дар стансияи таҷрибавию селекционии Рамон (вилояти Воронеж), ки соли 1959 ба

МАЗЛУМОВ Аведикт ЛукьяновичИнститути тадқиқоти илмии умумироссиягии лаблабуи қанд ва қанд табдил ёфт (солҳои 1933—04 мудири шӯъбаи селекция ва гецетикаи лаблабуи қанд, аз соли 1967 мушовири илмӣ) кор кардааст. Мазлумов шахсан ва ҳамроҳи селекционерони дигар 52 навъ ва дурагаи лаблабуи қандро ба вуҷуд овардааст. Депутати Совети Олии РСФСР (даъвати 6). Лауреат Мукофоти давлатии СССР (1946, 1952) ва Мукофоти ленинӣ (1965). Акад. Фахрии Академияи хоҷагии қишлоқи Чехословакия (1960). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордсии Байрақи Сурхи Меҳнат ва медальҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Селекция сахарной свёклы. М., 1950; Методы селекции, создание высокопродуктивных сортов и гибридов сахарной свёклы к их внедрение в производство, «Тр. Всесоюзного научно-исследовательского института сахарной свёклы», 1985. т. 2, в. 2.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …