МАЗДОИЯ

МАЗДОИЯ. дине, ки дар замони салтанати Модиҳо (асрҳои 9—6 то м.) ва Ҳахоманишиён (асрҳои 6—4 то м.) дар сарзамини Эрон, Афғонистон ва Осиёи Миёна ҳукмрон буд, Бо номи худои олии дин Маздо (Аҳуромаздо) маъмулу машҳур гаштааст. Маздоия дар заминаи оини маздони кӯҳан, ки дини ба ном натуралистӣ дар аҳди қадим дониста мешуд, ташаккул ёфта, идеологияи давраи ғуломдорию патриархалиро ифода мекард. Он бо зардуштия қаробат дорад. Эътиқод ба худои некӣ Аҳуромаздо ва парастиши оташ ҷиҳати умумии ҳар ду оин мебошад. Аммо дар Маздоия Аҳуромаздо ҳомии ҳокимияти шоҳӣ буда, бо шоҳ робитаи бевосита дорад.

mazdakizm

Мувофиқи Маздоия мухолифони шоҳро Аҳурамаздо танаффур мекунад. То ҳукмронии Ҳушиёршоҳ Аҳуромаздо дар Маздоия худом олӣ буд, вале на ягона. Дар қатори ӯ худоҳои қабилавии маҳаллӣ — девҳо низ парастида мешуданд. Ҳашиёриоҳ дар ибтидои ҳукмронии худ ислоҳоти динӣ гузаронид, ки мувофиқи он парастиши девҳо манъ шуд. Аммо дар катибаҳои баъдинан Ҳахоманишиён дар қатори Аҳуромаздо олиҳа Анаҳито ва Митра хотиррасон мешаванд. Дар бораи Ҳашиёршоҳро наҷотдиҳандаи олам, муждарасони «эътиқоди ҳақиқӣ» эълон кардан низ баъзе кӯшишҳо буданд. Маздоия бар хилофи зардупггия дафни мурдагонро дар марқад манъ намекард.

Инчунин кобед

699999

Мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси …