Главная / Гуногун / Мазҳаби Исмоилия

Мазҳаби Исмоилия

Мазҳаби Исмоилия – яке аз мазоҳиби бонуфузи шиъа аст, ки ҳамчун саввумин мазҳаби фиқҳии равияи шиъаи дини Ислом шинохта шуда аст. Пайдоиши ин фирқа ва баъдан мазҳаб, ба ҷудоӣ, дар байни шиъаҳо, дар миёнаи асри VIII алоқаманд аст. Аксарияти онҳо имоми ҳафтуми шиъа Мӯсои Козим /писари дигари Имом Ҷаъфари Содиқ/-ро эътироф карданд ва минбаъд онҳоро имомиҳо номиданд. Аммо як қисми дигари онҳо ворисии имоматро ба писари калонии Имом Ҷаъфар /р/ Исмоил раво донистаанд ва баъд аз вафоти ӯ соли 762 писараш Муҳаммад ибни Исмоил /р/-ро имоми ҳафтум эътироф карданд. Бино ба чанд ривоёт Имом Ҷаъфари Содиқ /р/ аз писари худ Исмоил чандон розӣ набудааст (Чунки писараш Исмоил ба ҷуз Ҳазрати Алӣ (с.ъ) дигар се ёри босафойи Ҳазрати Расулуллоҳ (с)-ро эътироф накарда, онҳоро доим нафрат мекардааст, ки ин амал шаръан ва ахлоқан дуруст нест ва касе агар дӯстони Паёмбар (с)-ро дӯст надорад, пас ӯ душмани Расулуллоҳ (с) аст. Зеро худи Расулуллоҳ (с) чунин ҳукм кардаанд). Мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳама /ба ғайри мардуми Мурғоб, Дарвозу Ванҷ ва Қалъаи Хум ва як қисми Ишкошим ва Язғуломиён/ пайравони мазҳаби исмоилия мебошанд, возеҳтар-шуғнониён, қисме аз ишкошимиён, вахониён, бартангиён, сариқулиён, рӯшониён ва ғайра, ки намояндагони гурӯҳи забонҳои эронии шарқианд…

Дар таърихи мазҳаби шиъа фоҷиаи Карбало, ки дар он писари Ҳазрати Алӣ ъалайҳиссалом-Ҳусайни Имом алайҳиссалом бо аҳли байт ва ҳамроҳонаш, ки 76 нафар буданд, ба дасти сарлашкари хунхорӣ Язид ибни Муъовия-Саъд ибни Ваққоси лаъин ва бо дасти худи Язиди малъун кушта шуд, бузургтарин фоҷиаи инсоният, дар рӯи Замин буда, хеле ҳодисаи пурфоҷиаву таъсирнок аст ва дар ташаккули шиъа нақши зиёде дорад. Ба сари ҳокимият омадани Аббосиён низ шӯришу зиддиятҳои пайравони Ҳазрати Алӣ /р/-ро хомӯш нагардонд, ки нагардонд ва ба хулафои аввали аббосӣ, чандин маротиба лозим омад, ки ин исёну шӯришҳоро фурӯ шинонанд.

Ихтилофи байни аҳли суннат ва шиъа асосан аз замони хилофати Ҳазрати Усмон /р/ ва Ҳазрати Алӣ /р/ сар задааст. Ҳарчанд Ҳазрати Алӣ /р/ пас аз қатли Ҳазрати Усмон /аз соли 658-661/ ба хилофат расид, вале пас аз қатли ӯ /с.661/ боз то соли 770, яъне, то охирин соли ҳокимияти Марвони дуюм, хилофат дар дасти Уммавиён боқӣ буд…

Аввалин доъиёни машҳури мазҳаби ташаюъ Абӯзари Ғаффорӣ /р/, Миқдод ибни Асвад /р/ ва Салмони Форсӣ /р/ буданд. Дар коркарди асоси назариявии имомат Абдуллоҳ ибни Саббоҳи Яҳӯдӣ, ки аслан яҳудии аз дини худ баргашта ва ба масеҳият гаравида ва аз он баргашта ба Ислом бардурӯғ гаравида, саҳми зиёд гузоштааст. Абдуллоҳ ибни Саббоҳ ақида дошт, ки Ҳазрати Муҳаммад /с/ намурдааст ва Ӯ мисли Ҳазрати Исои Масеҳ /ъ-с/ бозмегардад ва Ҳазрати Алӣ /р/ дар замони ғайбати ӯ васӣ-ҷонишини қонунии ӯст. Имомат аз диди аҳли ташайюъ амри Илоҳист ва наметавонад интихобӣ бошад ва он чун пайғамбарӣ, аз иродаи Худо вобаста аст. Онҳо барои асоснок кардани ин иддаои худ назарияе кор кардаанд, ки тибқи он гӯё дар Ҳазрати Алӣ /р/ яъне, писарамак ва домоди Расули акрам (с) низ чун дар Расули гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад /с/ нури илоҳӣ асар намуда ва аз ӯ ба авлоди ӯ ворид гардида, ки ин назария аз нигоҳи тамоми уммат ва мо низ дуруст нест, зеро Мавло Алӣ ъалайҳиссалому-авлиёи барҳақ ва пири комили тариқат буданд ва ҳеҷ гоҳ динро ба як авлод ва имоматро ба як авлод мансуб намедонист, аммо хилофат кори дигар аст ва агар хилофати Ислом (на имомат) ва кори давлату давлатдорӣ мисли назарияи аҳли байти Расулуллоҳ (с) мешуд, кори хуб буд, чунки ҳақ ва адолат ҷониби Имом Ҳусайн (с.ъ) буд ва на ҷониби Язиди лаъин) Аз ин рӯ, имомат фақат меросӣ, яъне, аз насл ба насл метавонад бошад, аммо ин назарияи дуввумӣ, яъне, меросӣ будани имомат, аз назари аҳли суннат нодуруст аст. Аҳли суннат ва ҷамоат бошанд ин ақидаи аҳли ташайюъро қабул надоранд /мувофиқи оёти Қуръон ва Ҳадис/ ва имоматро интихобӣ мешуморанд (ва касе, ки дар бандагии Худо, дар роҳи шариати ғуррои Муҳаммадия (с) мустақим ва устувор ва пок аст ва олим аст, пас ӯ ҳаққи пешвоӣ ва имоматиро дорад, ба мардум-С.Б.Б).

Фарқияти эътиқодию шаръии аҳли шиъа бо аҳли суннат ва ҷамоъат ночиз аст; Онҳо низ ба Худои ягонаи оламҳо ва ислом-Аллоҳ (ҷалла ҷалолаҳу) ва Пайғамбари Ӯ Ҳазрати Муҳаммад /с/ эътиқоду имон доранд ва алипараст гуфтани онҳо, чунон, ки дар байни сунниҳо мегӯянд, чандон дуруст нест (зеро ба аҳли суннат ҳам воҷиб аст, ки дар қатори дигар ёрону асҳоби киром разиаллоҳу анҳум Ҳазрати Мавло Алӣ ъалайҳиссаломро дӯст доранд-С.Б.Б). Ҳамчунин аҳли шиъа китоби муқаддаси Ислом Қуръон ва суннати Расули Худо /с/-ро қабул доранд, танҳо ба қавли онҳо гӯё ҳангоми таҳрири усмонӣ, дар баъзе оятҳое, ки сухан аз имомати Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб /р/ мерафта ё далолат ба он мекарда, таҳриф ё ҳазф шудаанд (ин назария комилан дуруст нест, ин назарияи Абдуллоҳ ибни Саббоҳи яҳудии аслан номусалмон ва шайтонсифат ва хунрезу ҷудоиандоз ва мусалмонкуш ин ҷо ба кор намеравад ва ин ҷо адли Илоҳӣ вуҷуд дорад). Паямбар ҳақ надорад, даст ба таҳрифу ҳазфи аҳкоми Илоҳӣ-Қуръон задан, боз чӣ расад ба Усмону Нӯъмон ва ғайра-С.Б.Б) ва дар суннат танҳо ба ҳадисҳое эътибор ва қоиланд, ки аз қавли саҳобаҳои наздики Ҳазрати Муҳаммад /с/ ё аз аҳли хонадони эшон, яъне аимаи баъдина нақл шуда бошанд. Маҷмӯи инчунин ҳадисҳоро шиъиён ахбор меноманд. Ғайр аз ахбор, ба ҳайси сарчашмаи маънавию ахлоқӣ, маҷмӯаи гуфтаҳо ва хутбаҳои Ҳазрати Алӣ /р/ бо номи «Наҳҷ-ул-балоға»-ро доранд. Дар баён ва шарҳи усули дин, чунон, ки қаблан гуфтем, баъзе тафовутҳо мавҷуд аст. Фарқҳои ҷузъии тафсилӣ, чун дар матни азон дохил шудани «Ашҳаду анна Алиюл валиюл-лоҳи», пас аз шаҳодати рисолати Ҳазрати Муҳаммад /с/ ва тарзи адои намоз, зиёрати ҷойҳои муқаддас ва иду маросимҳо низ мавҷуданд. Маҷоз донистани тақия-пинҳон намудани асли эътиқод ва тазоҳур, ба дигар, дар мавридҳои зарурӣ, никоҳи муваққатӣ-сиға низ аз фарқиятҳои байни шиъаву суннӣ мебошанд. Аммо фарқи асосӣ чунон, ки гуфтем ҳамон назария /докторина/-и имомат аст, ки бо номи «Имомат ва вилояти фақеҳ», ки назарияи мукаммали фалсафию сиёсии Ислом, аз дидгоҳи шиъа аст. 18-104.

Гурӯҳи асосии шиъиёнро имомияи исноашарӣ /дувоздаҳ-имома/ ташкил мекунад. Шаҷараи имомон дар ин фирқа, аз Имом Алӣ ибни Абӯтолиб /661-домод ва писарамаки Ҳазрати Расулуллоҳ салъам/ оғоз гардида ба тартиби зайл аст: 2.Имом Ҳасан /ваф.с.699/; 3.Имом Ҳусайн /шаҳодат с.680/; 4.Имом Алӣ Зайнул Обиддин /ваф.с.712./; 5.Имом Муҳаммад Ал-Боқир /ваф.с.721/ /писари дигари Зайнул-Обиддин/ яъне, Имом Зайд, ки асосгузори фирқаву мазҳаби Зайдия аст; 6.Имом Ҷаъфари Содиқ/ваф. с.765 асосгузори фирқа ва мазҳаби ҷаъфария/; 7.Имом Мӯсои /Козим/ваф.с.797/ /писари дигари Имом Ҷаъфари Содиқ, яъне, Имом Исмоил-асосгузори фирқа ва мазҳаби исмоилия/; 8.Имом Алии Ризо/ваф.с.818/; 9.Имом Муҳаммади Ҷаввод /ваф.с.835/; 10.Имом Алии Нақӣ /ваф.с.863/; 11.Имом Ҳасани Аскарӣ /ваф.с.874/; 12.Имом Муҳаммад Маҳдии Мунтазир /ғайбат с 878/.

Мувофиқи эътиқоди шиъиён имоми дувоздаҳум Маҳдӣ, намурдааст, балки аз маҳд, яъне гаҳвора ғайб задааст ва дар охирзамон бармегардад, иншоаллоҳ ва адолатро пойдор месозад /Бояд гуфт, ки дар андешаи бисёре аз мардум ва уламои аҳли суннат низ ин ақидаи мазкур ҷой дорад-С.Б.Б/. Вуҷуди чунин ақида, дар шиъа як бурҳони дигаре дар мавриди таҳаввул ва такомули табии динҳо, аз ҳисоби якдигар ва боварӣ, ба ниҳояти некбинона /оптимистӣ/ доштани адён нисбат ба тақдири ҷомиъаи инсонӣ ва ғалабаи адолат аст. Дар ин маврид шахсияти Имом Маҳдӣ, дар шиъа шабоҳати зиёде бо шахсияти Исои Масеҳ /ва дар гузаштаи аз замони Исои Масеҳ дур, Хоҷаи Хизр Пайғамбар алайҳиссалом буд, ки ӯро низ то кунун зинда мепиндоранд, чӣ шиъиён ва чӣ сунниён-С.Б.Б/ дар дини насронӣ дорад. Ин худ шояд далел, ба асли воҳид доштани адён ва ифодакунандаи ормони ягонаи инсоният будани онҳо бошад. 18.105.

Чунон, ки гуфта шуд имомат, дар мазҳаби шиъа, дар қатори нубувват, мақоми баланде дорад. Имом низ мисли набӣ /пайғамбар/ мукаллаф, аз тарафи Худо-Аллоҳ аст. Яъне, мақоми сиёсиву рӯҳонии имом такдир шуда, аз тарафи Худост. Имом дар шиъа мазҳари исмат-покӣ ва бегуноҳӣ, ба шумор меравад. Мувофиқи назарияи сиёсии имомат «вилоят»-ҳукумати сиёсӣ, бояд баъд аз ғайбати Имом Маҳдӣ, ба дасти фақеҳи муҷтаҳид гузарад. Ва мувофиқи назарияи вилояти фақеҳ вай низ дорои як қатор сифатҳову қобилиятҳои сиёсӣ баргузидааст 18.105.

Ҳарчанд мазҳаби шиъа дар аввали пайдоиши худ маншаи арабӣ дошт, баъдтар он барои Эрониён беҳтарин чатри муборизаи идеологие барои бархостан, ба муқобили истилогарони араб ва сиёсати арабикунонии Уммавиён гардид, онро эрониён ба ормон ва аҳдофи сиёсии худ созгор ёфтанд ва қабулу ривоҷ доданд (ҳатто олами арабӣ, ба маърифати Эрониён дар шигифт монданд-С.Б.Б) ниҳоят дар натиҷаи муборизаи қувваҳои мухолиф, ки дар он нақши асосиро, чунон, ки гуфтем эрониён мебозиданд хилофати Аббосия сари кор омад, ки дар дастгоҳи идораи он вузарои эронӣ-аз Оли Бармак нақши муҳим мебозиданд. Дар асри XVI мазҳаби шиъа мақоми дини давлатии Эронро касб мекунад. Вале дар асри таассуби шиъагароии Шоҳ Исмоили Сафавӣ, ки дар Бағдод ва дигар навоҳии суннинишин ба роҳ андохт, ман фикр мекунам, ки ягона шонси таърихии ба дасти эрониён гузаштани хилофати Ислом, аз даст рафт ва аз он туркони усмонӣ истифода намуда, лаҷоми хилофатро, ба дасти худ гирифтанд ва то асри XVIII-то замони ба ҳам пошида шудани хилофати Ислом, ҳокимият карданд. Имрӯз равияи мазҳабии шиъа дини расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки соли 1979 дар натиҷаи ин Инқилоби Исломии Эрон, ба сари қудрат омад.Дар ин Инқилоб нақши роҳбарикунандаи рӯҳонияти шиъа бо сарварии Имом Хумайнӣ /1900-1989/ ниҳоят бузург буд/ ва бояд таъкид кард, ки дар пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон хидмати мутафаккирони барҷаста ва файласуфони оламшумули Эрон-доктор шодравон Аллома Алии Шариатӣ, Аллома Таботабоӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ ва дигарон хеле ва хеле назаррас аст, яъне, маҳз таъсири афкори инқилобии эшон ё худ шарораҳои гулханафрӯзи афкори фалсафии эшон буд, ки оташи Инқилобро дар саросари марзи Эрон барафрӯхт ва низ таъсири афкори ислоҳотӣ ва инқилобии Аллома Муҳаммади Иқбол, Устод Халилуллоҳ Халилӣ ва Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ҳам, дар пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон хеле калон аст, ки ин ҳақиқат аст-С.Б.Б/. Баъд аз Инқилоб, дар Эрон, шояд нахустин бор дар таърихи шиъа, тамоми умури идорӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоию иқгисодӣ ва сиёсӣ, исломӣ карда шуд ва воқеъан давлати соф Исломии Ҳуқукбунёди шиъа таҳаққуқ пазируфт. 18.106.

Дар ҷаҳони шиъиён, ба ғайр аз се фирқа – мазҳаби шиъӣ, ки номбар ва то андозае шарҳ додем, боз фирқаву тариқат ва шохаҳои зиёди мазҳабӣ низ ҷой доранд, ба мисли; мӯътазилия, алавия, баҳоӣ, бобия, имомия, алиилоҳӣ, қарматия, мӯсавия, мурдория, муборакия, хуррамия, мурҷиъа, муғаййирия, аббосия, асоммия, ахбория, амалия, баёния, аммория, асвория, амрия, ғулотия, бишрия, ботиния, боқифия, восилия, дурӯзия, заммия, зурория, искофия, исноашарӣ, исҳоқия, рофизия, кайсония, фотимия, мухтория, маҳдавия, карбия, мансурия, комилия, муқаддисия, муҳаммадия, наҳлия, нӯъмония, наззомия, носирия, нафисия, одилия, лоиния, марисия, манқусия, мустасния, мустаълавия, муфаввизия, сабъия, оғохония, рамомия, низория, новусия, нусайрия, нуаймия, савобония, сабоия, роҷия, сабоҳия, сомития, сулаймония, сумомия, ҳаётия, шайхия, яъфурия, таълимия, усулия, шаккокия, шаҳомия, хуррамдинон, шабошия, ғолия, ғуробия, ғамомия, яъқубия, ҳуруфия, аҳли ҳақ, нуқтавия, довудия, ҷуббоия, ҷаноҳия, ҷорудия, қосимия, ҳарбия, ҳадасия, ҳашвия, ҳафсия, ҳошимӣ, ҳашомия, ҳорисия, ҳашишия, ҳурайрия, хумайния /фирқаи нави ҷонибдорони таълимоти Имом Хумайнӣ/, ҷавзия ва ғайра мислуҳум.

Хулоса, сабаби пайдоиши фирқаву мазоҳиб, дар байни диндорони дини мубини Ислом ва ҳам ихтилофоти байниҳамдигарии эшон, асосан рӯи мавзӯи истифода кардан ва ё накардан, дар ҳукм, аз суннат, иҷмоъ ва ақл /ё қиёс/, истеҳсон ва ғайра будааст.

Вале ҳақиқати талх ин аст, ки агар дар муслимини гумроҳу гаправ /чуноне, ки дар ҷаҳони имрӯза, яке ғуломи зархариди амрикоиянду яке ғуломи яҳудӣ ва дигаре инглисӣ ва ғайра/ ваҳдату ягонагии воқеан исломӣ, яъне қуръонӣ, аз рӯи амри Аллоҳ таъоло ба вуҷуд ояду пойдор гардад, ҳоҷат ба фирқабозӣ нест! Ва ҳазрати Расулуллоҳ /с/ ҳам тафриқаандозонро нафрат доштанд ва даъвати он нури олам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам, аз муслимин ваҳдату ягонагии аҳли Ислом ва тамоми башарият  буду ҳаст. Яъне, иттиҳод рамзи пирӯзист. Ва ҳакими муваҳҳид ва инсони комил Фирдавсӣ басо хуб гуфта аст:

Зи рӯзи гузар кардан андеша кун,

Парастидани додгар пеша кун.

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Бале, ҳастии миллат зи ваҳдат мешавад. Ваҳдат омили асосии пешрафти ҷамъият бақои миллат, пойдории шариъат ва наҷоти башарият аз шарият ва шӯрият мебошад

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …