Главная / Илм / Мазҳаби Ҷаъфария

Мазҳаби Ҷаъфария

Мазҳаби Ҷаъфария-пайравони имоми шашуми шиъа-Имом Ҷаъфари Содиқро гӯянд /ваф.765/ Ҷаъфария бузургфирқаи имомияи шиъа аст, ки ҳамчун мазҳаби шиъа эътироф шудааст. Пайравони ин мазҳаб хулафойи рошиддин /Абӯбакр Умар ва Усмону Алӣ разиаллоҳу анҳум/-ро лаънату такфир нахонда, ҳуқуқи онҳоро дар хилофат эътироф кардаанд. Аз ин рӯ, ин мазҳаб дар радифи чаҳор мазҳаби фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоат, ҳамчун панҷумин мазҳаби фиқҳӣ, дар Ислом шинохта шудааст ва бисёре аз муҳаққиқону муаррихони асрҳои миёна ҷаъфарияро бо мазоҳиби суннат дар як радиф гузоштаанд. Муҳаммади Шаҳристонӣ ҷаъфарияро-ҷаъфарияи воқифия номида, онро бо «Боқирия», дар як радиф овардааст. Ба қавли ӯ пайравони ин ду фирқа, имомати Муҳаммади Боқир ибни Алӣ ибни Сайид Зайнулобиддин ва Ҷаъфари Содиқро эътироф мекарданд.

Имом Ҷаъфари Содиқ /ъ-м/ масоили динӣ ва фалсафиро хуб медонист. Ҳангоми иқоматаш дар Мадина, ба пайравони худ масъалаҳои назарию амалии динро таълим медод. Баъдтар ӯ ба Ироқ омада, ба мутолиаи амиқи илмҳои замони худ пардохт ва аз ҳамсӯҳбатони Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) буд ва ба қавле ба Имоми Аъзам ҳаққи устодӣ низ дошта аст ва ба ӯ илми Ҳадис омӯхта аст, яъне, Имом ҷаъфари Содиқ (р). Имоми Аъзам ӯро ниҳояти тамом эҳтиром мекардааст. Ва ба ривояте Имом Ҷаъфар, баъди чанд соли вафоти Хоҷа Собит-падари Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ба модари Имом Абӯҳанифа хонадор мешавад. Ва ҳамчунин Имом Ҷаъфар низ дар навбати худ, муддате шогирди Имоми Аъзам будааст – дар илми фиқҳ ва забону адабиёти араб.

«Номи ӯ Ҷаъфар, кунияташ Абӯ Абдуллоҳ ё Абӯ Исмоил ва лақабаш Содиқ буд. Ӯ аз он ҷиҳат «Содиқ» лақаб гирифт, ки ҳар чи мегуфт, аз сари сидқу ростӣ мегуфт. Аксари муҳаққиқин бар онанд, ки Ҷаъфар ба соли 8/699-700/ дар Мадина, ба дунё омадааст. Баъзе аз муаллифони валодати ӯро ба соли 83/702 гуфтаанд. Аз ҷониби шаҷараи падараш, ба авлоди Паёмбари гиромӣ /с/ ва аз ҷониби модар, ба Абӯбакри Сиддиқ /р/ мерасад. Падари ӯ Муҳаммади Боқир ъалайҳиссалом аст.

Аз ҷониби модар, чуноне, ки зикр намудем насаби ӯ ба Абӯбакри Сиддиқ /р/ рафта мерасад. Модараш Умм-Фарва-духтари Ал-Қосим ибни Муҳаммад-писари Абӯбакри Сиддиқ /р/ буд. Ва модари модараш Ал-Асмо-духтари Абдурраҳмон-писари Абӯбакри Сиддиқ буд. Аз ҳамин сабаб ҳам Имом Ҷаъфар мегуфт, ки «Ман ду карат зодаи Абӯбакри Сиддиқам /110-8/ Ва шояд сабаби дигари лақаби «Содиқ» гирифтани Имом Ҷаъфари Содиқ ҳам аз он хотир аст, ки ӯ набераи Абӯбакри Сиддиқ /р/ аст-С.Б.Б/.

Ҷаъфар дар Мадина ба воя мерасад ва аз аҷдодони худ ва тобиъин, ки пайравону шогирдони саҳобагон (р) буданд, ҳадисҳои зиёдеро азбар мекард. Ӯ аз бобояш-Ал-Қосим ибни Муҳаммад, падараш-Абӯ-Ҷаъфар Ал-Боқир ва аз муҳаддисони машҳур, ба монанди Урва ибни-з-Зубайр, Ато, Нофеъ ва дигарон илми Ҳадис омӯхта, худ низ ба дигарон ривоят мекард. /Ва устодии ӯ ҳам, ба Имоми Аъзам /р/ дар илми Ҳадис ва истифодаи он будааст, зеро Имом Ҷаъфар имкониятҳои хуби фарогирии Ҳадисро дошт-С.Б.Б/.

Ҷаъфари Содиқ, чи тавре, ки дар ибтидо ишорат намудем, шахсиятест, ки ҳам дар байни шииён ва ҳам дар байни сунниён маҳбубу машҳур аст. Аз-Заҳабӣ ҳатто суханонеро аз номи нафаре овардааст, ки Ҷаъфар мехостааст, бештар Абӯбакри Сиддиқ ба ӯ шафоат кунад: Ҳафс ибни Ғиёс мегӯяд: «-Ман шунидам, ки ӯ /Содиқ-С.Б.Б./ мегуфт: «-Намехоҳам, ки ба ман Алӣ шафоат кунад, балки мехоҳам, ки Абӯбакр ба ман шафоат кунад, зеро ман ду карат зодаи ӯям» 110-9.

Дар натиҷаи омӯзиши зиёди масоили динӣ, Ҷаъфари Содиқ, аз баъзе ақидаҳои шиъаи ифротӣ даст кашида, намояндагони онро нафрин хонд /ва сахт гирифтани ӯ ба писараш Исмоил ҳам аз ин хотир аст/ ва таълимоти рофизияро роҷеъ ба ғайбату риҷъати Имомон, бадоъ, таносуҳ ҳулул, ташбеҳ ва ғайра ба куллӣ рад намуд.

Ҷаъфариҳо дар асри VIII баробари пайравони чаҳор мазҳаби аҳли суннат, дар атрофи Каъба, соҳиби ҷойнамози махсус /мақом ё мусалло/ гардиданд. Назар ба дигар манотиқи фатҳшудаи исломӣ, ҷаъфария, дар ҶИ Эрон васеъ густариш ёфта аст ва таълимоти Имом Ҷаъфари Содиқ ва афкори фуқаҳои ин мазҳаб, дар баробари Қуръон ва Ҳадис, дар ин кишвари беназири исломӣ мӯҳтарам буда, далойили мӯътамадест, дар кори қонунгузорӣ ва усули ибодат ва кори давлату ҳукумат аз мардуми ин кишвар. Возеҳтар, аксари мардуми Эрон пайрави мазҳаби Имом Ҷаъфари Содиқанд. Ин мазҳаби фиқҳӣ, аз тарафи аксарияти шиъиён-имомияи исноашрӣ, қабул ва эътироф карда шуда аст…

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …