Главная / Биология / Маймунҳо

Маймунҳо

Қатори маймунҳо (маймун перевод с таджикского – русского)– ҳайвонҳои ширхӯри аз ҳама олию ташаккулёфтаро дар бар мегирад, ки ба он одам ҳам мансуб аст. Мағзи сари приматҳо калон буда, нимкураи мағзи пеш инкишоф ёфта, ҷӯякҷои зиёде дорад. Панҷаҳои приматҳо қаппанда аст, ба тарафи пеш майл дошта, нохун ҳам доранд. Дар онҳо пистонҳои ширдиҳанда як ҷуфт буда, дар қисми қафаси пеши бадан (қафаси сина) ҷойгиранд. Приматҳои мода одатан яктой ва баъзан 2-3-той таваллуд мекунанд. Приматҳо бештар ҳаёти рӯидарахтӣ гузаронда, растанихӯр мебошанд. Аксарияти онҳо дар ҷангалҳои тропикии Африка, Осиё ва Америка зиндагӣ мекунанд. Приматҳо намудҳои бисёр доранд, ки ба якчанд зерқатор ҷудо мешаванд:

maymunЗерқатори маймунҳои дарозбинӣ нисбат ба дигар маймунҳо қадима буда, дар Америкаи Ҷанубию Марказӣ вомехӯранд. Онҳо маймунҳои ҳаҷман хурд буда, дар рӯйи дарахтони ҷангалӣ зиндагӣ карда, ҳамахӯр мебошанд, думи дарози андармоишаванда, пойҳои дароз, садопардаи ларзишнок доранд. Як намуди он маймуни ҷаҳанда (пригунка) ном дорад.

Зерқагори маймунҳои кӯтоҳбин. Ба он мартишка, павиан, макак, гиббон, орангутанг, шимпанзе ва одам дохил мешавад. Маймунҳои кӯтоҳбинӣ баъзеашон дум доранд ва дар баъзеашон дум тахфиф шуда, дар қисми думғоза изаш боқӣ мондааст. Онҳо дар ҷойҳои гарми ҷангалҳои Африка ва Осиёи Ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд. Масалан, мартишка маймуни думдори рӯйи дарахтӣ буда, дар ҷангалзорҳои тропикии Африка зиндагӣ карда, растанихӯр аст. Макак ҳам дар рӯйи дарахт ва ҳам дар рӯйи замин мегардад.

Гиббон маймуни дароздаст буда, ба ду пойи ақибаш нишаста метавонад. Вай дум надорад, майнаи пешаш инкишоф ёфтааст. Гиббонҳо дар ҷанубу шарқии Ҳиндустон ва дар ҷазираҳои Ява, Суматра, Калимантан зиндагӣ карда, бо дастони дарозашон ба шохи дарахт овезон шуда, аз як шох ба шохи дигар ва ё аз як дарахт ба дарахти дигар ё аз рӯйи дарахт ба рӯйи замин ҷаҳида, мегарданд. Хӯроки гиббонҳо мева ва баргу навдаҳои ҷавон аст. Ба маймунҳои одамшакл маймунҳои нисбатан калони бедуму дароздаст дохил мешаванд, ки бо ду пой рост истода ё роҳ рафта метавонанд. Дар айни замон аз зоти онҳо орангу ганг, шимланзе ва горилла боқӣ мондааст.

Орангутанг to 1.5 м қад дорад, панҷахои дасту пояшон нағз вазифанок шуда, баданашон (ба ғайр аз панҷаҳо, рӯй, бинию пешона) сермӯй мебошад. Ҳаёти руйи дарахтӣ гузаронда, баъзан ба рӯйи замин мефарояд. Орангутанҳо бештар дар ҷазираҳои Суматра зиндагӣ мекунанд.

Шимпанзе то 1.5 м қад дошта, рӯяш бемӯй. гӯшаш калон (ба гӯши одам монанд) аст, дастонаш нисбат ба дасти орангутан кӯтоҳ аст. Вай дар ҷангалҳои тропикии Африка ҳаётн рӯйи дарахтию рӯизаминӣ мегузаронад. Хӯрокаш растанӣ буда. оила-оила шуда зиндагӣ мекунанд.

Гориллаҳо то 2 метр қад дошта, дар рӯйи замин бо дасту пойҳояшон роҳ мераванд, панҷаҳо ва сару рӯяшон бемӯй аст. Онҳо дар замннҳои ҷангалии минтакаи экваторни Африка зиндагӣ мекунанд. Хӯрокашон мева ва решамева мебошад.

Одамон дар қатори приматҳо — як оилаи махсуси инкишоф ёфтаи олитарин ба шумор мераванд. Нимкураҳои калону серчӯяки магзи сари одам аз майнаи маймунҳои одамшакл се баробар зиёд аст. Дар одам рӯйпӯши мӯйдор барҳам хӯрдааст. Ба ду пояшон такя карда рост меистанд. Дастҳояшон аз замин канда шуда, вазифахои мураккабро адо мекунанд. Табиатан тағйирёбанда одамро аз маймунҳои одамшакл ба вуҷуд овардааст ва дар ин кор меҳнат аҳамияти асосӣ дорад. Инкишофи шуурнокии инсон ҳоло ба дараҷае расидааст, ки акнун ба табиате, ки як вақтҳо аз болои одам ҳукмронй мекард худаш ҳукмрон аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …