Главная / Илм / МАЙДОНИ ВЕКТОРӢ

МАЙДОНИ ВЕКТОРӢ

МАЙДОНИ ВЕКТОРӢ, соҳаест, ки ба ҳар як нуқтаи Р-и он аз рӯи қоидаи маълум ягон вектор а (Р) мувофиқ гузошта шудааст. Ба таври математикӣ Майдони векториро дар соҳаи G ба воситан вектор функцияи а (Р) дар ин соҳа муайян мекунанд. Майдони векторӣ бо ёрии системаи муодилаҳои дифференциалӣ низ дода мешавад. Мас., майдони ҷозиба, шиддатнокии майдони магилтӣ ва ғ.

Дивергенция ва чархзанӣ (ротор) характерветикаҳои муҳими Майдони векторӣ мебошанд. Агар дар ҳар нуқтан Р-и майдон чунин функсияи скалярии и (Р) мавҷуд ва а (Р) = grade бошад, Майдони векторӣ потенциалӣ номида мешавад. Агар дивергенцияи Майдони векторӣ ба сифр баробар бошад, онро соленоидӣ меноманд. Майдон соленоидӣ ва потенциалӣ бошад, он Майдони векторӣ лапласӣ ном дорад. Назарияи Майдони векторӣ дар соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ татбиқи васеъ дорад. Ниг.  низ ҳисоби векторӣ.

М. Исматов.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …