Главная / Гуногун / Хусусияти асосии (бофиши) бофти матоъ

Хусусияти асосии (бофиши) бофти матоъ

Матоъ аз бофти риштаҳои тору пуд, яъне қаду бар таркиб меёбад. Хусусиятҳои бофт ҳархела аст, вале се намуди асосии бофтан – катонӣ, саржаю сатинӣ ё атласӣ мавҷуд аст. Бофти катонни аз рӯй ва қафои матоъ нақши якхела дошта, барои таркиб ёфтани он ду ремизок лозим аст.

mato

Бофти катонӣ васеъ истифода мешавад. Резишу тор-тори матоъ дар бофти катонӣ назар ба саржаю сатинӣ камтар аст, зеро дар саржаю сатинӣ риштаҳои тору пуд байни худ камтар пайваст шудаанд.

Дар газворҳои пахтагӣ бофти катониро барои тайёр кардани хомсуф, батист, суфи пахта, чит, маркизет ва ғайра истифода мебаранд.

Дар матои зағирпоявӣ барои карбос, дар матоъҳои пашмин барои моҳут, дар шоҳивор барои крепдишин, шифон ва ғайра истифода мебаранд.

Бофти катонии байни бофиши матоъҳо аз ҳама оддӣ ва ҳам паҳнгашта мебошад.

Беҳтарин матоъҳои бофишӣ катонӣ буда, яъне пайвастагии зичи байни тору пуд, наху ришта боиси он мегардад, ки матоъ мустаҳкам, пурбардошт, дар вақти шустан тобовар, камтар кашиш хӯрии риштаи пуд барои ёзиши матоъ шароит муҳайё мекунад, яъне матоъ метавонад камтар кашола шавад ва барқади матоъ кам зиёдиро нишон медиҳад, ки дар вақти буриши матоъ ва дӯхтани маснуот ба ин хосиятҳо бояд аҳамият дод.

Дар вақти бофиши катонӣ интихоби ришта аҳамияти калон дорад.

Матоъи бисёр тунук дока ё матои ғафс – карбос, хомсуфро тайёр кунем, чи қадаре, ки риштаи тунук гирем матоъ тунук мешавад чӣ қадаре ки риштаро ғафс гирем матоъ ғафс мешавад.

Оё шумо медонед?

Аз кофтуковҳои мисриёни қадим маълум гардид, ки намунаи матоъҳое, ки дар 1 см2 – 84 риштаи асос (тор) ва 60-то риштаи пуд (кӯндаланг) бозёфтаанд ки то мо боқимонда. 240 м матоъи борики нафис ҳамагӣ 1 г вазн доштааст.

Дар борикӣ матоъҳои зағирин аз абрешимин чандон фарқ намекунад. Бофанда риштаро бо даст ҳис мекунад. Фактураи матоъ гуногун аст.

Дар давраи подшоҳии давраи ориёӣ матоъҳоро бо марҷон, ва зардӯзӣ ороиш медоданд. Ороиши матоъ хусусияти ҳандасавӣ (геометрӣ) дошт, нақшҳо дар ҳамаи матоъҳо дар назди милк сар карда ҷойгир мешуданд.

Баъд дигар рангҳоро истифода мебурдагӣ шуданд. Матоъро бо рангҳои гуногуни растанигӣ, ки рангҳои сурх, кабуд, бунафш доранд ранг мекарданд. Аз ин маълум мешавад, ки матоъҳои зағирини давраи пеш бисёр нафис зебо ва маҳин буданд.

Рамзҳои ҷаҳонӣ оид ба нигоҳубини матоъ.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

shaiton

Беҳтарин дуо барои муҳофизат аз ҳар бадӣ

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳабиб (раз) мефармояд, ки: Дар як шаби бисёр торику боронӣ ба дунболи …