Главная / Гуногун / МАТЕРИЯ – МОДДА ВА ҶИСМ

МАТЕРИЯ – МОДДА ВА ҶИСМ

Олами моро иҳотакунанда моддӣ мебошад.

Ҳама чизе, ки инсонро иҳота мекунад, материя номида мешавад. Вай аз ҳеҷ куҷо пайдо нашуда, худ аз худ аз байн намеравад. Ҳамчунин материя ба аъзои ҳисси одам (ба таври мустақим ва ғайримустақим) таъсир расонида, эҳсосро бармеангезад (ранг, овоз, маза, андоза, шакл, бӯй, рӯшноӣ).

Модда – ин яке аз навъҳои материя ба шумор меравад. Истакон аз шиша, мех аз оҳан, чумча аз алюминий, сим аз руҳ сохта мешавад. Об, шиша, оҳан, руҳ, алю­миний намунаи моддаҳо ба шумор мераванд. Ҳар он чизе, ки аз моддаҳои гуногун сохта шудаанд, таври мисол, истакон, мех, чумча, сим, ҷисмҳо номида мешаванд. Ҷисмҳои гуногун метавонанд аз як модда сохта шаванд: (таври мисол: чумча, панҷа( вилка), қадаҳ -аз алюминий) ва баръакс, ҳар он чизе, ки ба ҷисмҳо монанд ҳастанд, метавонанд аз моддаҳои гуногун сохта шаванд .Таври мисол, истаконҳое, ки аз шиша ва филиз металл сохта шудаанд.

Он гуляхҳое, ки дар рӯзҳои зимистон аз боми хонаҳо авезон мешаванд, қатраҳои об ва меҳ – ин ҳама ҷисмҳое мебошанд, ки аз як модда, яъне об иборат мебошанд. Вале гулях моддаи сахт буда, қатра моеъ ва меҳ (туман) моддаест дар ҳолати газшакл.

Дар шароити муътадил моддаҳои сахтро фипгурдан ва ёзондан мушкил аст. Онҳо қаҷми худро нигаҳ медоранд. Барой он ки шакли моддаҳои сахтро дигаргун намоем, таври мисол, барои қат кардан ё шикастан, моро зарур аст, то кӯшиши зиёде ба харҷ бидиҳем.

А Моддаҳои сахт хосияти ҳифз кардани шакл ва андоза мебошанд. Вале моеъ ба осонй шакли худро дигар мекунад.

Вай шакли он зарферо мегирад, ки мо онро мерезем. Дар шароити муътадил танҳо қатраҳои кӯчак метавонанд шакли худро- яъне курачаро дошта бошанд. (расми 16). Таври мисол, чунин навъ курачаро ҳангоми пайдо шуда- ни шабнам дар рӯйи баргҳо дидан мумкин аст.

Шакли моеъро метавон ба осонй тагйир дод, вале ҳаҷми онро дигар кардан мушкил аст. Дар ин робита бо ин падида метавон як мисоли таърихиро ёдовар шуд. Обро ба курае, ки аз руҳ сохта шу- дааст, рехтанд. Барои он ки об аз сӯрохӣ нарезад, онро кафшер карданд.

Пас аз ин, барои он ки обро бифишоранд, ба кура бо путки оҳанин кӯфтанд. Дар натиҷа чй шуд? Ҳангоми бо путк задан об фиптурда нагардида, аз байни деворҳои кура берун ҷаҳидааст. Моеъ ҳаҷмро нигоҳ дошта, вале ба осонй шаклашро тагйир медиҳад. Бисёре аз газҳо шаффоф ва беранг мешаванд. Аз ин рӯ, мо наметавонем онҳоро буби- нем. Вале ҳангоми ҳаракати тез, масалан, ҳангоми савор будан дар автомобил ва ё қатора, вақте шамол ба вазидан шуруъ мекунад, мо ҳис мекунем, ки дар гирди мо ҳаво мавҷуд аст. Истакони сарчаппаро бо ҳавояш ба об cap медиҳем. Об ба истакон дохил мешавад. Аммо ҳавои дар даруни истакон буда, куҷо меравад? Ҳаво аз расидани он фишурда шуд. Газ ба осонй фишурда мешавад. Ҳангоми фишурдашавии ҳаво дар тӯб, ҳамон лаҳза тағйирёбии ҳаҷми тӯб ба назар мерасад.

Газ нисбат ба моеъ хусусияти ҳазорҳо маротиба бештар фишурда шуданро до­рад. Газҳо дорой он хусусиятҳое мебошанд, ки моеъҳо ва моддаҳои сахт надоранд: газҳо тамоми ҳаҷми зарферо, ки дар он қарор доранд, фаро мегиранд.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ

Ҳолати чаҳорумини моддаҳоро плазма меноманд. Газе, ки ҳама ва ё қисми бешта- ри молекулаҳо ионшуда мебошанд, плазма номида мешавад. Ионҳо – ин ҳиссачаҳое мебошанд, ки шумораи электронҳои манфии хешро ё зиёд ё кам кардаанд. Плазма дар табиат бисёр вақт ҳамчун навъи чаҳоруми моддаҳо ба назар мерасад. Офтоб ва дигар ситораҳо таҷаммуъи плазмаҳои андозаашон аз ҳама калон шуморида меша- ванд. Қабати олии атмосфераи Замин дар натиҷаи таъсироти гуногуни беруна плаз- маи сует ионшуда шуморида мешавад. Аз ин рӯ, ин қабатро ионосфера меноманд. Қувваҳои беруна, ки ба қабати берунаи атмосфера таъсир мерасонанд, таъсири рӯшноии Офтоб ва шуъои кайҳонӣ ба шумор меравад.

Пурсишҳо

1 Материя чист?

  1. Модда чист?
  2. Моддаҳо дорой кадом ҳолатҳо мебошанд?
  3. Модцаҳои сахт дорой кадом хосиятҳо мебошанд?
  4. Моеъ дорой кадом хосият мебошад?
  5. Газ дорой кадом хосият мебошад?
  6. Шумо дар бораи плазма чй медонед?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …