Главная / Илм / МАСТОПАТИЯ

МАСТОПАТИЯ

mastopatiyaМАСТОПАТИЯ (Mastopathia; mastos – сина ва pathos – беморӣ), иллати дарднокест, ки ҳангоми он дар қисми болои ғадудҳои ҳар ду сина (аз берун) омосҳои андозаю зичиашон гуногун пайдо мешаванд. Ҳангоми бо даст палмосидан омосҳо мисли рег ё уқдаҳои ҷудогона менамоянд. Дар баъзе мавридҳо дард бевосита пеш ё дар давраи ҳайз ба вуҷуд омада, аз пистон моеъи шилмак ихроҷ мегардад. Гарчанде ки худи М. хатарнок нест, бо вуҷуди он ба омос табдил ёфтани маризиро пешгирӣ бояд кард. Аз ин сабаб дар сурати рӯй додани ягон тағйирот дар ғадуди сина, хусусан сахт шудани он, ба маркази мушовараи тиббии занон ё диспансери онкологӣ муроҷиат намудан зарур аст. М. асосан дар ҷавонӣ (то 30-солагӣ) дар натиҷаи ихтилоли кори ғадудҳои усораи дохилӣ ба вуҷуд меояд. Ин ихтилол асосан бо илтиҳоби гуногуни узвҳои ҷинсӣ ва исқот (аборт) алоқаманд аст. Бинобар ин саривақт табобат кардани амрози узвҳои ҷинсӣ ва роҳ надодан ба исқот дар пешгирии М. аҳамияти калон дорад. Ба инкишофи мастит набояд роҳ дод. Дуруст макондани кӯдак барои пешгирии бемориҳои омосии ғадуди сина муҳим аст. Кӯдакро тадриҷан ва фақат бо маслиҳати духтур аз сина мебароранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …